logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА ИФТИХОРИ 27 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21 феврал дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчии ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шуданд.
Дар маҳали баргузории чорабинӣ намунаи тӯпҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ, норинҷаки дастӣ, воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, танку дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонанд дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулода ба таври фаврӣ ба мавзеъву минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбанд, шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки чунин мошинҳои сайёр ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст буда, ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати фавқулода ва ё шурӯъ шудани амалиёти ҷангӣ он метавонад бо ҳайати фармондеҳӣ ба мавзеъву минтақаи таҳдидкунандаи хатар ҳозир шаванд ва зимоми идора намудани вазъиятро бар уҳда гиранд ва аз ҳолати воқеӣ ба таври мустақим ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ хабар расонанд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, танку тӯп, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас доданд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Артиши ҷавони Тоҷикистон оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои зиёду назаррас амалӣ карда шудаанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ, имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд.
Баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол пойгоҳи тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ ва дигар шароитҳои муосири хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо афсарону сарбозон ё худ ҳайати идоракунандаи техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, ба онҳо дар самти хизмати содиқона ба Ватан ва ҳимояи ҳар зарра хоки Меҳан барору комёбиҳо орзу намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо маҷмӯи техникаҳои мухталифи ҷангӣ, ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар майдони сафороии он садҳо нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе саф кашида буданд, ташриф оварданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.
Баъди садои Суруди миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, ҳозирон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди  кишварро ба муносибати таҷлил аз 27 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири давлати соҳибистиқлол, рушду камоли артиш ва доир ба пуриқтидор гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.
Баъди анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.
Дар парад шунавандагони литсейи ҳарбӣ, афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ гузашти низомӣ доир намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии кишвар бисёр ҷавон бошад ҳам, лекин дар ин муддати кӯтоҳ он имрӯз ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя  ва таъмин намояд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Илова бар ин, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ инҷониб ба масъалаҳои бунёду таҷҳизондани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳбудии омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Баъд аз расми гузашти ҷузъу томҳо дар маркази майдони баргузории чорабинии ҷашнӣ, аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.
Ротаи қаровули фахрӣ иштирокчиёни доимии ҳама парадҳои ҳарбӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Омода кардани ротаи қаровули фахрӣ ба худ талаботи хос дорад. Интихоби номзадҳо вобаста ба қадубаст, симои миллӣ, қадамҳои росту сафӣ ва тибқи дигар тартибу низоми махсус роҳандозӣ мешавад. Муҳлати омода кардани ҳайати ротаи қаровули фахрӣ аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад.
Ҷузъу томҳои ротаи қаровули фахрӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ 27 солро таҷассум менамоянд, ки он ишора ба таҷлил аз 27 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни баргузории чорабинии ҷашнӣ, дар маркази майдони пойгоҳи ҳарбӣ, аз ҷониби навозандагони Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки шумораи онҳоро 150 нафар ташкил медиҳад, таҳти созҳои нафасӣ, бо маҳорати баланд платс - консерт намоиш дода шуд.
Дар гузашти ҳарбӣ ва ҳангоми иҷрои ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ, оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пӯлодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2020    №: 39    Мутолиа карданд: 932
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед