президент
Наврӯз - Соли нави ниёгон
бо шаҳомат таҷлил мешавад
феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва ба таҷлили соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи хуҷастапай ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Оид ба омодагӣ ба баргузории интихоботи порлумонӣ гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Мирзоалӣ Болтуев шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки то 8 – уми феврал 153 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, номи 148 нафари онҳо ба бюллетенҳои интихоботӣ ворид карда шуд. Бюллетенҳо сари вақт чоп ва ба ҳавзаҳои интихоботӣ дастрас гардиданд. Барои ташкил ва гузарондани интихобот 3067 участкаи интихоботӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва 20 участкаи дигар дар хориҷи кишвар омодаи кор гаштаанд.
Аз 24 – уми январ 24 нафар нозири дарозмӯҳлати байналмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (БДИПЧ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ намуд. Ғайр аз ин 508 нафар нозири байналмилалӣ номнавис шудааст, ки 164 нафар аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва 160 нафар аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Ҳамчунин намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, 24 ҳазор нафар нозири маҳаллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони номзадҳо ба вакилӣ аз ҳуқуқи назорату мушоҳида аз рафти интихобот бархӯрдоранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Мирзоалӣ Болтуев ва роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Суди олиро вазифадор намуд, ки ба таври озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи вакилони порлумониро таъмин намоянд.
Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки баҳри таъмини тамоми шароити зарурӣ дар участкаҳои интихоботӣ тадбирҳо андешанд.
Сипас Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба натиҷаҳои сафари кории худ ба вилояти Суғд, аз ҷумла доир ба омодагии иншооти обрасонӣ ба мавсими обёрии заминҳои корам ва рафти сохтмони зеристгоҳҳо ва хатҳои дохилии интиқоли нерӯи барқ миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод.
Дар мавриди баррасии масъалаи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он ки на ҳамаи заминҳои кишт пурра шудгор шудаанд, изҳори нигаронӣ карда, ба муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов баҳри тезондани кишти баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ, гузарондани ярмаркаҳои фурӯши тухмӣ ва ниҳолҳо ва ҳамчунин кушодани мағозаҳои фурӯши тухмӣ ва ниҳолҳо ва тайёрии ҳамаҷониба ба кишти пахта супоришҳои мушаххас дод.
Дар мавриди таҷлили иди Наврӯзи хуҷастапай таъкид гардид, ки он чун иди Соли нави ниёгон бояд бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо эҳёи анъанаҳои пурифтихори наврӯзӣ истиқбол гирифта шавад. Ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз баҳри расондани кӯмак ба ятимону бепарасторон, хона-интернатҳо, пирону барҷомондагон ва дигар эҳтиёҷмандон чораҳо андешанд. Таъкид гардид, ки соҳибкорони боҳиммати мамлакат низ дар кӯмакрасонӣ ба мӯҳтоҷон бояд фаъол бошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки гузарондани хатнасур ва ҷашнҳои арӯсии фарзандони оилаҳои камбизоат ба таври дастаҷамъона бо кӯмакҳои хайрияи саховатмандон бояд ба ҳукми анъана дарояд.
Зимни машварат ба масъулини дахлдор ҳамчунин оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-2», «Нуробод-1», Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3530