logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. РОҲБАРЕ ДАР ДИЛУ ДИДАИ МАРДУМ

Солҳои охир аз боби сифатҳои давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ, хислатҳои наҷиби инсонӣ, сулҳхоҳӣ, меҳнатдӯстиву мардумпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои дохилу хориҷ бисёр навиштаҳои илмию публитсистӣ дарҷ мегарданд, китобу рисолаҳо  интишор мешаванд. Ин комилан табиист. Зеро шахсияте, ки дар марҳалаҳои тақдирҷунбони таърихи  навини кишвари тоҷикон ба ҳайси Сарвари давлати тозабунёди мустақил баҳри истиқрор ва таҳкими сулҳу осоиш, аз вартаи маъюсиву ноумедӣ раҳо додани халқи азияткашида ва ниҳоят дар дилу шуури на фақат тоҷикистониён, балки сокинони кишварҳои берун аз марз устувор гардондани ҳисси бовар ба ояндаи мунири Меҳани мо то чӣ андоза кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, ба ҳамду сано ва иззату икроми умум сазовор аст.
Моҳи ноябри соли 1992 ба таърихи кишвар ҳамчун санаи оғози марҳалаи навини таърихи Тоҷикистон ворид гардид. Дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки мебоист тақдири ояндаи миллати тоҷик ва давлати ҷавони соҳибистиқлолро ҳал мекард.
Вакилони мардумӣ хатари бузурги ба кишвар таҳдидоварро амиқ дарк намуда, барои гирифтани пеши хунрезию харобкориҳо ва ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ заминаи устувор гузоштанду якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Раёсати нави Шӯрои Олӣ интихоб, ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шуд.
 Ба ҳамин тариқ, дар назди ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон вазифаи бағоят мураккаб – хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, таъмини сулҳу осоиш, ба макони зисташон  баргардондани фирориёни иҷборӣ, барқарор намудани ҳокимияти маҳаллӣ, ба маҷрои фаъолият ворид гардондани хоҷагии халқ ва ғайра меистод. Дар суханрониашон Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураккабии вазъи кишварро таъкид намуда, иброз доштанд, ки танҳо ваҳдату муттаҳидӣ мамлакатро аз вартаи буҳрони иқтисодиву сиёсӣ раҳо дода метавонад. Зимнан, аз ҳамон рӯз эътиборан ноил гардидан ба ҳамдигарфаҳмию созиш, ваҳдати самимӣ, таъмини сулҳи пойдору бардавом мақсаду мароми ҳаёт ва фаъолияти ин фарзанди содиқи халқ қарор гирифт.
Изҳори мақсаду мароми зиндагӣ ва орзую омоли Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муроҷиатномаи аввалинаш ба мардуми шарифи Тоҷикистон зикр гардиданд, дар лавҳи хотири халқ мустаҳкам нақш бастанд:
"Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар ноҳия ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам".
Вақт ҳаками бузургу беназир аст. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  Сардори давлат далолат менамояд, ки қавлу амалаш бо ҳам зич пайваст гардидаанд. Ба усули роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипнокию хайрхоҳӣ, серталабию дурандешӣ, бо камоли кордонӣ ҳаллу фасл намудани масъалаҳои душвортарини ҳаёти мамлакат хосанд.
Шукри беҳад, ки имрӯз Хуршеди сулҳу якдигарфаҳмӣ ба рӯи тоҷикистониён нур мепошаду мардум бо хотири ҷамъ ба ободонию бунёдкориҳо камари ҳиммат бастаанд.
Яке аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ он аст, ки 75 ҳазор гектар заминро ба деҳқонон тақсим намуданд.
Тибқи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодии мамлакат сохтмони неругоҳҳои  барқи обии «Сангтӯда - 1» ва «Сангтӯда - 2», роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб, роҳи  автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб – Хоруғ – Кулма, нақби Анзоб вусъат дода шуда, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба шарофати ин иншоот вазъи иқтисодии мамлакат ва  некуаҳволии моддии аҳолӣ, пеш аз ҳама, нафақахӯрону маъюбон, оилаҳои камбизоат беҳтар шуданд.
Ҳисси баланди ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки суннатҳои волои миллӣ, аз қабили Наврӯзи байналмилалӣ, Меҳргон, Сада эҳё гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Бо пешниҳоди Сарвари давлат соли ҷорӣ 5500 – солагии яке аз ёдгориҳои бостонии мамлакат - шаҳри қадимаи Саразмро бо шукӯҳу манзалати хосса ҷашн мегирем.
Осори илмиву таҳқиқотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ дорои нақши пурарзиши илмӣ мебошанд. Асарҳои гаронбаҳои Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг - ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён  равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати  соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёиҳо», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва ғайра ба забонҳои  хориҷӣ тарҷума гардида, Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хайрандеш ва роҳбари накукор ҳанӯз аз замоне, ки дар вазифаҳои гуногуни ташкилоту идораҳои давлатӣ кор мекарданд, ба масъалаҳои таъмини иҷтимоии кормандон ва аҳолии камбизоат аҳамияти хосса зоҳир намуда, ҳоҷатбарори эҳтиёҷмандон буданд.
Мушоҳидон мегӯянд, ки ин гуна саховатмандию адолатпарварӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар ӯ аз овони ҷавонӣ дида мешаванд.
Комилан рамзист, ки фармони №1 ба симати Президенти нав интихобгардида ба тасвиб расондаи ӯ ба беҳтар кардани некуаҳволии моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда хеле мусоидат намуд. Тибқи ин фармон дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барномаҳои мақсадноки дастгирии моддиву маънавии ин табақаи аҳолӣ амалӣ гардонда мешаванд, ки шаклу моҳияти нав ба нав касб менамоянд. Ҳамчунин, як силсила фармонҳои минбаъдаи Сарвари давлат оид ба зиёд кардани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулиҳо шоҳиди он ҳастанд, ки вай баробари ҳаллу фасли масъалаҳои таҳкими сулҳу осоиш ва ваҳдат, дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯву мақоми Тоҷикистон ва тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ  ғамхории доимиро дар ҳаққи нафақахӯрону  маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва камбизоат - хуллас табақаҳои камбизоати ҷомеа самти муҳимтарини фаъолият қарор додааст.
Чунончи, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998, № 365 "Оид ба омодасозӣ ва таҷлили Соли байналхалқии одамони куҳансол дар соли 1999" ва Фармони навбатии Президенти ҷумҳурӣ аз 28 майи соли 1999, № 1217 "Дар бораи тадбирҳои беҳбуди ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии шаҳрвандони куҳансоли Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз адолатгустарию раиятпарварии Сарвари мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки истеъдоди роҳбарию ташкилотчигӣ ва корбарии Президенти мамлакат сол ба сол такмил ёфта, ғанитар мегардад. Ва ҳар сокини кишвар то рафт яқинтар эҳсос месозад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни авҷи камолот буда, ба ҳайси Сарвари давлат ҷиҳати рушди Тоҷикистон дар оянда барои ба сомон расондани корҳои боз ҳам азимтар талош менамоянд.

Абдусаттор ҶАББОРОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
Баҳодур ДӮСТМАТОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон,
Парниён НАБОТОВА,
устоди калони кафедраи молия ва
қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2020    №: 24    Мутолиа карданд: 1200
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед