сиёсат
ВЛАДИМИР ЖИРИНОВСКИЙ: "ТОҶИКИСТОН ҚАЛЪАИ БРЕСТИ МО ДАР УМҚИ ОСИЁСТ"
Сарвари Ҳизби либерал-демократии Россия Владимир Жириновский чанде пеш дар нишасти матбуотии ҳизбаш Тоҷикистонро «қалъаи Брести мо дар умқи Осиё» ном бурд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки сиёсатмадори маъруфро ҳадаф аз чунин ташбеҳ чӣ буд? Албатта, таъкиди аҳамияти ҳаётан муҳими мавқеи стратегии Тоҷикистон барои минтақа!
ЧӢ ҚАДАР МАКТАБ ЗАРУР БОШАД, БОЯД СОЗЕМ
Владимир Волфович аз дастгирии сохтмони макотиби русӣ дар кишвари мо даъват ба амал овард. Сухан аз бунёди 5 муассисаи таълимӣ мерафт, ки аз хусуси он президентҳои ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 17 апрели соли 2019 дар мулоқоти Москва созишнома ба имзо расонда буданд. Бино ба маълумоти муовини аввали раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова, ФР барои сохтмони онҳо, ки ҳар кадом барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст, шаш миллиард рубл ҷудо мекунад. Тавре «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, ин мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.
«Мо ин созишномаро тасдиқ мекунем. Ман, умуман, тасдиқкунии чунин созишномаҳоро аз байн мебардоштам», - изҳор дошт Жириновский. «Тоҷикистон хоҳиши мактабҳо, китобҳо, театрҳо ва омӯзгорони русӣ мекунад. Мо бошем, «тасдиқкунӣ» мегӯем. Чӣ қадар мактаб зарур бошад, ҳамон қадар бояд сохт. Зеро ин нишони қаробат ба фарҳанги русист. Ҳамоне, ки мо дар тамоми кишварҳои ИДМ дидан мехоҳем. Аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон дар ҷои аввал аст», - изҳори сипос кард Владимир Волфович.
ТОҶИКИСТОН БОЯД АЗ ДАСТГИРИИ МАХСУС БАРХӮРДОР БОШАД
Роҳбари либералҳо таъкид намуд, ки Тоҷикистон бояд дар меҳвари таваҷҷуҳу дастгирии махсус бошад. Зеро дар қаламрави марзӣ бо Россия қарор дорад. «Ин қалъаи Брести мо дар умқи Осиё мебошад», - гуфтани Владимир Волфович домани мавзӯъро густурдатар карда, ба сиёсат ва амният пайваст. Сарвари ҳизб аз диловарии марзбонони ҷасури тоҷик ёдрас шуда, иброз дошт, ки онҳо ҷон ба каф гирифта, ҳамлаҳои ҷангиёнро бозмедоранд, вагарна силоҳшӯрон «тамоми Осиёи Марказиро хоку туроб карда», ба Россия меоянд.
Ӯ мутмаин аст, ки Россия бояд дар таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳарчи бештар ёрӣ расонад. «Дар он тарафи соҳил ҷанги ҳақиқӣ рафта истодааст, ки тӯлонӣ хоҳад буд. Қариб ҳар рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ қасди рахнаи сарҳади давлатӣ мекунанд, марзбонони тоҷик ҳалок мешаванд. Мо бояд тамоми ёрии заруриро расонем, то ки ин хатарҳо рафъ ва амнияти марз таъмин гардад", - гуфт сарвари ҲЛДР.
Ин таъкиди сиёсатмадор ҳамсадо ба нигаронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд: «Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд».
Бидуни шак, марзи Тоҷикистон барои фазои бузург марзи ҳаёту мамот гаштааст. Зеро дар он тарафи Панҷ солҳост, ки "Толибон" алайҳи ҳукуматдорон шӯрида, дар бештари қаламрави Афғонистон нуфуз кардаанд. Бар замми ин, ду соли охир баъди миёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия шикаста шудан, ағлаби ҷангиёни он рӯ ба Афғонистон овард, дар қарибии сарҳади Тоҷикистон хатари маргбори нав падид омад. Аз ин хотир, дар ҳақиқат Тоҷикистонро метавон қалъаи Брест номид. Бо як таҳрир. На танҳо барои Россия, балки барои тамоми кишварҳои ИДМ.
Мавриди ёдоварист, ки аввали моҳи ноябри соли 2018 Владимир Жириновский зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуда буд ва онҳо доир ба ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои шарикони стратегӣ суҳбати муфиде доштанд. Баъдан Владимир Волфовичро дар Ҳисор дар хони зери токзори боғбони номӣ Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов бо ғизои миллии қурутоб зиёфат намуданд, ки бо эҳтироми расми тоҷикӣ бо даст тановул намуд. Сипас, ҳамроҳи боғбонҳо ангур ҳам ҷамъ овард. Дар суҳбати гирди дастархон ишора кард, ки ин ҳама неъмат аз рӯзгори осоишта аст ва ҳаёти осудаи мардуми Россия бо ин сарзамини зархез иртибот дорад.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2020 №: 38 Мутолиа карданд: 1115