logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛӢ. ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ РИСОЛАТИ МОСТ

Соли 2019 ба судҳои ҷумҳурӣ 156470  парванда ва дархосту пешниҳод ворид гардид. Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 14105 гражданӣ, 42359 оилавӣ, 10719 ҷиноятӣ, 50219 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 21773 - тоашро дархосту пешниҳоди мақомот ташкил медиҳад.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии кишвар, зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон таъкид намуд, ки бо ташаббус ва иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 ноябри соли 2019 ба муносибати 25 – умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид. Барои дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намудани қонуни мазкур тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, то 1 январи соли ҷорӣ  нисбат ба 5624 нафар татбиқ гардид. Дар натиҷа 4004 маҳкумшуда аз адои ҷазо озод шуда, нисбат ба 1370  шахс пешбурди парвандаҳо қатъ гардид ва муҳлати адонагардидаи ҷазои 250  маҳкумшуда кам шуд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2019 аз ҷониби судҳо 10719 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст. Шумораи содиршавии ҷиноят дар кишвар вобаста ба шумораи аҳолӣ дар муқоиса бо давлатҳои ҳамсоя  ва кишварҳои узви ИДМ кам аст.
Соли гузашта ба Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе 5331  шикояти шаҳрвандон ва эътирозҳои назоратии прокурорҳо ворид гардид. Аз миқдори умумии шикояту эътирозҳо 5044 адад ҳаллу фасл гардида, боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ба андешаи Шермуҳаммад Шоҳиён, пешгирӣ намудани содиршавии ҷинояту  ҳуқуқвайронкуниҳо ва камтар ба миён омадани баҳсҳои судӣ аз сатҳи маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019» ва қабули барномаи нави давлатӣ барои даҳсолаи нав маҳз ба ҳамин хотир равона шудааст.
 Аз ин рӯ, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо барои баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 11249 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд. Ҳамчунин, соли гузашта «Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2019 – 2021»  қабул гардида,  мавриди татбиқ қарор дорад. Мақсад аз қабули ин барнома таҳкими минбаъдаи фаъолияти судҳо аз рӯи қонунгузории амалкунанда, соддагардонии мурофиаҳои судӣ мебошад.
Судҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат намудаанд, дар маҷмӯъ 18956 таъйиноти хусусӣ қабул карданд. Ҳамзамон, 739 ҷамъбасти амалии судиро гузаронда, бо мақсади аз байн бурдани камбудиҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдор 1064  пешниҳод ирсол намуданд.
Раиси Суди Олӣ таъкид намуд, ки ҳокимияти судӣ дар доираи вазифаҳои хидматии худ тамоми кӯшишҳоро дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ дар кишвар равона месозад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед