logo

фарҳанг

ИҚДОМЕ, КИ ОЯНДАРО МЕСОЗАД. БАРДОШТ АЗ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...”

Озмуни  “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - ро метавон, бидуни шубҳа, яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар номид. Ин озмун воқеан шабеҳи субҳе буд, ки бо фурӯғи равшани худ  ҳаёти моро мунаввар кард, хусусан, ҳаёти наврасону кӯдакони кишварро. Ин сапедадами дониш муҳаббати фарзандони моро ба китоб бедор кард, дари китобхонаҳоро боз намуд, китобро то ҷойе дасти ба дасти мардум ва хусусан, наврасону ҷавонон намуд. Аввалин падидаи нишотбахш он буд, ки ангезишҳои ин озмун ҳама кишварро фаро гирифт. Ва нахустин таассуроти нишотбахш он аст, ки  озмун собит кард: миллати тоҷик миллати китобхон аст. Яъне дар сиришти поки ин халқи соҳибтамаддун ва фарҳангсолор ҳанӯз оташи фарҳангу маърифат боқист ва метавон ҳар лаҳзае онро фурӯзон сохт. Бале, дар ҳамин заминаи маънавӣ буд, ки гузаштагони арҷманди мо теъдоди зиёди нобиғагон, шоирону олимонро ба арсаи ҷаҳонӣ оварданд. Ҳамин замина буд, ки халқи мо дар таърихи пурғановаташ соҳиби бузургтарин хазинаҳои китобҳои баландмояву баландпоя гардид, ки имрӯз бо онҳо ифтихор мекунем. 

