иқтисод
ХУРОСОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми соҳибкорону ширкатҳои хусусӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолию иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо гардондани симои шаҳраку деҳот ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамин аст, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд.
- Боиси хурсандист, ки соли сипаришуда Пешвои муаззами миллат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муассисаҳои нав ба ноҳия ташриф оварданд, - гуфт зимни суҳбат Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳия.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, Сарвари давлат нахуст дар шаҳраки Обикиики ноҳия бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад.
Бино ба иттилои Раҳматулло Сафарзода, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмон, навсозӣ ва таъмири 180 иншооти муҳими таъйиноти гуногун дар гӯшаю канори ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта 110 иншооти хурду бузург, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои тандурустию маориф, корхонаҳои истеҳсолӣ, майдончаҳои варзиш, марказҳои хизматрасонию савдо, мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Тавре аз суҳбат бо раиси ноҳия маълум шуд, соли сипаришуда қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 дарсад иҷро гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи самараноки замин, воситаҳои истеҳсолӣ, захираю имкониятҳои мавҷуда ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ рушду равнақи бахшҳои иҷтимоию иқтисодиро таъмин ва ба ғанӣ гардидани буҷети ноҳия мусоидат намуданд. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 155,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 5,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Истеҳсоли равғани рустанӣ, маҳсулоти ширӣ ва нахи пахта афзуд. 4 корхонаю коргоҳи нав мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, 2 коргоҳ аз нав барқарор шуд. Ба маблағи 196 миллион сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ иҷро гардиданд.
Дар ноҳия ба масъалаи таъмиру навсозии роҳҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дарозии умумии роҳҳои ноҳия 265 километрро ташкил медиҳад ва 73 километри онро роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 192 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ 308 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои зимистонгузаронӣ 56 ҳазор сомонӣ ва таъмири ҷории роҳҳо 62 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гашт. Бо иқдоми соҳибкорон ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ 2,6 километр роҳ таъмир, 3 пул бунёд ва 53,3 километр роҳ сангфарш карда шуд. Корҳо дар ин самт идома доранд.
Кишоварзӣ самти пешбарандаи иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад. Деҳқонони асилу пуртаҷриба ҳамасола дар роҳи таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 475 миллион сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли пешӣ ба андозаи 33 миллион сомонӣ зиёд аст.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳо-кимияти давлатӣ ва кулли сокинони ноҳияи Хуросон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намуда, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва зебоию ободии диёрро таъмин намоянд, - гуфт раиси ноҳия.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2020 №: 39 Мутолиа карданд: 897