фарҳанг
ПАЁМ - МАҶМӮИ АНДЕШАҲОИ ОЯНДАСОЗ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон дар назди омӯзгорону устодон ва ҷавонону бонувон вазифаҳои нав гузошт. Мо, устодону донишҷӯён ва олимон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар фаъолияти минбаъдаамон ҳамчун чароғи раҳнамо истиқбол намудем.
Дар Паём зикр шуд, ки яке аз шартҳои дар қатори давлатҳои мутамаддин қарор ёфтани Тоҷикистони азиз босавод ва соҳиби касбу ихтисос, забондон будани ҳар фард аст. Саводнокии миллат аз саводнокии ҳар фарди ҷомеа сарчашма гирифта, ин раванд тавассути муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тарбияи хонаводагӣ сурат мегирад. Аз ин хотир, нашри муҷаддади “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров давоми мантиқии бедору зирак кардани миллат аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо мактабу кӯдакистонҳои зиёд сохта шуда, пояи моддӣ - техникии ҳамаи зинаҳои таҳсилот нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст.
Дар баробари ин, воқеан, нарасидани омӯзгорони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи мушкилоте ба шумор мераванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паём ҳушдор доданд: “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”. Оре, ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, омӯзгори имрӯза бояд дорои тафаккури баланд ва фазилати педагогӣ бошад, аз технологияҳои муосири иртиботӣ истифода бурда тавонад ва дар ҷараёни дарс аз методҳои фаъоли таълим кор гирад.
Саводнок ва соҳиби касб шудани ҷавонон кафили саодати худи онҳо ва татбиқи ормонҳои олии инсонӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ё ба таъбири Сарвари давлат: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”. Ба як анъана табдил додани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ...” низ барои равшан шудани фардои ҷомеа сахт муассир аст. Дар ин робита, нақши омӯзгор бузург аст, зеро меҳри китобу китохонаро дар сиришти хонанда маҳз муаллим ташаккул медиҳад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорону устодон, волидон ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки дар партави Паём ва татбиқи нишондодҳои судманди Пешвои муаззами миллат самимонаву содиқона ранҷ барем ва ояндаро бо дастони худ созем.
Имомалӣ ТАБАРӢ, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.02.2020 №: 26 Мутолиа карданд: 790