logo

фарҳанг

ҶАШНИ САДА - ТАРАННУМГАРИ ДӮСТИЮ ҲАМБАСТАГӢ

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва суннатҳои он» бо шукӯҳу шаҳомаи хос таҷлил гардид. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги кишвар, ҳозиринро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуда, аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Ӯ пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла рушду нумӯи фарҳанги миллиро, самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард: «Воқеан, иди Садаро аҷдодонамон чун рамзи омодагӣ ба Наврӯз ҷашн гирифта, унсурҳои онро пайки сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, некиву хайрхоҳӣ, ободкориву сабзгардонӣ медонистанд. Фарорасии он ба кишоварзону деҳқонон муждарасони омодагӣ  ба кишту кор буд, ки ин падида имрӯз ҳам рисолати худро нигоҳ медорад». Мавсуф аз ҳаёти мардуми ҷангзадаи кишварҳои ҳамсоя мисол оварда, ба аҳли толор муроҷиат намуд, ки сулҳу суботи саросарии кишварро гиромӣ доранд ва дар ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош варзанд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филология Муҳриддин Низомӣ иштирокдорони ҷашнвораро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуда, зимнан  таъриху суннатҳои Ҷашни Садаро бо такя ба маълумоти асарҳои тадқиқотӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, зикр намуд, ки:  «Сада аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёист ва оғози  он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Ин ҷашн аз рӯи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёдгузори он Ҳушанг - дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он ҳеҷ гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст. Дар ҳоле ки оин ниҳодани Наврӯз ба номи Ҷамшед - чаҳорумин шоҳи Пешдодиён ва Меҳргон ба номи Фаридун, ки беш аз ҳазор сол баъд аз Ҷамшед ба шоҳӣ расид, вобаста мебошад».
Омӯзгори калони кафедраи филологияи донишкада Нозим Нуров мавзӯи  «Ҷашни Сада - таҷрибаи ҳамбастагию ҳамзистӣ» - ро ба риштаи таҳлил кашида, рамзу суннатҳои хоси Ҷашни Садаро дар асоси сарчашмаҳо баррасӣ намуд. Мавсуф иброз дошт: «Нуктаи меҳварӣ дар ҷашну оинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ - замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ - ба аносири заминӣ ва моддӣ - материалӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Зимнан, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд».
Сипас, дар театри таълимии донишкада бахшида ба Ҷашни Сада аз ҷониби устодону донишҷӯён барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид. Ҳунарпешагони шинохтаи кишвар Ҷамшед Исмоилов, Лола Азизова, Раҳматулло Ҳошимов, Моҳрухсор Сафиева, Парвин Юсуфӣ ва дигарон бо суруду оҳангҳои марғуб хотири иштирокдорони ҷашнвораро шод гардонданд. Магистрони шуъбаи режиссураи кино ва телевизион прологи «Зуҳури Сада» - ро иҷро намуданд, ки ифодагари мазмун ва муҳтавои ҷашни мазкур ба шумор меравад. Дар интиҳои барнома дар саҳни донишкада ҳамчун рамзи асосии Ҷашни Сада оташ афрӯхта шуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
Муллоаҳмад ҶУРҒОСИЕВ,
устодони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 746
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед