ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
КОРРУПСИЯ
Ҳимоятгари ҳуқуқиро ба курсии ҷавобгарӣ шинонд
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати коррупсионӣ хабар дод, ки дар он Парвина Иноятова ҳимоятгари маслиҳатхонаи ҳуқуқии № 1 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба қаллобӣ ё гирифтани пора гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда ҳанӯз 14 январи соли ҷорӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз як шаҳрванд барои гӯё ба воситаи судяи суди ноҳияи Сино ба манфиати шаҳрванд “Б” ҳал намудани баҳси манзил 3000 сомонӣ гирифта, боз 15000 сомонии дигар талаб кардааст. Дар ин бора шаҳрванд “А” бо ариза ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар пайи он худи ҳамон рӯз маъмурони агентӣ Парвина Иноятоваро баъд аз гирифтани 1500 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса дастгир намуданд.
Ҳоло нисбат ба П. Иноятова бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
ДУЗДӢ
Боздошти марде, ки қаблан бо ин ҷурм суд шудааст
Кормандони милитсия як сокини шаҳри Душанберо ба гумони дуздӣ дастгир намуданд, ки қаблан низ барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст.
Сомонаи ВКД шахси боздоштшударо марди 27 – сола ном бурда, иттилоъ медиҳад, ки номбурда 15 феврали соли ҷорӣ бо роҳи шикастани шишаи тиреза аз дохили нақлиёти тамғаи «Тайота - камрӣ» 13 ҳазору 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Автомашинаи ғоратшуда ба сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мансуб буда, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
ҚАЛЛОБӢ
Ҷавобгарии шахсе, ки мошинро гирифту пулашро надод
Мақомоти корҳои дохилӣ сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки аз ӯ марди 33 - сола ном бурда мешавад, бо гумони қаллобӣ дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, номбурда соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34 – солаи сокини ноҳияи Айнӣ даромада, автомашинаи ӯро 25 ҳазор доллари ИМА нархгузорӣ карда гирифтааст. Аммо, бо гузашти 5 сол то кунун маблағи соҳиби нақлиётро надодааст, ки мунтаҳо боиси ҷавобгарӣ гардид.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 1052