маориф
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОҲАИ МАОРИФ РУШД МЕНАМОЯД
Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб рафта, дар саргаҳи сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъамро дар сиёсати давлатӣ мунтазам таъкид намудаанд. Ин нукта бори дигар зимни ироаи Паёми навбатӣ зикр гашт: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.
Маорифчиёни шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда истодаанд. Тавре мудири шуъбаи маорифи шаҳр Лайло Раҷабова иттилоъ дод, алҳол дар шаҳр 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 литсей, 2 гимназия, 33 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва хонаи кӯдакон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 63218 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Соли сипаришуда барои кормандони маорифи шаҳр соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад. Зеро 1974 хатмкарда тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва 222 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шуданд. Ҳамзамон, 21 нафар тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳҳо барои таҳсил роҳхат гирифтанд.
Дар ин давра хонандагон дар олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар маҷмӯъ 30 медали тилло, 23 нуқра ва 48 биринҷӣ соҳиб шудаанд. Дар робита ба ин, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даври якуми олимпиадаи фаннӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа 2366 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнии кӯдакон ва бедор кардани майлу рағбат ба омӯзиши касбу ҳунар дар назди шуъбаи маориф фаъолияти маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимуассисавии хонандагон ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар маркази таълимӣ 287 хонанда ба омӯхтани касбҳои ронандагӣ, дӯзандагӣ, ҳамшираи тиббӣ ва компютерӣ ҷалб гардидаанд. Синфхонаҳои марказ бо аёнияту таҷҳизоти дахлдори таълимӣ муҷаҳҳаз буда, омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву маҳорати хонандагон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ 35 маҳфил фаъолият дорад. Омӯзгорон ба 1337 хонанда нозукиҳои 22 намуди касбро меомӯзанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон 62 омӯзгор ба курси такмили ихтисос сафарбар шуданд. Илова ба ин, 260 омӯзгори фанни забони русӣ ва 164 омӯзгори фанни забони англисӣ барои баланд бардоштани савияи дониш аз курси таълими салоҳиятнок гузаштанд.
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва ҳалли масъалаи норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон соли гузашта бунёди бинои нави таълимии № 26, дорои 20 синфхона бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз, бинои нави таълимӣ бо 144 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии № 11, 5 синфхона, толори варзишӣ дар муассисаҳои таълимии № № 19, 80 сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ассотсиатсияи падару модарон сохтмони 85 синфхонаи иловагӣ, 2 толори варзиш ва маҷлисгоҳ дар 14 муассисаи таълимӣ ва хонаи кӯдакони шаҳр босуръат идома доранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.02.2020 №: 26 Мутолиа карданд: 3310