иқтисод
ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА
Кишоварзони ноҳияи Лахш дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо сол то сол зиёд намуда, бо истифода аз усулҳои нави агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
Тавре Ато Ҷӯрабеков, муовини якуми раиси ноҳияи Лахш, зимни суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" гуфт, ки меҳнаткашони ноҳия бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дастҷамъона талош варзида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро ба 338 миллиону 185,2 ҳазор сомонӣ расонданд.
Соли гузашта дар майдони 1438 гектар ғалладона, 4688 гектар картошка ва 255 гектар сабзавот кишт шуда, 78 гектар боғи нав бунёд ёфт ва 15 гектар боғи куҳна барқарор гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 100 ҳазору 11 тонна картошка, 2879 сабзавот ва 6055 тонна мева ба даст омад. Беш аз 67 ҳазор тонна картошка ба берун аз ноҳия содирот карда шуд.
Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия яке аз соҳаҳои асосии хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Захираи хӯроки чорво барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 - ум 34597 тонна ё 102, 7 дарсади нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 30 ҳазору 223 сар, аз ҷумла 13 ҳазору 623 сар модагов, чорвои майда 133 ҳазору 365 сар, аз ҷумла дар хоҷагиҳои давлатӣ 208 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 15 ҳазору 410 сар ва аз ҳисоби аҳолӣ 117 ҳазору 747 сар, қутос 524 сар ва шумораи оилаҳои занбӯри асал 4622 ададро ташкил менамояд.
Соли гузашта 2133,6 тонна гӯшт, 8308 тонна шир, 1 миллиону 718 ҳазор дона тухм ва 90,7 тонна асал истеҳсол гардид.
- Ҳамин тавр, кишоварзони ноҳия мақсад доранд, ки тибқи дастури Пешвои муаззами миллат майдони киштзори картошкаро ба 5 ҳазор гектар расонда, ҳамчунин, дар фасли баҳори соли ҷорӣ 20 гектари дигар боғи нав бунёд намоянд. Ҳоло барои бунёди боғ беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли себу нок захира кардем, - гуфт дар хотимаи суҳбат Ато Ҷӯрабеков.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2020 №: 27 Мутолиа карданд: 951