иқтисод
ЯХОБМОНӢ. ОМИЛИ МУҲИМИ ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ
Аз қадим аҷдодони кишоварзи мо ба масъалаи яхобмонӣ (обёрии зимистона) аҳамияти зиёд медоданд, зеро яхобмонӣ фоидаҳои зиёд дорад.
Фасли зимистон барои дарахтон ва зироатҳои кишоварзӣ давраи хоб бошад ҳам, решаҳои дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ бедоранд. Ҳар қадар решаи дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ хуб нашъунамо ёбад, ҳосилнокӣ ҳамон қадар фаровон мешавад.
Обёрии зимистона, аввалан, озуқадиҳӣ ба дарахтон ва зироатҳо мебошад. Фоидаи дуюм ва асосии яхобмонӣ ба осонӣ нест кардани ҳашароти зараррасон аст.
Солҳои охир дар Тоҷикистон се намуди зараррасонҳо, хусусан кирми ғӯза, ки ба ҳосилнокии зироати асосӣ, яъне пахта, таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад, паҳн шудааст. Ин ҳашарот давраи зимистонро дар чуқурии аз 7 то 15 см мегузаронад. Ҳангоми обёрии зимистона, вақте замин шабҳо дар ин чуқурӣ ях мебандад, ҳашароти зараррасон нобуд ва миқдори онҳо дар тобистон хеле кам мешавад.
Ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ аз зичии хок вобастагии калон дорад. Замин мулоим ва зичии хок кам бошад, обро хуб ҷабида, ба нобудшавии ҳашароти зараррасон бештар мусоидат мекунад, ҳамчунин, реша оксигенро хуб истифода мебарад.
Деҳқонони пуртаҷриба ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки дар ҳамаи фаслҳои сол чашми замин кушода бошад, яъне дар замин доимо коркарди даркорӣ гузаронда шавад, мисли шудгори саривақтии тирамоҳӣ, коркарди байни қаторҳо, нест кардани алафҳои худрӯй… Дар зимистон ин тадбирҳои агротехникӣ самаранокии яхобмониро зиёдтар мекунанд.
Яхобмонӣ (обёрии зимистона) барои ноҳияҳое, ки дар фасли тобистон аз норасоии оби полизӣ танқисӣ мекашанд, аҳамияти дучанд дорад.
Ином ҚОБИЛБЕКОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2020 №: 21-22 Мутолиа карданд: 765