иқтисод
ҲАЛЛИ МУШКИЛ. РОҲҶӮИҲО ВА ТАЛОШҲО ИДОМА ДОРАНД
Посух ба матлаби “Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад...” , ки 17 январи соли 2020 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”, №14 (23 869) нашр шудааст. Матлаби “Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад...” дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Андешаҳои муаллиф дурустанд. Дар ҳақиқат, ин мушкил чанд сол боз монеаи рушди кишоварзии ноҳия, хусусан, хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Урметан ва Дар – Дар, шудааст.
Дар матлаб оид ба нарасидани оби полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии “Урметан” ва “Лангар” ва танқисӣ кашидани сокинони деҳоти Урметан, Кум ва Хайробод аз паст шудани шиддати қувваи барқ, ҳамзамон, кашол ёфтани сохтмони зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Урметан сухан меравад.
Бояд зикр намуд, ки пойгоҳи обкашии “Устообид - 1” аз се силсила иборат буда, бо технологияи серхароҷоти даврони шӯравӣ бунёд шудааст. Аз ин рӯ, хароҷоти барқ зиёд мебошад ва боиси афзоиши арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.
Аҳолии деҳоти Урметан ва Дар-Дар аз зеристгоҳи Зарафшони шаҳри Панҷакент бо барқ таъмин карда мешаванд. Бинобар сабаби дароз будани масофаи хати интиқоли барқ зуд-зуд садамаҳои барқӣ ба вуҷуд омада, боиси аз кор баромадани муҳаррикҳои пойгоҳ мегарданд. Мутахассисони соҳа зимни баррасии ин мушкил кашидани хати озоди барқ аз зеристгоҳи Зарафшон то пойгоҳи обкашии “Устообид-1” - ро зарур мешуморанд.
Барои беҳтар намудани вазъи таъминот бо қувваи барқ дар Ҷамоати деҳоти Урметан шурӯъ аз соли 2013 ҷиҳати бунёди зеристгоҳ бо тавоноии 10 кВт роҳандозии тадбирҳо идома дорад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди зеристгоҳи мазкур қитъаи замин ҷудо карда, 142 ҳазор сомонӣ маблағ гирдбаст карда шудааст.
Мутаассифона, бо сабаби аз тарафи ШСХК “Барқи тоҷик” ҷудо нагардидани маблағ барои сохтмони зерпоя ва таҷҳизоти барқии зеристгоҳ мушкилӣ пеш омадааст. Дар сурати пайдо шудани маблағ барои сохтмон ва насби таҷҳизоти барқӣ ин мушкилӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, масъулони соҳа бо мақсади бо оби полизӣ таъмин намудани мавзеъҳои (даштҳои) Амсо, Айн ва Устообид бо мутасаддиёни лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии онҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон”, ки ҳадафи асосии он зиёд намудани ҳосили зироатҳо тавассути беҳтар намудани низоми обёрӣ, барқарор кардани инфрасохтор ва таҳкими идоракунии иншооти соҳа мебошад, дар иртибот буда, ҷиҳати ҳалли муаммои ҷойдошта корбарӣ намуда истодаанд.
Мутасаддиён ба хулосае омаданд, ки аз сойи Мадм то мавзеъҳои болозикр овардани оби полизӣ тариқи лӯлаҳои қутрашон 500 мм масъалаи беобиро дар ин мавзеъҳо ҳал хоҳад намуд ва ҷиҳати амалисозии ин ҳадаф корбарӣ ва гуфтугузор бо сохторҳои дахлдори сатҳи ҷумҳуриявӣ идома дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки мушкилоти ҷойдошта ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо намояд.
С. РАҲМАТЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2020 №: 24 Мутолиа карданд: 820