logo

иқтисод

РӮ БА ТАМАДДУНИ ИНДУСТРИАЛӢ

Аз нигоҳи иқтисодӣ муҳимтарин дастоварди соли 2019, ба назари мо, гузоштани қадамҳои аввалин дар шоҳроҳи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат мебошад, ки ба тарҳи устувори рушди саноати кишвар замина гузошт. Дар  Паёми навини Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр гардид: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард ба 27, 5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5, 1 банди фоизӣ (аз 12, 6 ба 17, 7 дарсад) зиёд гардидааст». Ҳамин тариқ, қадамҳои аввали саноатикунонии босуръат, аллакай, самараҳои  хеле назарас додааст.
Воқеан, тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дигаргуниҳои сохторӣ, таъмини рушди босуръати саноати баландтехнологӣ, ки ба мустаҳкам шудани рақобатпазирӣ ва устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд, дар марҳалаи нави рушди мамлакат самти афзалиятноки на танҳо сиёсати саноатӣ, балки сиёсати доманадори иқтисодиву иҷтимоии давлатро ташкил додаанд.
Саноатикунонӣ на танҳо омили муҳими рушди иқтисодии мамлакат мебошад, балки дар ин раванд тамаддуни саноатии кишварро ба вуҷуд меорад, ки он ба рушди тамаддуни инсдустриалии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ин ҷо ба маврид аст, ки ақидаҳои олими иқтисод Макс Веберро ба ёд орем. Ӯ исбот мекунад, ки табиати ҷомеаи сармоядорӣ ва тамаддуни индустриалии кишварҳои ғарб на дар асоси маҷрои воридгардии маблағҳои нав, балки дар натиҷаи «воридшавӣ» - и рӯҳияи нав, яъне тафаккуру омодагардии равонии одамон ва меъёрҳову арзишҳои махсус, ки ҷомеаи суннатиро шикастааст, ба вуҷуд омад. 
Рушди тамаддуни индустриалӣ таърихан якҷо бо рушди муносибатҳои бозорӣ ва шаклгирии давлати ҳуқуқбунёд оғоз ёфта, густариши  ҳуқуқҳои бунёдии  инсон, сифатҳои таҳаммулпазирӣ ва  дигар арзишҳои умумибашарии онро таъмин намудааст. Рушди ҷамоаи меҳнатӣ дар корхонаҳои  сершумори саноатӣ, ки дар пояи касбу ҳунари сифати индустриалидошта ва  ҳамин тариқ,  дар пояи  иттиҳоди зеҳнӣ сурат мегирад, дар ниҳояти кор ба шаклгирии оилаҳои индустриалӣ ва қишри зеҳнии ҷомеа  боис мегардад.  Дар насли наврас ва ҷавон бошад, назари таҳлилӣ рӯи кор меояд, ки омили муҳимест дар роҳи шикастани ҷанбаҳои манфии ҷомеаи суннатӣ  ва омезиш додани ҷанбаҳои мусбат он бо тамоюлҳои инноватсионии ҷаҳони муосир.
Равандҳои демографӣ ва таҷдиди омилҳои демографӣ ҷомеаи суннатиро куллан тағйир медиҳанд. Агар ба таърихи рушди тамаддуни индустриалӣ назар намоем, дар ибтидо дар ҳама ҷо афзоиши аҳолӣ мушоҳида мешуд, аммо на ҳама сол соҳаи кишоварзӣ талаботи мардумро бо маҳсулоти озуқа таъмин карда метавонист ва ҳаёти ҷомеаи инсонӣ аз “ноз” - и табиат вобастагии зиёд дошт.  Ин маҳдудият ва шароит сабаби тавлиди тамаддуни индустриалӣ гардид. Бо сайқал ёфтани неруи зеҳнӣ ба инсон муаяссар шуд, ки аз вобастагии табиат ва силсилаҳои табиии кишоварзӣ берун ояд. Тарзу услуби нави истеҳсолот, зиндагӣ кардан дар заминаи омӯзишу истифодаи фарҳанги халқҳои пешрафта, фаъолии инсон ва тамоюл ба васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот рӯи кор омаданд. Маҳз мавҷудияти чунин омилҳо ва рушди бефосилаи онҳо тамаддуни индустриалиро пойдор намуд ва он зинаҳои нав ба навро касб кард. Дар раванди ташаккули тамаддуни индустриалӣ дар муносибатҳои инсон ва табиат (аз ҷумла кайҳон) муқовимат ва тазод ба миён омада, ҳавасмандии бузургро дар рушди илм ва кашфу ихтироъкорӣ пайдо намуд. Дар натиҷа, ҳаёти ҷомеаи инсонӣ сифатан тағйир ёфт.
Равандҳои демографии афзоиши аҳолӣ омилҳо асосии рушди тамаддуни индустриалӣ мебошанд. Дар давраи соҳибстиқлолӣ аҳолии Тоҷикистон аз панҷним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расид. Беш аз 60 фоизи захираҳои меҳнатии самтҳои иқтисодиёт  дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд. Соли 2018 музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи номиналии пардохтшудаи кормандони  ин соҳа ҳамагӣ 492,13 сомонӣ буд, ки 39,8 дарсади музди меҳнати миёнаи тамоми кормандони иқтисодиёти мамлакатро ташкил додааст. Одатан, яке аз меъёрҳое, ки шакли (типи) иқтисодиёти мамлакатро муаяйн менамояд, ин   ҳиссаи кормандони соҳаҳо  дар тамоми иқтисодиёт аст. Модоме ки беш аз 60 дарсад захираҳои меҳнатӣ бо музди меҳнати нисбатан паст дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, пас, сифати иқтисодиёти мо ҳоло аграрӣ аст. Аз ин ҷост, ки саноаткунонии босуръати мамлакат ва гузариш ба зинаи индустриаливу аграрӣ, бо ҳамин васила таъмин намудани шуғли пурмаҳсул, ки ба даромади  кифояи коргарон барои зиндагии шоиста мусоидат менамояд, талаботи объективӣ ва зарурии гузариш ба тамаддуни индустиалиро тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, дар минтақаҳои мамлакат бунёди силсилакорхонаҳои саноатӣ ва шаҳракҳои саноатӣ дар меҳвари ҳадафҳои стратегии давлат қарор гирифтааст. Барои маълумот: дар асри 18 дар Англия  ҳангоми суръатгирии инқилоби саноатии якум шумораи аҳолии шаҳру деҳот баробар буд ва маҳз урбанизатсия (шаҳрнишинӣ) омили рушди саноат гардид. Аз ин ҷост, ки такмили механизмҳои идораи равандҳои демографӣ, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҳамаи манотиқи мамлакат ва  таъмини институтсионалии рушди индустриалии онҳо масъалаи мубрам мебошад.
Рушди нокифояи соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус зернизоми озуқавории он, гузариши ногузирро ба тамаддуни индустриалӣ талаб менамояд. Дар мамлакат солҳои охир рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар сатҳи қариб 7 фоиз боқӣ мондааст. Бинобар ин, дар бозори дохилии неъматҳои озуқаворӣ молҳои хориҷӣ бештар ҷойгоҳи устувор касб кардаанд. Дар ин маврид, индустриаликунонӣ танҳо бо бунёди корхонаҳои саноатӣ маҳдуд намешавад, балки фаъолияти зеҳниву эҷодкорӣ, рӯ овардан ба фаъолияти илмии ғунҷоишаш баланд, умуман, фаъолияти инноватсиониро низ дар бар мегирад. Тибқи назарияи муосири индустриаликунонӣ, имрӯз ҳар як қитъаи замине, ки дар дасти деҳқон аст, бояд пояи фаъолияти индустриалӣ дошта бошад. Дар он фаъолияти меҳнатӣ чун раванди технологии заводиву фабрикавӣ сурат гирад. Ақидаҳое, ки соҳаи кишоварзиро фаъолияти мавсимӣ арзёбӣ менамоянд, ноустуворанд. Фаъолияти меҳнатӣ (масалан, дар рустанипарварӣ) тақозо менамояд, ки ҳар як ниҳол ва масоҳати замине, ки барои он ҷудо шудааст, раванди меҳнатӣ ва объекти  ғамхорӣ бошад. Равандҳои таъмини агротехнологияи муосир хеле сатҳи илмии ғунҷоишаш баландро дороанд ва омӯзишу татбиқи он бефосилаанд, на мавсимӣ.    Аз ин ҷост, ки кишварҳои индустриалӣ бо ташкили индустрияи соҳаҳои кишоварзӣ ҳосилнокии заминро нисбат ба ҳосилнокии заминҳои кишоварзии мамлакати мо  беш аз 2 - 3 маротиба таъмин намудаанд. Ин кишварҳо пайваста бо такя ба омӯзиши тағйирёбии табиат, биотехнологияи навин ва муҳандисии генӣ  навъҳои мувофиқро дарёфта, ҳамин тариқ, сатҳи вобастагии соҳаҳои кишоварзиро аз раванди тағйирёбии табиат коҳиш додаанд.
Татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръат ва касби зинаҳои индустриалӣ - аграрӣ дар мамлакат чунин сифатҳои тамаддуни индустриалиро рӯи кор меорад: бо алоқамандии пайвастаи қавӣ пайдо кардани илм бо истеҳсолот талаф ёфтани вобастагии инсон аз муҳити табиӣ; боло рафтани дарки ҷомеа оид ба табиат чун устохона ва фаъолияти инсон дар он чун коргари зеҳнӣ; зиёд шудани аҳолии шаҳр ва афзалияти он нисбат ба деҳот; афзудани ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ ва хизматрасониҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти мамлакат; такмил ёфтани низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳуқуқи шахсият ва моликияти онҳо, густариши тамоюли рушди шарикии иҷтимоӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорӣ; озодшавии вобастагии шахсият аз муҳити иҷтимоиву ҷуғрофии  худ, болоравии  ҳамбастагии шахсиятҳо аз рӯи меъёри зеҳнӣ ва нафъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ;  фаъолшавии аҳолӣ,  инкишофи назари таҳлилӣ ва рафтори ратсионалӣ дар ҷомеа.

Аброр МИРСАИДОВ,
муовини директори Институти иқтисодиёт
ва демографияи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед