logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

ЧАЙНВОРД «МАТЕМАТИКА»
1. Ҷумлаи ёрирасоне, ки барои исботи теорема истифода мешавад.
2. Модул калимаи лотинӣ буда, маънояш чӣ мебошад.
3. Аломати зарбро кадом олим кашф кардааст?
4. «Сумма» (⅀)-ро кӣ кашф кардааст?
5. Айният ихтирои кист?
6. Баробарии ду нисбатро чӣ мегӯянд?
7. Маънои калимаи «каср» чист?
8. Аз сад як ҳиссаи ададро чӣ меноманд?
9. Ҳарфи юнонӣ.
10. Дараҷа (ап) ихтирои кист?
Маъруф ИСЛОМОВ, хонандаи синфи 8, МТМУ № 1, шаҳри Кӯлоб

ҶАВОБ БА ЧАЙН – КРОССВОРДИ «РОҒУН», АЗ 24 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
Шаш тарафи чарха: 1. Кебан, 2. Маник, 3. Асуан, 4. Койна, 5. Роғун, 6. Агано.
Доираи калон: 1. Токантинс, 2. Саратов, 3. Вахш, 4. Шонла, 5. Ангара, 6. Амел.
Доираи майда: 1. Норак, 2. Карони, 3. Инга, 4. Арманистон, 5. Нил 

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ЭҲТИЁТ, ГУЗАРГОҲ!
Аксари ронандагони мо хатҳои рахрахи  пиёдаравҳоро нодида мегиранд. Маълум мешавад, ки ин мушкилот дар кишварҳои Аврупо низ ҷой доштааст.
Барои ҳалли ин мушкилот шаҳрдории Исафйордюри Исландия тасмим гирифт, ки  ба шакли он тағйирот ворид намояд. Дар натиҷа, рӯйи асфалт тасвирҳои ғайриодие пайдо шуданд, ки ҳар ронандаро «ба даҳшат» меоранд. Тасвири пешниҳодшуда аз нигоҳи аввал блокҳои бетониеро мемонад, ки ронанда онро ҳеҷ имкони убур карда гузаштан надорад. Бинобар ин, ронанда хоҳу нохоҳ дар назди он таваққуф хоҳад кард. 
Таҳияи Саҳобиддин СУЛТОНЗОДА


Фурӯғи субҳи доноӣ...
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Дар оташи ҳар Сада ғами пор бисӯз!
Дар оташаш афрӯхтани хеш омӯз!
То гарм шавӣ ҳазор соли дигар,
Оташкадаро ту дар ниҳодат афрӯз!
* * *
Аз ҳамон айём, тӯли чандин сол, онҳо ҳар шом вомехӯрданд. Мелкиадес ба писарак аз боби олам қиссаҳо мекард, мекӯшид, ки хирадномаи куҳнаашро ба ихтиёри ӯ гузорад, вале асрори манускриптҳоро тафсир додан нахост. «То рӯзи садсола шудани манускриптҳо ҳеҷ кас набояд донад, ки ин ҷо чӣ навишта шудааст», - фаҳмонд ба ӯ. Аурелианои Дуюм то ҷовидон сирри ин мулоқотҳоро ниҳон дошт.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…» АЗ 24 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
Абдулҳамид Самад
Ҳофизи Шерозӣ

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ЯК САР АНГУР - 910 $
Як сар ангурро дар Ҷопон бо арзиши 910 доллари амрикоӣ фурӯхтанд. Ин навъи ангурро «Лаъли римӣ» меноманд. Вижагии ангур он аст, ки ҳар донаи он мисли тӯби тенниси рӯи миз калон мебошад. Барои ба даст овардани ин навъи ангур селексионерони ҷопонӣ 14 сол пажӯҳиш бурданд.
Дар баробари калон будани донаҳо, ҳамчунин мазаи ангур низ бисёр болаззат аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ОДАМОНЕ, КИ БО ИНСОНДӮСТӢ МАШҲУРАНД
Том КРУЗ
Соли 1996, дар пеши чашмони ӯ мошин духтаракеро зада, аз он дур шуд. Актёр ёрии таъҷилиро даъват карду аз назди ҷабрдида ягон қадам дур нарафт. Ва дар беморхона, ҳангоми фаҳмидани он, ки духтар суғуртаи тиббӣ надорад, бидуни дудилагӣ барои табобат 7 ҳазор доллари ИМА пардохт кард.

Брэдли КУПЕР
Соли 2012, ҳангоми наворбардории яке аз филмҳояш, бо маблағи худ садҳо палтоҳои гарм харида, ба касони бехонаву дар тақсим кард.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Ференс Лист
Композитори машҳури олмонӣ Ференс Лист оҳангҳои офаридаи ҳамкасби ҷавонашро бодиққат гӯш карда, чунин гуфт:
- Дӯстам, дар асарҳои шумо, воқеан, тобишҳои хубу нав хеле зиёданд, вале, афсӯс, чизҳои хубатон нав нестанду чизҳои наватон хуб.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


РОҲҲОИ ГАРОНТАРИНИ ҶАҲОН
3. Санкт-Петербург
Дар ҷойи сеюм дар рӯйхати аз ҳама гароннархтарин роҳҳои Россия роҳи ҳалқавӣ ба самти Санкт-Петербург меистад. Чаро барои сохтани ҳар километри он аз 20 то 55 миллион доллари ИМА сарф гардид? Барои он ки таркиби замини зери роҳи навбунёд гуногун буд ва баҳри омодасозии он маблағи ҳангуфт сарф шуд.

4. Швейтсария
Ба шарофати муносибати хуби роҳсозон ва сокинон роҳҳои нақлиётии Швейтсария сифати баланд доранд. Маҳз дар ҳамин кишвар роҳи аз ҳама гароннархи Аврупо – нақби Готҳард (Gotthard Autotunnel) ҷойгир аст. Арзиши аслии сохтмони як километри ин нақб 54,2 миллион доллари ИМА аст. Нархи гарони он ба шароити душвори кӯҳистон ва таҷҳизоти гаронбаҳо вобаста мебошад, илова бар ин, иншоот яке аз нақбҳои дарозтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

5. Чин
Дар Чин суръати сохтмони роҳҳо аз суръати рушди иқтисод қафо намемонад ва маблағ барои сохтмони як километр роҳ ба ҳисоби миёна аз 1 то 12 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Роҳе, ки барои бунёди он маблағи аз ҳама зиёд сарф гаштааст, роҳест пайвандгари ду шаҳри калони тиҷоратии Чин бо номи Чанҷе – Ҷишоу. Дар сохтани як километри он 71 миллион доллар харҷ гаштааст. Ин шоҳроҳи беназир намунаи муҳандисии мураккаб аст: сутунҳое, ки дар нишебиҳо ҷойгир карда шудаанд, пули зеборо мустаҳкам нигоҳ медоранд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ДНК НАХУСТКАШШОФИ ОН КӢ БУД?
Аксари мо оид ба  ДНК  (коди рамзии ирсияти фардӣ) маълумот дорем. Аммо нахустин кашшофи  онро шояд надонем. Олими амрикоӣ Розалинд Франклин соли 1951 аз Фаронса барои идомаи кори илмӣ ба Лондон  омад.  Он замон унвони академикиро ба занон намедоданд, вале ӯ баъди 4 сол ва заҳматҳои зиёд ба ин мақом расид.
Франклин қаблан дар Ассотсиатсияи бритонӣ оид ба омӯзиши ангишт кор карда, рисолаи илмиашро низ ба ҳамин соҳа бахшид. Вале, дере нагузашта, рӯ ба биология овард ва ба тадқиқи  ДНК шавқ пайдо кард. Ӯ тавонист ба воситаи  рентген принсипи тадқиқоти илмии  ДНК - ро муайян созад.
 Дар озмоишгоҳе, ки корҳои  илмӣ мегузаронд, муносибаташ бо ҳамкасбон хуб набуд, зеро Франклин кӯшиш мекард асрори ДНК - ро  танҳо омӯзад. Дере нагузашта ду сохти молекулаҳои гурӯҳи А ва В - ро дар ДНК ба ҳамкасбон   муаррифӣ  намуд.  Баъдан, дар асоси комёбиҳои ӯ ҳамкоронаш гипотезаи сохтори дуспиралии ДНК- ро кашф намуданд. Вале ба олимон Крик ва Ватсон насиб гардид, ки барои тадқиқот дар омӯзиши ДНК сазовори Ҷоизаи Нобел гарданд. Франклин 4 сол қабл аз ин воқеа, дар синни 37 - солагӣ, аз бемории саратон фавтид. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЗАНИ ЁРӢ ХОСТА - ТӮТИИ 40 - СОЛА
Зане аз шаҳри амрикоии  Лейк Уорт дар Флорида аз хонаи ҳамсояаш садои аҷоибу ғароиберо шунид. Ба ӯ чунин вонамуд гардид, ки зани дучори фалокатгаштае садо, нолаву фиғон мекунад. Инро ҳодисаи фалокатбор пиндошта, зуд ба политсия занг мезанад.
Мутобиқи дархости телефонӣ чор корманди политсия ба маҳали воқеа ҳозир шуд ва дар саҳни ҳавлӣ мардеро диданд, ки оромона чархҳои мошинашро иваз мекард. Ба саволи роҷеъ ба садо мард бихандид ва тӯтиашро рӯи даст овард.
Парандаи чилсола бо лақаби Рэмбо метавонад чунин садо намояд: «Ёрӣ расонед, ёрӣ расонед, маро раҳо бикунед».
«Ман замони кӯдакиам баъзе чизҳоро ба Рэмбо, ки дар қафас мезист, ёд дода будам»,- нақл мекунад соҳиби тӯтӣ. Мард парандаашро ба кормандони политсия ва баъдан, ба ҳамсоязани дарташвишмонда нишон дод.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
12. Аппарати кайҳонии бепилот – Гелиос – 2 (252792 км/соат)
Гелиос – 2 зонди кайҳониест, ки барои омӯзиши ҷараёнҳои  офтобӣ 15 январи соли 1976 аз димоғаи Канаверали иёлати Флорида ба кайҳон фиристода шуд. Он бо суръати рекордии 252792 км/соат се миллион километр ҷониби Офтоб ҳаракат кард ва то масофаи  рекордии 43432000 километр ба он наздик шуд.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


АМАЛИ ХАЙРИ МЭТТЮ РАЙАН
Дарвозабони австралитабори дастаи «Брайтон» (Англия) Мэттю Райан ваъда дод, ки барои ҳар як сейви дарвозабонҳо дар даври 22-юми Премер-лигаи Англия ба фонди мубориза бар зидди сӯхтори бешазор дар Австралия 500 доллари австралӣ (345 доллари ИМА) мегузаронад.
Зимнан бояд гуфт, ки Райан яке аз футболбозони машҳури Австралия ба ҳисоб меравад ва нахост, ки аз кумак ба ҳамватанонаш дар канор монад.
Дар ин давр голкиперҳо ҳамагӣ 63 сейв анҷом доданд, ки баробар ба 21 735 доллари ИМА мебошад. Бино ба иттилои «Spotrac», ин маблағ зиёда аз 47 дарсади маоши якҳафтаинаи дарвозабони дастаи «Брайтон» - ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


МИКЕЛАНҶЕЛО
Вақте кардинал Сервини Микеланҷелоро таҳқир кард, рассом сурати ӯро миёни гунаҳгорони ашаддӣ дар дӯзах кашид ва портретро бо номи «Растохез» («Страшный суд») ба намоиш гузошт. Кардинал болои рассом барои ин кирдораш ба Папаи Рим Лев Х шикоят бурд.
- Рости гап, дар ин ҳолат аз дасти ман коре намеояд,- китф дарҳам кашида мегӯяд Папа. – Агар рассом шуморо, ақаллан, дар аъроф ҷой медод, як илоҷ карда мебаровардам, вале барои раҳо кардани шумо аз ҷаҳаннам агар зӯри Худо нарасад, яқинан зӯри мо намерасад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ҚАРЗДОРИ ОЛИМАНСАБ
Соҳибмулки қасри беруназшаҳрӣ дар Довилеи Франсия, новобаста аз ҳушдордиҳии пайваста ҳеҷ намехост маблағи истифодаи неруи барқро, ки ба 520 марка расида буд, пардозад. Нозирони ширкати барқ билохир диданд, ки ба хубӣ намешавад, барқро ба тамом хомӯш карданд. Вале баъди як рӯз нозирон филфавр ҷараёни барқро фаъол намуданд: маълум шуд, ки бинои муҳташам ба сарвазири Франсия мутааллиқ будааст. Яке аз ҳамсояҳои сарвазир ба хулосае омад, ки ин амал хилофи адолат аст, аз ин рӯ, ба суд барои хизматрасонии ғайриқонунӣ аризаи даъво навишт. Суд даъвои ӯро ҳақ баровард ва барқ аз нав хомӯш карда шуд. Ҳамчунин, ба резидентсияи сарвазир ба Париж иҷрочии судро фиристонданд. Баъди корбариҳои зиёд ва талошҳои хастанопазири иҷрочии суд сарвазир ҳаққи барқро пардохт, кӯшки Довиле аз нав чароғон гашт. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ПУШКИН ВА АСЛУ НАЖОДИ Ӯ
Хонуми баобрӯе аз Пушкин мепурсад:
- Дуруст аст, ки аслу нажоди шумо аз сиёҳпӯстон маншаъ мегирад?
- Шояд, - ҷавоб медиҳад шоир.
- Ин хел бошад, бобоятон зангӣ буд?
- Не, - мегӯяд шоир, - бобоям, аллакай, зангӣ набуд.
- Набошад, бобокалонатон зангӣ буд? - дили ҷавонзан таскин наёфта боз суол медиҳад.
- Бале.
- Хӯш. Ҳоло гӯед, ки бобокалонатон зангӣ…  Падари ӯ кӣ буд?
- Маймун, хонум! – кӯтоҳ ҷавоб медиҳад Пушкин.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
Генри Дэвид Торо
Нависандаи амрикоӣ, муаррих ва файласуфи барҷаста зарурати табиати зинда, пайванди инсоният бо табиат ва олами табииро ба таври аниқ  дар рисолаҳояш қайд намуда бошад ҳам, дар замони хеш он қадар маъруф нагардида буд. Ӯ тӯли ҳаёташ ҳамақидаи худро пайдо накард, зеро асарҳояш барои дигарон пӯшида ва нофаҳмо буданд. Аз ин рӯ то дар қайди ҳаёт буданаш ҳамагӣ 2 китобаш интишор ёфту халос. Дэвид Торо соли 1862 вафот карда, пас аз он шуҳрати ҷаҳониро гирифт. Эҷодиёташ илҳомбахши бисёре аз касон гардида, аз ҷумла Махатма Ганди ва Лев Толстойро, тасхир карда буд.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЗАРФҲОИ КАРТОШКАГӢ
Донишҷӯи Донишгоҳи Лундски Шведсия Понтус Тернквист аз крахмали картошка ба сохтани зарфҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи яккарата муваффақ шуд.
Кашфиёти ӯро «Potato Plastic» номиданд. Он ба муҳити атроф зарар намерасонад. Баъд аз истифода, давоми ду моҳ пош хӯрда нест мешавад, чунки таркибаш фақат аз об ва крахмал иборат аст.
Мутахассисон ҳисоб намудаанд, ки ба уқёнусҳо соле 8 миллион тонна пластика партофта мешавад. Қисмати зиёди онро ашёи пластикии як маротиба истифодашаванда ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, кашфиёти Понтус Тернквист дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ОДАТҲОИ АҶИБИ  ИНСОНҲОИ НАҶИБ
ИОҲАНН ҲЁТЕ ВА ШАМОЛХӮРӢ
Пажӯҳандагони зиндагинома ва осори Ҳёте навиштаанд, ки адиб доимо дар ҳуҷраи дару тирезаҳояш пӯшида эҷод мекард. Дар фасли тобистон ҳам, ҳавои тоза ба ҳуҷрааш намедаромад. 
Шоир аз шамолхӯрӣ метарсид ва чуноне  ки  баъдҳо равшан гардид, тарсаш беҳуда набудааст. Мо медонем, ки Ҳёте маҳз аз шамолхӯрии  шадиди шуш  вафот  кард.  Охирин сухани пешазмаргии вай «Илтимос, тирезаро пӯшед…» буд.
Дарвоқеъ, Ҳёте  аккоси саг ва бӯи  сирпиёзро низ хуш надошт.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


СЕРМУХЛИСТАРИН НАМУДИ ВАРЗИШ
Ҳама гумон мебаранд, ки тамоми мухлисони дунё аз маҳорати Овечкин ва Загитова ба ваҷд меоянд. Аммо дар асл ин хел нест, на хоккей ва на рақси болои ях ба 10 – гонаи сермухлистарин намуди варзиш дохил намешаванд. Вале дар даҳгонаи аввал крикет ҳаст.
1. Футбол – 4 млрд.,
2. Крикет – 2,5 млрд.,
3. Хоккеи рӯи алаф – 2 млрд.,
4. Теннис – 1 млрд.,
5. Волейбол – 900 млн.,
6. Тенниси рӯи миз – 875 млн.,
7. Баскетбол – 875 млн.,
8. Бейсбол – 500 млн.,
9. Регби – 475 млн.,
10. Голф – 450 млн.
Таҳияи Умар АЛӢ


СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАРҲО НАФАҚА НАМЕГИРАНД
ГАМБИЯ
Дар Гамбия нафақа аз синни 60 – солагӣ пардохт мегардад. Дар зимн, дастгирии хуби иҷтимоиро дар пиронсолӣ танҳо ду категорияи шаҳрвандон дарёфт менамоянд. Кормандони созмонҳои буҷетӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ бо мушорикати давлатӣ.
Ба дарёфти нафақа, инчунин, баъзе коргарони машғули истеҳсолот ва ё дар шаҳр зиндагӣ мекарда низ ҳақ доранд. Дар зимн, барои шаҳрвандоне, ки бо хоҷагии қишлоқ машғуланд ҳангоми пиронсолӣ аз гирифтани ёрдампулӣ маҳруманд. Ин проблема ба онҳое, ки ғайри расмӣ кор мекунанд низ, марбут мебошад. Дар натиҷа системаи нафақаи кишвар танҳо 2 фоизи шаҳрвандони Гамбияро фаро мегирад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2020    №: 24    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед