фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Исматуллозода Ш. И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1455
ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло
14 марти соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1992 Университети давлатии Тоҷикистон, соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст, ихтисосаш забоншинос, ҳуқуқшинос, доктори илми филология, донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ.
Кор ва фаъолияти собиқа: солҳои 1987-1992 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1992-1994 коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1994-1997 аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1997-2000 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 2000-2006 муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 2006-2009 муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2009 -2012 сардори раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2012 -2014 директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014-2015 муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода. Аз сентябри соли 2015 то 14 январи соли 2020 директори коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. 14 феврали соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2020 №: 35 Мутолиа карданд: 1651