logo

маориф

ПАЁМ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Паёми Пешвои муаззами миллат ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамову мушкилкушост дар масири ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди фарҳанг, ҳамчунин, дар робита ба мавзӯи фазилати донишандӯзиву касбу ҳунаромӯзӣ  дастуру маслиҳатҳои ҳикматбор доданд.
Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар, зимни суҳбат бо қаноатмандӣ тавсияҳои хирадмандонаи дар Паём зикргардидаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, эҳсоси фараҳмандӣ намуданд, ки дар баробари баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳим, чун ҳамеша ба мавзӯи тарбияи фарзандон ва омӯхтани илму ҳунар низ диққати ҷиддӣ зоҳир намудаанд.
- Бо назардошти эътимоди Сарвари давлат моро лозим аст бо дилгармиву самимияти хос ҷиҳати бунёди кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ дар амал чораҳои зарурӣ андешем. Воқеан, дар вилояти Хатлон тамоми масҷидҳо хуштарҳ бо шакли меъмории хусусияти  миллидошта мувофиқ ба талаботи замон қомат афрохтаву дар фазои сулҳу ороми кишвар, мардум дар шароити мусоид ба тоату ибодат машғуланд, ки ин ҳама дастоварду бунёдкориҳо ва рушди дину мазҳабамон дар заминаи сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вуқӯъ пайвастааст. Дар партави матлаби Паёми Пешвои миллат бояд донист, ки танҳо фарзандони соҳибилму маърифатнок ва бархӯрдор аз касбу ҳунарҳои замони хеш  метавонанд Ватанро ободу муҳофизат намоянд, - гуфт Усмоналӣ Нурзода.
Илму дониш дар таълимоти шариат низ мақоми воло дошта, дар ин боб ҳадисҳои зиёд омадаанд, ки бозгӯи фазилату таъсир ва этибору мартабаи донишмандон, косибону ҳунармандон мебошанд: «Фазилати олим бар обид ҳамчун фазилати моҳ бар ситорагон аст». Бо ин мазмун Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш ёдовар шуда буданд: «Дар хотир бояд дошт, ки Худованди мутаол омӯхтани илмро ҳам ба марди мусулмон ва ҳам ба зани мусулмон фарз гардондааст». Аз ин рӯ, ашхоси дар зиндагӣ соҳибтаҷриба, хоса падару модаронро лозим аст қатъи назар аз ҷинсият ба тарбияи маънавию донишандӯзии фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Умед аст дар партави ин гуфтаҳо то истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи бунёди иншооти таъйиноташон гуногуни ниёзи мардум, муассисаҳои зиёди таълимӣ низ ба таври замонавӣ қомат афрохта, дар чунин боргоҳҳои маърифат фарзандон ба хотири имрӯзу ояндаи дурахшони Ватан боз ҳам  ба тадрису тарбияи маънавӣ  фарогир мешаванд, - афзуд Усмоналӣ Нурзода.
Дар вазъияти имрӯза бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, воқеан, тарбияи фарзанд бисёр муҳим ва масъулиятнок аст. Чунки дар зеҳну мафкураи фарзандони миллат таъсиррасонҳо аз ҷумлаи ашхоси ғаразноку кӯтоҳандеш ва, дар умум, ифротгаро  кам нест, ки инро таърихи миллат бозгӯ аст. Хушбахтона, моҳияти ватандориро фарзандон бо эҳсоси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ ва зиракии сиёсӣ дарк намудаанд. Пас, метавон интизор шуд, ки дар марҳилаи на чандон дури давлатдориамон, насли наврасу ҷавон бо аз худ кардани касбу ҳунарҳои интихобиашон ва бо маънавиёту маърифатнокии волои хеш дар рушди тамоми соҳаҳо ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ неруи бузургу тавонбахшашонро равона сохта, парчамбардору муаррифгари чунин як миллати соҳибтаъриху соҳибфарҳанг гардида, аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуби худ боз ҳам сарафрозӣ менамоянд.

Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 3212
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед