туризм
ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ – МИНТАҚАИ СОЛ БАРОИ САЁҲАТ
Дар натиҷаи назарсанҷии нашрияи амрикоӣ-австралиягии Lonely Planet, миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи бузурги Абрешими Осиёи Марказӣ мақоми аввалро гирифт ва, ба ҳамин хотир, он ба сифати минтақаи сол барои сайругашт эълом гардид.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо низоми содагардондаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё ва бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори нашрия қарор дорад. «…Қаторкӯҳҳои Фон, Помир, Олой ва Тиёншонро убур карда, ба кӯлҳое, ки дар баландкӯҳҳои дастнорас ҷойгиранд, мерасед, аз меҳмоннавозиву саховатмандии мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ болидарӯҳ мегардед ва аз манзараҳои дилфиреби кӯҳҳо ба ваҷд меоед»,- нигоштааст нашрия.
Барҳақ, тайи солҳои ахир кишвари биҳиштосои тоҷикон дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018) ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019) ба равнақу ривоҷи соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Бартар аз ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки феълан, ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ таҳия шуда истодаанд. Ин имкон медиҳад, ки ҷаҳонгардон зимни саёҳат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз се кишвари дорои пайроҳаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.
Бешак, сафар тариқи шоҳроҳи Помир ба сайёҳон имкон хоҳад дод, ки бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва зебоиҳои табиати афсонавии тоҷикон шинос шаванд. Дар баробари ин, аз тамошои кӯҳҳои Ҳиндукуш (тавассути убури долони Вахон) ва қалъаи Ямчун, ки замоне қароргоҳи муҳим дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим буд, ҷаҳонгардон таассуроти фаромӯшношуданӣ хоҳанд бардошт.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2020 №: 25 Мутолиа карданд: 2950