logo

порлумон

ДЕВАШТИЧ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

Омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони халқ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муташаккилона ҷараён дорад.

Сокинони ноҳия бо назардошти дарки аҳамияти баргузории ин чорабинии сиёсӣ омодаанд, ки ба номзадҳои арзанда овоз диҳанд. Дар ҳудуди ноҳия ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии Деваштич №24 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии қисми ноҳияи Деваштич дар доираи Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, ҷамоатҳои деҳоти Муҷун, Ваҳдат, Росровут, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва қисми шаҳри Истаравшан дар доираи ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Баланд ва Ҷавкандак таъсис ёфта, 81 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла 50 адад дар ҳудуди ноҳия ва 31 адад дар қисмати шаҳри Истаравшан, фаъол гардидаанд. Участкаҳо бо маводи зарурии интихоботӣ, аз ҷумла муҳр, навиштаҷоти номгӯи участкаҳои интихоботӣ бо нишондоди рақам, маводи конселярӣ, ороиши кабинаҳои интихоботӣ ва гӯшаҳои интихоботӣ таъмин карда шудаанд.
Тавре раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи маҷлиси намояндагони халқ Тӯйчибой Маҳкамов изҳор намуд, ҳавзаи якмандатии интихоботии Деваштич № 24 дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати 15 нафар таъсис ёфта, дар бинои қасри фарҳанги ноҳия (шаҳраки Ғончӣ) ҷо гирифтааст. Барои фаъолияти аъзои комиссия тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 4 ҳавзаи интихоботии интихоби вакилони халқи вилояти Суғд - ҳавзаҳои интихоботии Ғончӣ, Муҷун, Ваҳдат ва Исмоили Сомонӣ низ пурра дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар ноҳия 40 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилони халқи ноҳияи Деваштич низ таъсис дода шуда, дар як вақт 69 ҳавзаи интихоботӣ, ки аз ин 8 ҳавза навбунёд мебошад, ба аҳолӣ хидмат хоҳанд расонд. То имрӯз номзадии 5 нафар тариқи худпешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва ҳоло ҷараёни таблиғи номзадҳо оғоз шудааст.
Барои тарғибу ташвиқи муҳимияти баргузории ин маъракаи сиёсӣ ба ҳолати имрӯза беш аз 230 шиору овезаҳои даъватӣ ва тарғиботӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд. Ин барои 8 918 нафар интихобкунанда, ки бори аввал дар чорабинӣ иштирок менамояд, имконияти хуби шиносоӣ бо рафти овоздиҳӣ дар интихобот мебошад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 2762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед