туризм
ЭКОТУРИЗМ. ТОҶИКИСТОН БАРОИ РУШДИ ОН ИМКОНИЯТИ БЕНАЗИР ДОРАД
Як нуктаи муҳиме, ки дар иртибот ба рушди сайёҳӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, зарурати муаррифии густурдаи муъҷизоти табиат ва олами вуҳуши Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи вижаи “Ташаккули маърифати ҷамъиятӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани бабри барфӣ ва мавқеи он дар сатҳи миллӣ тавассути ВАО”-ро пиёда месозанд, ки дар тарғиби моҳият ва судмандии туризми экологӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба диёри афсонавии мо нақши арзанда мебозад.
ҲАР СЕЮМ САЙЁҲ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГИРО ИНТИХОБ МЕКУНАД
Вақте соли 1983 экологи мексикоӣ Гектор Себалос-Ласкурайн бори нахуст истилоҳи «экотуризм»-ро пешниҳод намуд, касе чашмдошт набуд, ки чанд даҳсолае пас ин самти нав босуръат рушёд ёфта, чоряки бозори ҷаҳонии сайёҳиро ба даст меорад. Тибқи омор, алъон ҳамасола аз теъдоди умумии сайёҳон 30 дарсад туризми экологиро интихоб менамоянд. Ғайр аз ин, 70 дарсади онҳо иброз медоранд, ки соли дигар маҳз ба ин намуди аз ҷиҳати экологӣ бехавф афзалият хоҳанд дод. Ин самти иқтисоди ҷаҳонӣ рӯзе тақрибан 1 миллиард доллар даромад меорад ва ин нишондиҳанда тамоили устувори афзудан касб кардааст. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки гардиш дар ин самти сайёҳӣ ба ним триллион доллар наздик шудааст. Ғайр аз ин, тибқи баҳои коршиносон, ҳар сол барои эҳтиёҷи соҳаи мазкур ба маблағи 55 миллиард доллар молу хизматрасонӣ истеҳсол мешавад. Дар гузориши Созмони байналмилалии экотуризм зикр мегардад, ки аз соли 2004 то инҷониб суръати рушди соҳаи номбурда назар ба намудҳои маъмули сайёҳӣ се маротиба бештар буд.
Ин рақамҳои воқеан ҳайратовар, пеш аз ҳама, далели онанд, ки миёни сайёҳони дунё тамоили дасткашӣ аз истироҳатгоҳҳои боҳашамати шаҳрҳо, лаби баҳрҳою ҷазираҳо ва рӯ овардан ба оғӯши табиати бикру тамошои олами вуҳуши он сол ба сол қувват мегирад.
ОЗОДАПАЛАНГ ДОРЕД? МЕОЕМ!
Ин нуктаи муҳим дар конференсияи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ” садо дод, ки чанде пеш дар Душанбе дар доираи лоиҳаи ниҳодҳои байналмилалии номбурда барои рӯзноманигорон баргузор гашт. Табиист, ки дар пайванд бо табиати афсонавии диёр ва имкониятҳои беназири рушди туризми экологӣ дар манотиқи гуногуни кишвар. Бо назардошти он ки ҳамагӣ дар ду соли охир теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуда, аз 1 миллион нафар гузашт, қимати ташаббусҳои ҳаётан муҳими Сарвари давлат оид ба рушди босуръати соҳаи туризм бармало зуҳур мекунад. Маҳз дар асоси ҳамин сиёсати созанда, ки нишонаи дарку пайгирии саривақтӣ аз самтҳои ояндадори иқтисоди ҷаҳонист, Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ворид мешавад.
Дар ҷамъомад миёни коршиносони соҳаи туризми экологӣ ва хабарнигорон ҷиҳати инъикоси ҳирфаии паҳлуҳои гуногуни ин намуди сайёҳӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт. Он нуктаи вижа таъкид ёфт, ки дар раванди рушди экотуризм ба сохторҳои сайёҳӣ бояд мардуми маҳаллӣ шарик гарданд, то ки муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва олами ҳайвоноту наботот барояшон аз ҷиҳати иқтисодӣ судовар бошад. Дар ин сурат сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон низ беҳтар мегардад.
Дар конференсия масъалаи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон” ва роҳу воситаҳои муосири инъикоси он дар матбуоти ватанӣ ҳам, матраҳ шуд. Тамошои ҳайвоноти нодир аз рукнҳои муҳими экотуризм маҳсуб меёбад ва шефтагони табиат ҳазорҳо километрро паймуда, маҳз барои дидани онҳо, аз ҷумла озодапаланг, меоянд. Дар олами сайёҳӣ озодапаланг чун рамзи бикр мондани табиат, устувории экосистема пазируфта шудааст, ки аз дахолати инсон ва таъсири техногенӣ алҳол эмин мондааст. Зикр рафт, ки алъон дар дунё ҳамагӣ то 4 ҳазор сар ин ҳайвони нодир мавҷуд мебошад, аз ҷумла дар кишвари мо қариб 300 сар, ки дар муқоиса бо кулли давлатҳои дигар воқеан нишондиҳандаи хубест. Айни замон дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуд ҳайвони нодир сабт шуда, онҳо аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021 давоми мантиқии ташаббуси қаблӣ дар ин самт буда, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пиёда сохтани ин барномаи густурда фишанги муҳими пешрафти иқтисоди миллиро рӯи кор оварда, мавқеяшро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувортар месозад. Дар маҷмӯъ, ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва хусусии соҳа шароит фароҳам меорад, ки солҳои наздиктарин теъдоди сайёҳон ба 5 миллион нафар расад. Дар тарғиби ин ҳадафи комилан воқеӣ ВАО-и ватанӣ бояд саҳмгузор бошанд.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2020 №: 33 Мутолиа карданд: 3277