энергетика
МУРҒОБ. НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ БА КОР МЕДАРОЯД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моҳи сентябри соли 2018) ширкати “Помир энержи” – ро муваззаф намуданд, ки вобаста ба камчинии захираҳои обӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ВМКБ, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, сохтмони неругоҳҳои барқии бо дигар манбаъҳо фаъолшавандаро ба роҳ монад.
Ба гуфтаи Амрихон Раҳимов, директори департаменти тавлиди барқи ширкат, супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, дар ин самт нақшаи чорабиниҳои мушаххас рӯи кор оварда шуд. Мувофиқи нақшаи “Помир энержи”, аллакай, моҳи майи соли равон дар маркази ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ фаъол мегардад, ки он метавонад дар як шабонарӯз 200 кВт - соат қувваи барқ тавлид намояд. Айни ҳол ин беҳтарин натиҷа дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Амрихон Раҳимов зикр кард, ки рӯзҳои наздик корҳои омодагӣ ба насби таҷҳизоти зарурии неругоҳ, тахту ҳамворкунии майдони сохтмони иншоот ва бетонрезии зерпояҳо анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодасозии тамоми таҷҳизот барои фаъолгардонии неругоҳи офтобӣ идома доранд. Бо ин мақсад, ширкати “Помир энержи” аз ширкати машҳури “Тетра Тех” (ИМА) мутахассиси варзидаро чун мушовир даъват кардааст.
Бо анҷоми корҳои тахту ҳамворкунии майдони иншоот барои насби таҷҳизоти зарурӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб моҳи апрел насбу васли онҳо оғоз меёбад. Моҳи май маросими ифтитоҳи неругоҳи офтобӣ дар шаҳраки Мурғоб дар назар аст.
Бо ба кор пардохтани неругоҳ таъминоти барқ дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар, ки барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати захираи ками об имконияти маҳдуд дорад, бамаротиб беҳтар мегардад. Дар оянда чунин неругоҳҳо дар минтақаҳои дигари Мурғоб низ бунёд мешаванд. Мутахассисони ширкат бар он назаранд, ки дар шароити Мурғоб, ки деҳаҳои он аз ҳам то 200 км дурӣ ва аҳолии кам доранд, бунёди неругоҳҳои офтобӣ мувафиқ ва самарабахш мебошад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 12269