туризм
ХУҶАНД. ТАШРИФИ БЕШ АЗ 6,5 ҲАЗОР САЙЁҲИ ХОРИҶӢ
Дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) дар шаҳри Хуҷанд корҳои мушаххаси амалӣ иҷро мешаванд.
- Ҳоло 62 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 14 меҳмонхона, 16 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангу металлҳои қимматбаҳо, туҳфа-ҳои хотиравӣ, наму-наҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон, инчунин, нуҳ муассисаи сайёҳӣ - «Спутник», «Саёҳати олӣ», «Олами саёҳат», «Ҷаҳонгард», «Алп Сомон - тур», филиали ҶДММ «Вояжпур», филиали ҶДММ «Шоҳинтур», Ассотсиатсияи тараққиёти туризми «Зарафшон» ва Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар хизмати сайёҳонанд, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда беш аз 6500 нафар сайёҳи хориҷӣ ба шаҳр ташриф оварда, аз мавзеъҳои табиии сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ боздид намуданд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар лавҳаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои сайёҳӣ насб шудаанд.
Тибқи иттилои М. Юсуфзода, танҳо соли гузашта баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр тарабхонаи «Темурмалик», роҳи танобӣ, шиногоҳи нав бо майдончаҳои бозии футболу волейболу теннис, пайроҳа, нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин, меҳмонхона барои 324 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ сохта ба истифода супурда шуданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2020 №: 24 Мутолиа карданд: 3345