иқтисод
ИСТЕҲСОЛИ ДОРУ. СОҲА РУШД МЕЁБАД
Бо мақсади коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва рушди саноати дорусозӣ давоми соли сипаришуда дар кишвар ду корхонаи истеҳсоли дору ва коркарди гиёҳҳои шифобахш бунёд ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин корхона 8 дастгоҳу таҷҳизоти коркард ва истеҳсоли дору аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон насб гардида, 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш коркард ва баандубаст мешавад.
Инчунин, дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2019 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар шаҳри Душанбе сехи истеҳсоли дору ва коркарди гиёҳҳои шифобахши муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ» ифтитоҳ гардид. Дар корхонаи мазкур бори аввал дар кишвар маводи фаъоли биологӣ дар ғилофак (капсула) аз шираи камол «Ферулин» ва дар шиша «Шарбати ширинбия» истеҳсол мешавад.
Барои таъмир ва навсозии бино ва харидани таҷҳизоти зарурии истеҳсоли дору ва коркарду бандубасти гиёҳҳои шифобахш аз ҳисоби маблағҳои марказондашуда ва махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, 20 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд. Дар мавсими асосӣ бошад, то 100 нафар ба кор ҷалб мегардад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2020 №: 21-22 Мутолиа карданд: 810