қарорҳои ҳукумат
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
Моддаи 1. Аз қисми якуми моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз 16 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 167; с. 2003, № 12, мод. 699; с. 2009, № 3, мод. 90; с. 2016, № 7, мод. 630; с. 2017, № 1 – 2, мод. 25) калимаҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 январи соли 2020, № 1686
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 январи соли 2020, № 1577
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 752
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2020 №: 23 Мутолиа карданд: 1184