Инак, мехоҳем чанд нуктаеро, ки ҳосили мушоҳидаҳо аз  озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ст,  мавриди ибрози андеша қарор диҳем, то барои фарогирии бештари минбаъдаи он, баланд бардоштани сатҳу сифаташ раҳнамо бошад.  
Аввалин нуктаи нишотбахш ин аст, ки озмун тавонист таваҷҷуҳи мардум, хусусан, ҷавононро ба китоб бедор кунад. Рӯ овардан ба китоб, яъне рӯ овардан ба илму дониш, ба фазилат, ба фарҳангу одоб, ба маърифат аст, ки дар ҷомеаи мо ҳамеша мақоми баланд дошт. Китоб сарчашмаи дониш аст, дониш асоси пешрафту музаффариятҳои маънавии инсоният. Зеро дониш, пеш аз ҳама, сарчашмаи касбу ҳунар, сарчашмаи тавоноӣ ва қудрати инсон аст.  Ҳунар дар навбати худ, пояи мустаҳками ҳастӣ ва мавҷудияти инсон мебошад.
Нуктаи дуюми таваҷҷуҳангез  ин аст, ки ин озмун барои миллати соҳибистиқлоли мо, ки дар ин марҳила ба бунёд ва эҳёи дубораи маънавии  худ машғул аст, рӯ овардан ба асолати миллист. Зеро асолати миллии мардуми мо бошад, тӯли таърихи дарозу гаронаш эҷод ва офариниши илму адабу фарҳанги баландпоя будааст. Беҳтарин дастовези таърихии миллати мо китоб аст. Хушбахтона, мо аз миллатҳое ҳастем, ки бузургон ва нобиғагонеро ба дунё додааст, ки хазинаҳои маънавии башариятро ғанӣ намудаанд. Кам миллате метавонад бо чунин теъдоди олимону адибон ва хазинаҳои китоб ифтихор дошта бошад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистони навбунёду соҳибистиқлоли мо ин озмун беҳтарин иқдом аст, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои шинохти ҳувияти миллии худ метавонад саҳми бориз гузорад.
Сеюм, ин озмун такони гарме ба ҷомеа дод. Арзиши китобро боло бардошт, мардумро ҳавасманд ба китобхонӣ кард, ки дар ин даврони эҳёи худшиносии миллӣ хеле муҳим аст.
Чаҳорум нуктае, ки пас аз  амалӣ гардидани Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба мушоҳида меояд, ин аст, ки ин иқдоми Пешвои миллати тоҷикон мисли чандин иқдомҳои дигари гузаштаи ӯ на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз он таъсиргузор гардидаву ангезишҳо дод. Биёед, ба ёд орем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, чӣ гуна намунаи омӯзиш барои фароҳам овардани сулҳу салоҳ дар байни гурӯҳҳои даргир гардид. То дер муддате ин таҷриба намунаи ибрати кишварҳои дигар шудаву аз ҷониби онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта буд. Иқдоми дигари Пешвои миллати мо дар мавриди роҳандозӣ намудани танзими маъракаву суннатҳо, вақте ки натиҷаҳои мусбии зиёде дод, низ  падидаи неку ибратбахш барои дигар кишварҳо гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби ҳамсоягони ҳамҷавори мо ӯзбекҳо мавриди қабул ва истифода қарор ёфт. Ҷолиб аст, ки имрӯз  таҷрибаи танзими маросиму оин ва анъанаҳои моро кишвари Озарбойҷон мавриди омӯзиш ва истифода қарор додааст. Ва аминем, ки ин таҷриба идома меёбад.
Ҳамчунин, иқдоми Пешвои миллати мо дар мавриди ҳифзи оби тоза, захираҳои обҳои ошомиданӣ дар дунё аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва  мавриди амал қарор гирифт.
Инак Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” низ ҳамон ангезишҳои дунёиро метавонад бидиҳад. Зеро падидаи кам шудани китобхонӣ, коҳиши нашри китоб ва харидории он дар ҳама ҷаҳон масъалаест, ки ҷомеаро ба ташвиш гузоштааст.  Аммо, бубинед, ки боз ҳам хиради зоти Пешвои миллати мо пешдасти ҳодисот гардид ва дар ҳалли ин мушкил бо ташаббуси ҷолиб ҳиссагузор шуда, қадамҳои устувори аввалро гузошт ва банда аминам, ки ин иқдоми Пешвои миллатамон низ мактаби омӯзиш барои дигарон хоҳад буд. Пас аз баргузории Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” падидаи дигари хурсандибахш дар муносибат ба китоб ва сиёсати китобдорӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллатамон ба зуҳур пайваст. Ин хушхабар аз дастгирии озмуни мазкур ва ҳамасола тарҳрезӣ гардидани он аз ҷониби Пешвои миллат буд. Дар Паём ироа гардид, ки  минбаъд ҳар сокини Тоҷикистон вазифадор аст, ки камаш панҷ китоби бадеӣ мутолиа кунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатӣ, идораву ташкилотҳо вазифадор карда шуданд, ки барои харидории китобҳо минбаъд маблағҳо ҷудо кунанд. Воқеан, ин ташаббусҳои Пешвои миллат падидаҳои бесобиқаанд ва умеди моро ба эҳёи муҳити китобхонӣ, баланд шудани сатҳи фарҳагиву маърифатии сокинони кишвар ва хусусан, наврасону ҷавонон умедвор мекунанд.
Бо вуҷуди бори аввал тарҳрезӣ шуданаш, бояд гуфт, ки озмун хеле хуб ва ҳамаҷониба оқилона тарҳрезӣ шуда буд. Ҳама номинатсияҳои пешбинишуда низ ҳадафноку бамаврид таҳия гардидаанд. Танҳо дар мавриди номинатсияи “Шоҳҷоиза” андешае пешниҳод гардид, ки ин номинатсия набояд алоҳида роҳандозӣ шавад. “Шоҳҷоиза” бояд ҳосил ва натиҷаи ҷамъбасти кори номинатсияҳои дигар, яъне кулли озмун гардад. Яъне аз байни ғолибони ҳар номинатсия барандаи “Шоҳҷоиза” муайян карда шавад ва ин ба гумони мо андешаи дуруст аст.
Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди  бори аввал гузарондани озмун довталабон ба он асосан бо масъулияти баланд ва омодагии ҷиддӣ  омода буданд. То ҷойе, ки барои ҳакамон  муайян кардани ғолибон ва соҳибҷоизаҳо сахт мушкил гардид, зеро теъдоди довталабони сазовори ҷоизаҳо зиёд буданд. Пас аз ин қадар омодагиҳои ҷиддӣ ва тайёриҳои пухта, шоиста нест, ки довталабони сазовори ҷоиза дилшикаставу ноумед аз озмун бозгарданд. Аммо танҳо се ҷоиза: яъне яктоӣ ҷойҳои аввалу дуюму сеюм, ба андешаи мо барои қадрдонии сазовори довталабон кифоя нест. Ва ин боиси дилхунукии иштирокчиён дар озмунҳои минбаъда метавонад шуд. Довталабе, ки сазовори ҷоиза набуд, худ инро ҳис хоҳад кард ва дар оянда омодагии беҳтар хоҳад дид. Аммо барои довталабе, ки арзанда буду бе ҷоиза монд, хуб нахоҳад шуд.  Аз ин рӯ, аввалан пешниҳод мекунем, ки минбаъд, дар озмунҳои оянда теъдоди  ҷойҳои дуюм ва сеюм сетоӣ бошанд.
Хеле хуб шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар фавран як  ҷоизаи махсус ва чанд ҷоиза барои ҳавасмандкунии кадбонуҳои китобхон, довталабони куҳансол ва иштирокчиёни хурдсол роҳандозӣ шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, чандин нафар довталабони сазовор бе ҷоиза монданд.
Аз ин рӯ, пешниҳоди дигар ин аст, ки теъдоди ҷоизаҳои хоса бештар бошанд ва мувофиқи талаботи пешниҳодшуда дар озмун барои сифатҳои дигари довталабон, аз ҷумла саҳнаороӣ, ровигӣ, луғатдонӣ ва ғайраҳо низ, хуб мебуд, ҳадалимкон ҷоизаҳои махсус таъсис дода шаванд.  Ба ин тариқ, дар оянда  ҳавасмандии довталабонро  ба касбу ҳунарҳои дигар, аз ҷумла забоншиносӣ, ровигӣ, ҳунарпешагӣ, барандагӣ ва ғайраҳо метавон  бедор кард.
Мо аминем, ки комиссияи бонуфузи Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки тавонистанд, озмунро ба падидаи дурахшони замони муосир табдил диҳанд, низ метавонанд, бо таҳриру иловаҳои даркорӣ  сатҳи онро боз ҳам баландтар бардоранд ва саҳми бузурге дар  пешрафти маънавиёти кишвар гузоранд.
Яъне Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ин сапедадами дониш бо ҳузури ҳамарӯзаи худ ҳаёти маънавии кишварро боз ҳам равшантар хоҳад кард.

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед