иқтисод
ДУШАНБЕ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 7 феврал бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, ки дар масоҳати қариб 9 гектар, дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир мебошад, шинос шуд.
Санги асоси бунёди корхонаҳои истеҳсолиро дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 20 - уми сентябри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузошта буданд.
Корхонаҳои саноатӣ дар ин минтақа ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд.
Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаи саноатии ҶДММ "Ҳурия", ки барои истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос пешбинӣ гардидааст, шинос гардид. Корхонаи мазкур дар доираи дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,34 гектар бунёд меёбад. Тавре ба раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар корхонаи саноатӣ корҳои асосӣ, аз қабили бунёди бинои истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизот, пурра ба итмом расида, ҳоло бо ҷалби мутахассисон насби онҳо идома дорад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Бино ба иттилои масъулон, дар ҶДММ "Ҳурия" ду хати истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори моҳонаи корхона истеҳсоли аз 5 то 10 тонна маҳсулоти нимтайёр ва яхмос аз мевагиҳо ва қаймоқ мебошад. Дар корхона зиёда аз 25 намуди яхмос истеҳсол мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 нафар сокинони шаҳри Душанбе - асосан, занону бонувон бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мегарданд.
Корхона барои дастрас намудани маҳсулот ба шаҳру навоҳии мамлакат чор мошини махсус харидааст ва нақша дорад, ки боз чанд воситаи дигари нақлиёт харидорӣ кунад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳолати санитарӣ, сифати истеҳсолот дар корхона, истифодаи маҳсулоти табиӣ дар таркиби маҳсулот ва тадбирҳои ободонию сабзкории ҳудуди коргоҳ, аз ҷумла рангу бори намои зоҳирии он, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба соҳибкор барои то Ҷашни Наврӯз бо иқтидори пурра ба истифода додани корхона супоришҳои мушаххас дод.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳо дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Ёқуб Шарафов дар масоҳати 0,32 гектар бо харҷи 6 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки воридот ва насби таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик коркарди маҳсулот оғоз меёбад ва боз 50 сокини пойтахт соҳиби ҷойи кори доимӣ мешавад. Дар корхона маҳсулоти тайёрро дар 5-6 намуд борҷомабандӣ мекунанд. Иқтидори корхона истеҳсоли то 5 тонна маҳсулот дар як моҳ буда, маҳсулоти он барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ равона мегардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар истеҳсолот маҳсулоти табиӣ ва барои инсон безарар истифода шуда, дар таркиби маҳсулот, умуман, равғани палма истифода намешавад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулони корхонаро вазифадор намуд, ки то Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, сифати баланди маҳсулоти истеҳсолиро таъмин намоянд.
Дар раванди шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии коркарди сангҳои ранга ва худҷилои ҶДММ "Асрори санг" ба раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки ҶДММ "Асрори санг" дар самти коркарди санг таҷрибаи 12 - солаи корӣ дорад ва бо ширкатҳои Россия, Олмон ва Чин барои содироти маҳсулоти тайёр шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расондааст. Таҷҳизоти коркарди санг дар корхонаи нави ҷамъият аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид мегардад. Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Далер Шарифӣ бо харҷи 5 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,32 гектар замин бунёд меёбад.
Корхона аз ду марҳила иборат буда, кор дар марҳилаи аввали он - бунёди бинои истеҳсолӣ босуръат идома дорад. Коргоҳи истеҳсолӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бунёди таҳхона ва ду ошёнаи аввал ба анҷом расидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали корхона аз 80 то 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарону масъулони корхонаро ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ҷалб намуд. Масъулони корхона иттилоъ доданд, ки оянда дар ин ҷо коргоҳи дӯхти либосҳои варзиширо ба роҳ монда, боз барои 30 нафар ҷойи кор фароҳам меоранд.
Иншооти дигари истеҳсолӣ, ки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони он шинос шуд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва ба шумор меравад, ки аз ҷониби соҳибкори Олимҷон Маҳкамов дар масоҳати 0,30 гектар бунёд шуда истодааст. Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, ки бо вусъат бахшидан ба рафти сохтмон корхона то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Тибқи иттилои масъулон, бо ба фаъолият оғоз кардани корхона зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин мешавад. Дар корхона баробари таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ба кишварҳои ҳамсоя содирот намудани бархе аз анвои консерваро ба нақша гирифтаанд.
Дар минтақаи саноатии пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин, мавзеи бунёди корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо (ҶДММ "Грин Голд") муаррифӣ карда шуд, ки бо харҷи 10 миллион сомонӣ сохта мешавад. Таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулот аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, дар корхона барои 100 нафар ҷойи корӣ фароҳам меояд. Иқтидори корхона истеҳсоли 5 тонна маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо дар як шабонарӯз ва 150 тонна дар як моҳ мебошад. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Строй комплекс" раиси шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки бо назардошти вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт талабот ба ин маҳсулоти сохтмонию ороишӣ хеле зиёд мебошад. Корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи истеҳсолӣ - коркарди санги хоро ва коркарди санги мармар иборат буда, иқтидори солонаи он коркарди 150 ҳазор метри мураббаъ сангро ташкил медиҳад. Роҳбарони корхона азм доранд, ки барои наздики 200 сокини шаҳри Душанбе ҷойи корӣ фароҳам оварда, корхонаро то Ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Раиси шаҳри Душанбе аснои суҳбат бо соҳибкорон аз иқдоми онҳо бобати бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, ки дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ бунёд меёбанд, истиқбол кард.
Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва дар навбати худ соҳибкорон бояд корро дар асоси вазифаву уҳдадориҳои базиммагирифта ба роҳ монда, иншооти истеҳсолиро дар муҳлатҳои пешбинигардида ба истифода супоранд ва бо ин дар таъсиси ҷойҳои корӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат саҳмгузор бошанд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2020 №: 31 Мутолиа карданд: 746