ҳуқуқ
НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ ОИД БА КОҲИШ ДОДАНИ НАШЪАМАНДӢ
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, Агентии назорати маводи нашъаовар фаъолияти оштинопазири худро бар зидди коҷоқ, интиқол ва паҳншаии маводи мухаддир ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои зарурӣ меандешад.
Ин матлабро Сатрина Одилбекиён, нозири шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ, зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи воситаҳои нашъадори ноҳия Фирдавсӣ баён дошт. Инчунин, дар кори шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фатҳиддин Усмонзода, масъулони соҳа ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат доштанд.
Зикр гашт, ки ҳамасола нақшаҳои солонаи муштараки ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар таҳия ва тасдиқ гардида, пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу коллеҷҳо, корхонаҳо ва маҳаллаҳои ноҳия оид ба пешгирӣ ва оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешавад.
Дар се соли охир вазъи нашъамандӣ дар ноҳия рӯ ба коҳиш ниҳода, шумораи гирифторони он то 28,1 дарсад кам шудааст.
Ба гуфтаи масъулон, масъалаи дигари нигаронкунанда ин воридшавӣ ва паҳн гардидани намудҳои нави моддаҳои синтетикии нашъадор ба қаламрави кишвар мебошад. Афзоиши он рӯз то рӯз дар байни аҳолӣ ташвишҳи зиёдеро эҷод мекунад. Агар бори аввал соли 2006 як дона маводи синтетикии нашъадор дар намуди ҳаб мусодира шуда бошад, ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз 10 то 15 ҳазор дона чунин ҳабҳо мусодира мешаванд.
Вобаста ба ин, Сатрина Одилбекиён гуфт, ки соли гузашта танҳо аз тарафи кормандони агентӣ 5486 ҳаби психотропии синтетикӣ мусодира гаштааст, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 5322 адад зиёд мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2020 №: 33 Мутолиа карданд: 906