фарҳанг
ЗАБОН. АЗ ОСОРИ БУЗУРГОН БАҲРАИ БЕШТАР БАРДОРЕМ!
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои забондонию забономӯзӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Пешвои муаззами миллат на танҳо дар суханрониҳояшон ҷиҳати омӯзиши комили забони давлатӣ, эҳтиром ва қадршиносии он даъват ба миён меоваранд, балки дар асарҳои арзишманди илмии худ, аз ҷумла «Забони миллат-ҳастии миллат», аз тавоноӣ, вусъати комил, такомулу таҳаввул, асолат, имконот ва таърихи он бо далелҳои муътамад ва таҳлилҳои амиқ маълумоти муҳимро пешкаши мо мегардонанд.
Табиист, ки инсон аз рӯзи ба дунё омадан то ба охири умр бо сухан сару кор дорад ва маҳз ба туфайли дуруст, бамавқеъ корбаст намудани он чун шахси бофарҳанг, дорои маданияти баланд, худшинос ва бо фазлу камол дар ҷомеа мавқеъ пайдо менамояд. Ба таври дигар, симои шахсро бештар мазмуни маънавию фарҳангии ҳастии ӯ муайян мекунад. Аз он ки «асли ҳастӣ ҳастии маънавист» ва гузашта аз ин «ҳастии миллат дар маънавиёту фарҳанг ифода мешавад», баёнгари он - забон дар ҷомеа мавқеи муҳим касб менамояд. Вақти он аст, ки дар барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар доири масоили риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳусни баён, маданияти сухан, одоби муошират, дарки мантиқи сухан, каломи саҳеҳ, талаффузи дуруст, қолибҳои беҳтарини сухансозӣ, нишон додани нуқсонҳои сухан ва роҳ надодан ба онҳо мавзӯъҳо ва мавод ҷой дода шаванд. Дар баробари ин, барои омӯхтани суханварӣ донистани грамматика хеле муҳим мебошад. Дар дарсҳои забони тоҷикӣ, ки бештар асосҳои грамматика таълим дода мешаванд, ба омӯзгорон зарур аст, ки ба масъалаҳои ҳусни баён низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то шогирдон чизи сараро аз носара фарқ карда тавонанд ва ҷозибаҳои ҳусни баёнро дурусттар дарк намоянд, зебо сухан карданро омӯзанд. Барои зебо сухан кардан кас бояд сухан, қолибҳои шинаму хушоянди зиёдеро аз асарҳои адибон омӯзад, онҳоро ҳифз намояд ва дар гуфтору навиштораш истифода намояд. Ба дигар маънӣ, забонро кас аз ҳар чи бештар омӯхтани асарҳои бузургони сухан ёд мегирад. Аз ин рӯ, омӯзиши осори бузургон, хондани китоб аз тарафи Пешвои муаззами миллатамон беҳуда талқин намегарданд. Президенти мамлакатамон дуруст таъкид менамоянд: «Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок шудани ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Барои рангоранг, пуртаъсир намудани баён нақши иқтибос аз фармудаҳои бузургон, вожаҳои ҳаммаъно, воҳидҳои фразеологӣ ва зарбулмасалу мақолҳо хеле бузурганд. Тавре ки забоншиносон ишора намудаанд, забони тоҷикӣ аз силсилаи он забонҳоест, ки имкониятҳои беҳамтои ифодаи рангоранги айни як мафҳумро дорад. Муҳимияти донистани ифодаҳои муродифиро хонандагони мо бояд дуруст дарк намоянд. Дар вақти мутолиа бодиққат бошанд, ҳусни сухан, латофати гуфтор, баландии андешаи муаллифонро равшан шинохта тавонанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби дарсҳои иловагӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои маданияти сухан, ҳусни баён ва дар баробари ин, самаранок доир намудани корҳои беруназсинфии хусусияти маърифатидошта, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо олимону адибон, таъмини алоқамандии зичи хонандагон бо китобхонаи муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма раванди забономӯзии толибилмони моро вусъат мебахшанд. Дар ин росто нақши волидайни толибилмон дар канор нест. Фазилати маънавии падару модар сарчашмаест, ки ба омӯзиши забони фарзанд бетаъсир намемонад. Беҳтарин зиндагӣ, ки зиндагии бомаърифат аст, аз падару модарон низ вобастагии зиёд дорад.
Сухани бамаврид, нишонрас ва зебо нишони маданияти баланд, хирад ва камоли инсон ба шумор меравад ва ба қавли Унсурулмаолии Кайковус «Ҳар киро забон хуштар, ҳавохоҳони ӯ бештар». Умедворем, ки коршиносон, алоқамандони забону адабиёт андешаҳои худро ба хотири вусъат ёфтани маҳорати забономӯзиву сухандонии муҳассилин, дар зеҳни онҳо ҷой додани сухани дилпазир бо камоли садоқатмандӣ ва ифтихор пеш меоранд ва дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои судманди фарҳангпарварона мусоидат менамоянд.
Акбар АКРАМОВ,
шаҳри Хуҷанд, Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2020 №: 38 Мутолиа карданд: 888