фарҳанг
САДА. ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ ШОИСТАИ ТАҶЛИЛАНД
Сада ҷашни бостонии ниёгони тамаддунпарвари мо буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар идҳои миллӣ эҳё гардид. Ҳоло ин ҷашни миллиро сокинони ҳама гӯшаву канори мамлакатамон бо самимияти хосса таҷлил мекунанд. Аз ҷумла кормандони Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҳар сол ин идро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Ниёгони мо Садаро дар фасли зимистон, ҳангоми оғоз ёфтани чилаи хурд (10 – уми моҳи Баҳман, мутобиқ ба 30 – юми январи солшумории мелодӣ) ҷашн мегирифтанд. Пайдоиши Ҷашни Сада ба офтоб пайвастагӣ дошта, тимсоли он оташ аст. Зеро бо кашфи оташ ва муқаддас шумурдани он Ҷашни Сада пайдо шуда, тавассути он одамон ба хуршед ва оташ эҳтиром гузоштанд. Хуршеду оташ бошанд, рамзи рӯшноӣ ва гармӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, Садаро ҷашни кишоварзон низ медонанд. Дар ҳақиқат ҳам, Сада марҳилаи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврӯз давраи киштукори баҳорӣ, парвариши зироат ва Меҳргон ҳангоми ғунучини ҳосилро ифода мекунанд.
Бояд гуфт, ки Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат ба расондани кумаки амалию машваратӣ ба хоҷагиҳои чорводорию парандапарварии ҷумҳурӣ, тарбия ва тайёр намудани мутахассисони илмӣ, ҳамчунин, истеҳсоли ваксина ва маводи табобатӣ машғул мебошад. Барои татбиқи ин мақсадҳо институт соҳиби неруи қавии зеҳнӣ буда, дар он 5 доктор, 10 номзади илм ва зиёда аз 40 нафар ходимони илмӣ самаранок фаъолият доранд. Соли сипаригардида олимони институт ба хоҷагиҳои чорводории шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Норак, Турсунзода, ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Рашт, Ашт, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ёвон, Данғара, Темурмалик, Айнӣ, Файзобод ва Шамсиддини Шоҳин ба сафари хизматӣ баромада, дар 96 маврид кумаки амалию машваратии худро ба хоҷагидорон расонданд.
Дар ин давра барои пешгирии касалиҳои гуногуни сироятии чорвои кишоварзӣ зиёда аз 200 ҳазор воя ваксина истеҳсол шуда, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас гардид ва дар бархе аз ин хоҷагиҳо олимони институт дар воякӯбии ҳайвонот бевосита саҳм гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Институти масоили амнияти биологӣ макони тарбияи олимони ҷавон ба ҳисоб меравад. Айни замон дар шуъбаи аспирантураи пажӯҳишгоҳ 14 нафар аспиранту унвонҷӯён ба навиштани рисолаҳои номзадӣ машғуланд. Инчунин, кормандони институт дар 20 конференсия, семинар, машваратҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои илмӣ ва додани тавсияҳои амалӣ ба хоҷагидорон матлабҳои хешро тавассути воситаҳои ахбори омма пешниҳод намуданд. Ходимони соҳа соли 2019 аз натиҷаи корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва таҳияи технология, тарзу усулҳои ташхиси бемориҳои хусусан хавфноки сироятии чорвою паранда аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти ҷумҳурӣ соҳиби 3 нахустпатент гардиданд. Ҳамзамон, 2 китоб, 7 тавсиянома, 5 дастури методӣ ва 52 мақолаи кормандони институт ба нашр расид.
Ҳамин тариқ, кормандони институт аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки ҷашнҳои милливу бостониамонро ҳамеша бо дастовардҳои арзишманду рӯҳияи пурифтихор истиқбол намоянд.
К. МАҲМУДОВ, директори ИМАБ АИКТ,
Т. ИЗЗАТОВ, сармутахассиси ИМАБ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2020 №: 23 Мутолиа карданд: 705