фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намудани Назаршозода Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Назаршозода Лоиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1457
НАЗАРШОЗОДА Лоиқ
29 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Роштқалъа чашм ба дунё кушодааст, миллаташ тоҷик, соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ.
Фаъолияти меҳнатиаш соли 1989 ҳамчун коргари совхози Октябри ноҳияи Роштқалъа оғоз гаштааст, солҳои 1990 – 1992 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар шаҳри Армавири ФР хизмат кардааст. Дар солҳои 1992 – 1993 муаллими тайёрии ҳарбии ибтидоии мактаби миёнаи № 81 ноҳияи Роштқалъа, 1993 – 1998 сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Роштқалъа, 1999 – 2001 иқтисодчии таваллудхонаи № 2 шаҳри Душанбе, 2009 – 2010 мутахассиси пешбари шуъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010 – 2014 сармутахассиси шуъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014-2015 сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2019 муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 январи соли 2019 то 14 феврали соли 2020 сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 14 феврали соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таъйин гардид. Оиладор.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2020 №: 35 Мутолиа карданд: 1537