logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. СОҲИЛИ СУРХОБ МЕТАВОНАД ҲОСИЛХЕЗ БОШАД!

Заминҳои соҳили дарёи Сурхоб дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод, ки  аз сангобу регзори беҳосил иборат мебошанд, тибқи ҳисобҳо бештар аз 20 ҳазор гектарро ташкил дода, солиёни  зиёд, балки асрҳо бекор хобидаанд. Дар кӯҳистон, ки ҳар ваҷаб замини корам арзиши баланд дорад, масъалаи истифодаи оқилонаи он сокинонро бетараф гузошта наметавонад.
Аз ин рӯ, ҳанӯз аз солҳои 90 - уми асри гузашта ин масъала, яъне ба замини корам табдил додани соҳилҳои дарёи Сурхобро Ҳоҷиқурбон Абдуҷабборов, роҳбари корхонаи «Наврӯз» ба уҳда гирифта, бо қувваи корхонаи худ аз қисмати чапи дарёи Сурхоб ба ин кор шурӯъ намуда буд. Соли 1997 бо усули инноватсионӣ бо сохтани садди ҳимоявӣ 100 гектар замини сангоб аз шустани дарё эмин нигоҳ дошта шуд. Ҳамон сол 40 гектари он ба аҳолӣ тақсим гардид, ки тайи 20 сол аст мардуми деҳаи Зафаробод аз ин заминҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, қитъаҳои боғ низ бунёд кардаанд.
Аз ин ба хулосае омадан метавон, ки имкони ба заминҳои корам табдил додани ҳазорҳо гектар замини сангоб дар ҳудуди ноҳия мавҷуд мебошад. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки соҳилбандӣ, сохтани дарғот, кашондани  хок ва амсоли ин корҳо маблағи калонро талаб мекунад, аммо таҷрибаи корхонаи «Наврӯз» нишон дод, ки барои ин кор на он қадар хароҷоти калон лозим аст.
Тавре дар суҳбат Ҳоҷиқурбон Абдуҷабборов иброз намуд, барои азхудкунии заминҳо сохтани роҳ, овардани канали об ва кашондани хок аз дигар мавзеъҳо лозим намешавад. Ҳамасола боришоти зиёд хоки кӯҳҳоро шуста ба дарё ва соҳилҳо мерезад. Дарёҳо бошанд, хусусияте доранд, ки ҳамеша соҳили рости худро мешӯянд ва соҳили чапро аз лойқа пур месозанд. Соҳилбандӣ танҳо вақти камобии дарё,  яъне тирамоҳу зимистон имкон дорад. Дигар кардани маҷрои об, бастани соҳилҳо, хокӣ кардани заминҳо тарҳ ва нақшаҳои махсусро дорад, ки оҳиста - оҳиста имконияти аз худ кардани заминҳо ба вуҷуд меояд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2020    №: 39    Мутолиа карданд: 722
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед