ҳуқуқ
ТТЭ ҲНИ. АЗ ФОҶИАИ “БАҲМАНМОҲИ ХУНИН” ТО ХУДХОҲИЮ ХУДБОХТАГӢ
Ҳангоми мурури саҳифаҳои таърихи меҳан дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми асри XX афсӯс аз он мехӯрем, ки давлат ва ҷомеаи мадании вақт натавонист пеши роҳи амвоҷи хурофоту таассуби мазҳабиро бигирад ва кишварро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бидиҳад. Дар саргаҳи беназмиҳои ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, бешубҳа, қишри рӯҳонии мутаассибу худбохта, ки ба пароканиши иғвою даъво машғул буд, меистод. Мутаассифона, имрӯз низ ворисони ниҳодҳои сиёсии динӣ ва мазҳабӣ, ки дар ҳаводиси даҳшатбори он солҳои махуф “саҳм” доштанд, дар дохил ва хориҷи кишвар фаъол буда, кӯшиш мекунанд, ки вазъи минтақаро ноором сохта, ҷомеаро дар ҳолати бебандуборӣ ва сардаргумӣ нигоҳ доранд.
Рӯҳониёни мутаассиб ҳанӯз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри XX дар пайи таҳти тасаллут қарор додани ҷомеа саъю талоши фаровон карда буданд ва барои расидан ба қудрат барномаҳои махсусе роҳандозӣ намуданд. Нахустин машқ ва тамрини ҷиддии қишри ифротгарои мазҳабӣ ба ҳаводиси “Баҳманмоҳи хунин” - и соли 1990 рост омад.
Ҳарчанд перомуни сабабу омилҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои февралӣ таълифот кам нест, ҳанӯз паҳлуҳои гуногуни он норӯшан ба назар мерасанд. Махсусан, дар заминаи ба бозӣ кашидани гурӯҳҳои ифротии динӣ, ки дар созмони сиррии наҳзатӣ омода гашта буданд, тарҳи ҳодисаҳои февралӣ рехта шуд. Дар ҷараёни ин ҳаводис фаъолияти ҳизби наҳзат бо султагирӣ ва султадорӣ иртибот мегирад, чаро ки сардамдорони наҳзатӣ ҳамеша ба нуқтаи асосӣ – зери таъсири идеологии исломӣ қарор додани ҷомеа ва тадриҷан ба қудрати сиёсӣ расидани исломгароён таваҷҷуҳ мекарданд (ва имрӯз ҳам ин ҳадаф барои онҳо авлавият дорад).
Ниҳоди наҳзатӣ ба воситаи роҳандозӣ намудани тарҳи ҳаводиси февралӣ мехост, дар ибтидо қудрати ҳукумати марказиро дар симои Москва бисанҷад ва ҷараёни воқеоти минбаъдаро ояндабинӣ намояд. Ҳарчанд қувваҳои интизомии Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ пеши роҳи бетартибиҳои гурӯҳҳоро гирифта, вазъи ҷумҳуриро таҳти назар қарор дод, заъфиятҳои элитаи ҳукмрони кишвар ва баъзе ниҳодҳои интизомӣ барои исломгароёни қудратталаб ошкор гардид. Ҳамчунин, ба василаи роҳандозӣ намудани бетартибиҳо дар шаҳри Душанбе, дастандаркорони ҳодисаҳои февралӣ ҳолу ҳавои сиёсии кишварро “ламс” карданд ва таносуби қувваҳоро дар ҳолатҳои даргирию низоъ мушаххас намуда, ҷиҳати пиёда кардани барномаҳои баъдӣ тасмим гирифтанд.
Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» - и Иброҳим Усмон дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд: «Ҳатто ин гапҳо низ буданд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ!» Акнун таваҷҷуҳ мекунем, ки қишри рӯҳонӣ барои ба вуҷуд овардани хаос ва ҷалби ҷавонон ба эътирозҳо аз чӣ гуна василаҳои номашрӯъ истифода бурдаанд.
Сари мавзӯи ҳаводиси февралӣ дигар коршиносон, аз ҷумла генерал Амирқул Азимов, ки ба ҳайси роҳбари бригадаи тафтишотии вақт ҳодисаи “Баҳманмоҳи хунин” - ро мавриди санҷиш қарор дода буд, дар доираи маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» аз назари тахассусӣ ба масоили баҳманмоҳ таваҷҷуҳ намуда, ба ҷузъиёт ва куллиёти ҳаводиси гузашта аз дидгоҳи сирф касбӣ расидагӣ кард ва дар ҳаводиси февралӣ даст доштани муллоҳои наҳзатиро бо далоили шайъӣ собит сохт. Аз ин ҷост, ки наҳзат ва доираҳои ба он наздик, аз ҷумла қозикалони вақти ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, дар пайдоиши даргирию низоъ ва бетартибиҳо дар шаҳри Душанбе на танҳо манфиатдор буданд, балки худ ҷараёнро таҳти назар қарор дода, тазоҳуротро идора ва назорат мекарданд. Яъне, идеологҳои наҳзатиро метавон яке аз тарроҳон ва муҷриёни асосии ҳаводиси февралӣ муаррифӣ кард.
Воқеан, худхоҳию худбохтагиҳои доираҳои наҳзатӣ ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо тавлид карда, Тоҷикистони он замон ҷавонро аз масири рушду тараққӣ мунҳариф намуд. Махсусан, пешдовариҳои наҳзатиён дар хусуси сохтани давлати динӣ боиси мазҳабзадагӣ дар ҷомеа гардиданд. Дар ин росто наҳзатиёнро баъзе неруҳои манфиатҷӯи бурунмарзӣ аз лиҳози молиявӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекарданд. Ин буд, ки наҳзатиён ба тадриҷ неруманд шуда, ба дунболи ғасби ҳокимият афтода буданд.
Бадбахтӣ дар ин аст, ки раҳбарияти кунунии террористони наҳзатӣ, ки аз Ватан фирор кардаву дар хориҷ ба сар мебаранд, то имрӯз ҷоҳталабӣ ва султахоҳиашонро идома медиҳанд ва бо истифода аз методу усулҳои муосири сиёсӣ дар Аврупо ҳангомафурӯшӣ менамоянд.
Боқимондаҳои наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар бо либоси нав ва бо дидгоҳи куҳнаву вопасгароёна ба интиқоди муғризона мепардозанд, ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон иттиҳомоти нав ба нав меҷӯянд. Ба умеди ин ки рӯзе созмонҳои сиёсӣ ва давлатҳои ғарбӣ ҳарфи наҳзатро қабул кунанд ва онҳоро ба ҷойгоҳи аввалияи худ бозгардонанд. Аҷаб, хобу хаёле! Аврупо ва созмонҳои сиёсии аврупоӣ чӣ будани наҳзат ва кӣ будани раҳбарияти онро хуб медонанд ва танҳо ба хотири риояти демократияву озодандешӣ, ки наҳзат моҳиятан ба ҳардуи ин арзишҳо мухолифати ақидатӣ ва мафкуравӣ дорад, вуҷуд ва ҳузури онро аз ҷуғрофиёи худ ҳазф намекунанд ва баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ аз наҳзат чун абзори сиёсӣ ва фишанги геополитикӣ истифода мебаранд ва дар ин чаҳорчӯб аз он сӯиистифода мекунанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии АИ ҶТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 1089