фарҳанг
ТАРБИЯИ МУСИҚӢ. БЕТАРАФ НАБОШЕМ!
Тарбияи мусиқӣ дар мактаб набояд ба як соати дарсӣ маҳдуд шавад. Барои пурра кардани он корҳои беруназсинфиро низ ба нақша гирифтан лозим аст. Иштироки хонандагон дар маҳфилҳои гуногун барои аз наздик шинос шудани онҳо ба ин навъи санъат ёрӣ мерасонад. Омӯзгор машғулиятҳои мусиқиро бо хонандагони лаёқатманд пеш бурда, онҳоро дар рӯҳияи ҳунардӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия кунад ва шароити мустақилонаи эҷодиро барои хонандагон фароҳам оварад.
Ҷои муаяйнро дар тарбияи умумии мусиқии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузарондани лексия - консертҳо ишғол мекунанд. Мусиқишинос ва педагоги машҳури рус В. Шестакова гузарондани чорабинию намоишҳои гуногун, аз қабили конференсияҳои хонандагон, гӯш кардани мусиқӣ, ташкили викторинаҳо, нишастҳои мусиқӣ, пурсишҳо (ба шакли шифоҳӣ ва хаттӣ) – ро хеле муҳим мешуморад. Доир ба ин шакли машғулиятҳо академик Д. Кобалевский низ мароқ зоҳир кардааст. Бо ташаббуси ӯ чандин сол дар толори консертии Иттифоқи композиторони Россия «Шаби ҳамсолон» гузаронда мешуд. Дар Тоҷикистон низ чунин машғулиятҳо аз солҳои 50 – 60 – и асри гузашта дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гузаронда мешаванд. Мавзӯи суҳбатҳо ба равандҳои гуногуни мусиқӣ алоқаманд мебошанд. Ин гуна суҳбатҳоро метавон дар толорҳои консертӣ, филармонияю театрҳо, муассисаҳои таълимӣ ё ба воситаи радиою телевизион ташкил намуд.
Албатта, дараҷаи фаҳмиши шунавандагон ва иштироккунандагони онҳо гуногун мебошад, вале онҳоро як чиз - умумиятии он бо ҳам пайванд мекунад. Бо ин восита бачаҳо ба олами зебои мусиқӣ ворид мешаванд. Барои гузарондани чунин чорабиниҳо тайёрии ҷиддӣ лозим аст.
Агар дар гузарондани консерт - лексияҳо аз мутахассисони соҳа истифода барем, дар дарси мусиқӣ ба хонандагон дар бораи дарк кардани он маълумоти мухтасар додан лозим меояд. Дар вақти интихоби мавзӯи консерт - лексияҳо мазмуни асарҳо бояд ба синну соли хонандагон ва фаҳмишу дарки мусиқии онҳо мувофиқ бошад. Чунки мусиқӣ ҳамон вақт ба шунаванда таъсир мерасонад, ки он ҳиссиётро барангезад ва шавқи шунавандаро бедор намояд. Пеш аз тамошои саҳнаҳои операвӣ ё тамошои дастаҷамъонаи филм – консерт ва филм - операҳо, хуб мешуд, ки омӯзгори фанни мусиқӣ хонандагонро бо хусусиятҳои он, қаҳрамонҳои асосии асар, мазмуну мундариҷаи он ошно намояд. Дар рафти ин гуна чорабиниҳо истилоҳҳои соҳа, ба мисли ансамбл, увертюра, ария, ариоза, дуэт, трио, квартет, хор ва ғайра шарҳ дода мешаванд.
Корҳои беруназсинфии мусиқиро дар муассисаҳои таълимӣ бо роҳҳои ташкил кардани маҳфилҳои гуногун - хорсароӣ, навозиш ва сарояндагӣ низ метавон ташкил кард. Таҷриба нишон додааст, ки аз ҷиҳати назариявӣ ҳар як кӯдаки солим вобаста ба шавқу ҳаваси хеш лаёқати дарки мусиқӣ ва сарояндагиро дорост. Танҳо мо – омӯзгоронро зарур аст, ки ин қобилияти онҳоро сари вақт дарк намуда, инкишоф диҳем.
Дар гузаштаи на он қадар дур (асри ХХ), маҳфилҳои хорсароӣ дар муассисаҳои таълимӣ мақоми хос дошт, вале ҳоло ҷои онро ансамблҳои вокалӣ - инструменталӣ танг карда истодааст, ки ин ба шароити замон ва пешрафти ҷамъият вобаста мебошад. Барои ташкили маҳфилҳои навозандагӣ (асбобҳои мусиқӣ, ба мисли аккордеон, рубоб, дутор, доира, таблак ва ғайраҳо) кам аҳамият дода мешаванд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки бо хори кӯдакона набояд аз 45 дақиқа зиёд машғулият гузаронд. Бо наврасон бошад, 2 соати академӣ бо танаффус ва дар як ҳафта ду маротиба машғулият гузарондан салоҳ дониста мешавад.
Барои ба муваффақият ноил гардидан, баҳри сайқал додани лаёқати дарки мусиқӣ ва такмили малакаҳои сарояндагӣ ба омӯзгори фанни мусиқӣ лозим аст, ки хусусияти механизми овозро дар кӯдакони синну соли гуногун донад. Чунки овози кӯдакон нозук буда, он ҳама вақт муомилаи эҳтиёткорона ва назорати ҷиддиро талаб мекунад. Аз хотир баровардан лозим нест, ки дар даҳсолаҳои охир тараққиёти физиологии кӯдакон бештар ба амал омада истодааст ва ин барои ташаккули аппарати овози сарояндагии кӯдакон таъсир мерасонад. Мушоҳида кардани овози кӯдак дар вақти хониши хорӣ душвор мебошад ва омӯзгор рафти онро дар диктофон сабт намуда, баъд бояд онро ба бачаҳо шунавонад ва сарояндагон худашон ҳис кунанд, ки дар кадом овоз (дар хурдсолон сопрано ва дискант; дар наврасон сопрано, тенор, алт ва баритон) дағал сароидан мушоҳида карда мешавад. Агар мақсади иҷрои ҳар як машқи овозиро хонандагон дуруст фаҳманд, онҳо барои кори якҷояи сурудхонӣ фаъол мешаванд. Ташаккул додани ҳунари сарояндагӣ ва фаъолияти мусиқии хонандагон ба малакаи дурусти интихоби асар вобаста мебошад.
Ҳамин тариқ, муносибати хуби хонандагон бо образҳои баланди санъати мусиқӣ таъсири худро дар тарбияи онҳо расонда метавонад. Доираи машғулиятҳои мусиқиро васеъ гардонда, омӯзгор ба рушди фаъолият ва тарбияи эҷодии мусиқии хонандагон таъсири бузург расонда метавонад.
Қаюм ХОЛОВ, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 1093