ҳуқуқ
ТАНЗИМ. ДАР ХУРОСОН 17 ҚОНУНШИКАНӢ ОШКОР ШУД
Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки соли сипаришуда дар ноҳия 17 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор гардид ва аз қонуншиканҳо тариқи суд 35 ҳазору 305 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Дар ин давра беш аз 2450 маъракаи тӯйи домодию арӯсӣ, маросими чил ва сол ба қайд гирифта шуда, дар онҳо 1078 сар чорвои калон ва 954 сар чорвои хурд забҳ гардидааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 14 миллиону 630 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як маърака 7 ҳазору 200 сомонӣ рост меояд.
Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия 7 комиссияи доимоамалкунанда ва 52 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 25 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ шуд.
- Тибқи қонунгузорӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро аз баргузории тӯю маросим огоҳ намоянд. Аммо санҷишҳо муайян намуданд, ки шаҳрвандон гоҳо дар баргузории маросими азодорӣ мақомоти ваколатдорро огоҳ намекунанд, ки боиси ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мегардад, - гуфт Раҳматулло Сафарзода.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 1068