logo

фарҳанг

ЛЮ БИН: "ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ МО АЗ ГУЗАШТАИ ДУР МАНШАЪ МЕГИРАД"

Ҳанӯз 2000 сол пеш «Роҳи бузурги абрешим» мамлакатҳои моро натанҳо муттаҳид месохт, балки нуқтаи ибтидоии равобити дӯстонаи халқҳоямонро ифтитоҳ намуд. Пас аз касби соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарду кишвар муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ ва ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, ки ба марҳалаи наву муҳими рушди худ ворид мешаванд, тавсеа бахшида истодаанд.
Ин нуктаро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин зимни вохӯрӣ бо доираи васеи хабарнигорон ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки Чин имрӯз яке аз сармоягузорони умда ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва шарикони боэътимоди тиҷоратии он ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи байни сарони давлатҳо - Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Чин нақши муҳими стратегӣ доранд. Маҳз ҳамин дӯстӣ ва эътимод ба якдигар аст, ки имрӯз беш аз 400 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми чашмрас гузошта истодаанд.
Бар пояи иттилои сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули молу маҳсулот байни ҳарду кишвар аз 2,75 миллион доллари соли 1992 то ба 660 миллион доллар дар соли 2019  расидааст. Танҳо дар соли сипаришуда  ҷониби Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи 210 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузории ин кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,398 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Лю Бин дар робита ба масъалаи  ҳамкориҳои гуманитарӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки «ҳоло дар Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 3500  донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад. Ҳамзамон, дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Чин, назири Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин, Донишгоҳи забонҳои Шанхай ва Донишгоҳи миллии Пекин донишҷӯён ба омӯзиши забони тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд». Ба гуфтаи сафир, дар ояндаи наздик ифтитоҳи Маркази фарҳангии Чин дар Душанбе ва Маркази фаҳангии Тоҷикистон дар Пекин дар назар аст. 
- Ҳамаи ин пешрафтҳои бесобиқа, бешак, боварию эътимоди халқҳои ҳарду кишварро таҳким бахшида, барои ба роҳ мондани шарикии стратегӣ дар бунёди минтақаи «Як камарбанд - як роҳ» шароити мусоид фароҳам меоранд. Бовар дорам, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарони давлатҳоямон - Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъи мусоиди иҷтимоӣ ва тараққиёти босуръати иқтисодиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтар сохтани шароити арзандаи зиндагии мардум ба комёбиҳои нав ноил мегарданд, - иброз дошт Лю Бин.

Додоҷон РӮЗИЕВ, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2020    №: 23    Мутолиа карданд: 735
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед