logo

фарҳанг

АХЛОҚ. ПИРОН БА ЭҲТИРОМУ ҒАМХОРӢ НИЁЗ ДОРАНД

Фарҳанги воло ва ахлоқи миллии мо ҳамеша тақозо мекард, ки пиронро гиромию кӯдаконро дӯст бидорем. Ин як навъ амр ва дастур маҳсуб ва иҷрои он назорат мешуд.

Дуруст аст, ки пир бо ҳама ранҷҳо ва нороҳатиҳо ба мисли кӯдак меояд ва зуд аз муносибату сухани сард дилозурда мегардад. Ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш  ин нуктаро Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои ҳушдори мо таъкид карда буд:
Ман на онам, ки пеш аз ин будам,
Тозагӣ доштам, бипажмурдам.
Дилам аз ҳар сухан биёзорад,
Рост гӯӣ, ки кӯдаки хурдам.

Оре, дар ин ҳол пирро чун пиру марди солхӯрда бояд эҳтиром бигузорем ва ҳамчун кӯдаки хурд дӯст бидорем. Дидану андешаи ин, ки пеш аз он тозагӣ дошту ҳолиё бипажмурдаст,  ғамашро бар ғам меафзояд.
Ин гуна панду андарзҳоро устоди шоирон барои ҳидояти мо ва ҳамаи инсонҳои рӯи ҷаҳон гуфтааст. Агар ҳам бо қасидае аз пирӣ шикоят мекунад, он барои худ нест ва ҳам бори андуҳашро ба ин васила аз дӯш намеафканад. Мехоҳад мо аз оқибат биандешем ва бидонем ин даврон чӣ ранҷеро дар пай дорад.
Пирон мардуми хирадманданд, аммо нотавонанд. Ин ганҷҳои хирадро барои насли ҷавон ҷамъ овардаанд. Агар бубинанд, ки аз он ба кор намебаранд, меранҷанд ва ҳам ғамашон афзун мешавад.
Марҳум Сомеъ Одиназода, шоир ва орифи давр, бо нигаронӣ баён медошт: «Наход илмро ба гӯр бибарем?». Мехост, ки толибилмонро аз дарёи дониш шодоб бисозад.
Шодравон Соҳиб Табаров пайваста таъкид мекард: «Одам дар пирӣ нонгадо намешавад, одамгадо мешавад». Таманно мекард, ба дидорбинии ин насл, ки ба он бисёр эҳтиёҷ доранд, биравем.
Пири аҳли маорифи кишвар устод Ҳабибулло Искандаров бо як навъ гила аз ин даврони умр мегӯяд: «Аз пайвандону наздикон хоҳиш мекунам, ки маро ба назди дӯстонаму ошноёнам бибаранд, то аз дидору суҳбаташон баҳравар бишавам».
Мо масъулиятро дар ин маврид фаромӯш кардем. Чӣ мушкиле дорад баровардани ин хостаҳо? Гӯё фурсат надорем, ба корҳои бузург андармонем. Ин дурӯғҳо ва муносибатҳои сард дилҳоямонро ба тадриҷ сиёҳу сахттар аз санг мегардонад.
Аз суханони Унсурулмаолии Кайковус аст: «Пирон чизҳо донанд, ки ҷавонон надонанд». Ин таъкид ба он хотир мебошад, ки ҷавонон баҳравар аз чизҳои донистаи пирон бошанд. Ва ҳам ӯ мегӯяд: «Ва бар пирон ҳамеша ба раҳмат бош. …Пирӣ иллатест, ки ҳеҷ табиб доруи он надонад».
Ҳоли як пирро пире дигар медонад, ки чист. Аз ин рӯст, ки мегӯянд:
Эй пир, биё, то гила ҳам бо ту бигӯям,
Зеро ки ҷавононро аз ин ҳол  хабар нест.

Пирон ба меҳрубонӣ ва суханони хуш ниёз доранд.
Мебинем, шоҳид мешавем Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ин қишри ҷомеа бисёр самимӣ суҳбат мекунанд ва аз ҳолашон мепурсанду дасти ёрӣ дароз менамоянд. Дар чеҳраҳо ва суханҳои ин пирон шодмонӣ, ризоят ҳувайдо мегардад. Онҳо изҳори сипос менамоянду дуои нек медиҳанд, ки гиромияшон доштанду эҳтиромашон намуданд. Ин мулоқоту суҳбатҳои гарм дар хотирашон як умр мемонанд ва аз он неруи тоза мегиранд.
Ин амали неки Сарвари давлат аз ҷониби масъулон ниёз ба пайравӣ дорад.
Бисёр касонанд, ки чун ба сол бузургтар шаванд, бо хиради беш мақоми волотар насибашон мегарданд. Дар кураи зиндагӣ онҳо обу тоб меёбанд. Маҳз дар ин даврон корҳои бузургро барои миллат, инсоният ба фарҷом мерасонанд.
Ҷойи бас таассуф аст, ки онҳоро аз ёд мебарем ва ба вохӯриву суҳбат бо насли ҷавон даъваташон намекунем. Ҳатто фарзандонашон бо ғурури ҷавоние, ки доранд, ба онҳо ба дидаи эътибор наменигаранд, худро ба ҳар баҳона канора мегиранд.
Бархе, агарчи ҳам, хушбахтона, каманд волидони пиру нотавонашонро ба хонаи пиронсолон мебаранд ва дигар аз ҳолашон хабар намегиранд.
Як сарватманд мегуфт: «Мо бояд хонаи пиронсолонро ба тарзи дигар бисозему бишиносонем. Беҳтарин шароитҳоро барои волидонамон дар он муҳайё бисозем. Онҳо рӯзона дар ин ҷо зери назорати табибони ҳозиқ қарор бигиранд, бо ҳамсолонашон суҳбат бикунанд ва аз ғизоҳои махсус истифода бинамоянд. Дар хона, чун мо пайи кор меравем, онҳо танҳо, бе нигоҳубин мемонанд. Агар дар ин ҳол бемор бишаванд, кӣ барояшон табиб меорад? Бояд нафаре ба таъсису бунёди чунин як хонаи пиронсолон иқдом биварзад. Он, бешак, нафъ ҳам меорад».
Албатта, давлат ва Ҳукумат ба ин гурӯҳ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд ва сол ба сол шароитҳои беҳтарро барояшон ба вуҷуд меовард. Минбаъд низ онҳоро зери сарпарастӣ мегирад. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ироа доштанд: «Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо дар давоми 10 соли охир 3, 2 баробар афзоиш ёфтааст». Ҳолиё замоне фаро расидааст, ки дар баробари давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бо эҳсоси масъулияти бузург, шинохти дурусти рисолати инсониву шаҳрвандии соҳибкорон, сарватмандон низ иҷрои ин гуна амалҳои некро ба уҳда бигиранд. Он дар пай аҷру савоби бисёр дорад. Бо ин амали нек анъанаҳо ва суннатҳои миллиамонро эҳё месозем. Мавриди зикри махсус аст, ки кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо пайравӣ аз мо ба ин иқдом рӯ оварданду худи мо ба он ҳеҷ эътиборе намедиҳем. Ҳол он ки садсолаҳо ҷаҳониён миллати моро бо чунин амалҳои башардӯстона эътироф мекарданду ситоиш менамуданд.
Нафаре аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки чун пас аз моҳе ба синни нафақа мерасад, намедонад барномаи зиндагиашро чӣ гуна тартиб медиҳад. Мегуфт: «Пас аз он ба куҷо биравам? Дар бинои баландошёна иқомат дорам. Агар ҳавлӣ медоштам, шояд аз хона ба берун мебаромадаму дар саҳни он қадам мезадам».
Пештар мӯйсафедон ё худ пиронсолон ба чойхонаҳо мерафтанд. Дар он ҷо аз ҳисоби ҳамсолони худ дӯстону ошноён пайдо мекарданд ва бо суҳбат ба поён расидани рӯзро эҳсос наменамуданд. Ҳолиё ин гуна чойхонаҳо вуҷуд надоранд. Дар кӯчаҳо чанде пирона қадам мезананду зуд хаста ва боз вориди хона мешаванд.
Аз либосҳо, тарзи пӯшидани он, тозагӣ ва акси он ҳоли пирон ва муносибати хонаводагияшонро фаҳмидану дарк кардан душвор нест. Мардум ин ҳақиқатро мебинад ва зуд дармеёбаду баҳо мегузорад. Барои миллат ва фарзандони ин пиронсолон ҷойи таъну маломат аст, вақте бо либосҳои дарида, чиркин ва мӯйҳои жӯлида ба кӯча мебароянд. Ин ҳолат бас риққатовар мебошад ва таъсири бади худро мерасонад.
Алҳол дар мамлакат, тавре дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ зикр шудааст, 700 ҳазор нафақагир мебошад. Бе ҳеҷ шубҳа, аксари онҳоро нафароне ташкил медиҳанд, ки ба синни нафақа расидаанд, яъне пиронсолонанд. Ин шумора бояд моро ба андешидан дар бораи онҳо водор бисозад ва масъулиятамонро дар мавриди ёрӣ, эҳтиром гузоштан ба онҳо биафзояд.
Бешак, аз пирӣ ва ранҷҳои он ҷойи гурез нест. Ҳар кадоми мо, агар аз неъмати зиндагии бисёр бархӯрдор бишавем, яъне умр вафо бикунад, ҳатман бо он рӯ ба рӯ мешавем. Ва ё худ он дари моро, ба яқин, як рӯз мезанад ва аз ҳузураш хабар медиҳад. Пас, бояд бидонем, ки ҳарчи мекунем, бо худ, барои худ мекунем. Мабодо, ки худро дар ҳоли пушаймонӣ дарёбем ва бубинем, он дигар ҳеҷ суд намебахшад. Ҳамин тавр, дар хусуси фардо аз имрӯз бояд бияндешем ва ҳам анъанаву суннатҳои ниёгонро зинда нигоҳ бидорему идома бибахшем.
Тавре Сарвари давлат изҳор доштанд: «Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем».
Воқеан, миллате, ки пиронашонро гиромӣ намедораду ба онҳо эҳтиром намегузорад, ҳеҷ гоҳ фарҳангӣ буда наметавонад ва ҳам ба пешрафт, хосса дар самти ахлоқи ҳамида, ноил намегардад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 779
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед