фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «АДИБОНИ МАШҲУРИ ҶАҲОН»
Дар филворди навбатӣ номи адибони машҳури ҷаҳон ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи ҲИЗБУЛЛОҲ АШУРОВ, сокини шаҳри Исфара
Масъули рубрика
ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА
ҶАВОБ БА «САВОЛҲО БАРОИ ҲОЗИРҶАВОБОН» аз 14 феврали соли 2020
1. Моҳҳои январ, март, май, июл, август, октябр ва декабр, 2. Лас – точка (нуқта), 3. Боз ҳам дар 4 дақиқа, 4. Ду – най, 5. Тар мешавад. 6. Панҷто.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
ХИРАД ВА МУҲАББАТ
Рӯзе зане аз хона берун баромад ва дар ҳавлӣ се мӯйсафедро дида:
- Марҳамат ба хона дароед, то чизе нӯши ҷон кунед, - таклиф кард ӯ.
- Мо якҷоя ба хона даромада наметавонем,- ҷавоб доданд онҳо.
-Барои чӣ? - ҳайрон пурсид соҳибхона.
Яке аз онҳо гуфт:
- Ин пирмард Дороӣ, дигарӣ Саломатӣ ва ман Муҳаббат ном дорам. Ба хона даромада, бо шавҳарат маслиҳат намо, ки кадоми моро мепазиред.
Зан шавҳарашро аз асли кор огоҳ намуд. Шавҳар аз ғояти хурсандӣ гуфт:
- Биё Дороиро даъват намоем, то як умр муҳтоҷ набошем.
Завҷааш эътироз кард:
- Азизам, чаро Саломатиро даъват накунем?
Духтарашон, ки дар кунҷи хона нишаста буду ин ҳамаро мешунид, наздашон омада, гуфт:
- Биёед, Муҳаббатро даъват созем, то дар кошонаамон меҳру шафқат ҳукмфармо бошад!
Падару модараш ба ин пешниҳод розӣ шуда, ба хона Муҳаббатро даъват карданд. Чун Муҳаббат сӯи хона равон шуд, ду пирмарди дигар низ дунболаш рафтанд. Зан дар тааҷҷуб афтода, аз онҳо пурсид:
- Ман танҳо Муҳаббатро даъват кардам, чаро шумо ҳам меоед?
Се пири нуронӣ якбора гуфтанд:
- Ҳар ҷое, ки муҳаббат бошад, он ҷо дороиву саломатӣ низ ҳаст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
- Фардо ба роҳи худаш. Алҳол мавриде шудааст, ки аввал имрӯзро бубинем. Амиқтар бубинем, ки дар чӣ ҳолем, ба чӣ машғулем? Ҳоламон бад бошад, чӣ хел беҳ карда метавонем? Ҳамин чизҳоро, ба фикри ман, донистану гирифтан лозим. Газетаҳойи русӣ ҳамин корҳоро мекунанд.
* * *
Ин ҷо, ки манам, номаи дилбар кӣ расонад?
Дар дӯзахи сӯзон нами Кавсар кӣ расонад?
Гирам, ки дили ман чу кабӯтар парад он ҷо,
Ин номаи маймун ба кабӯтар кӣ расонад?
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 14 феврали соли 2020
Расул Ғамзатов
Муҳаммад Ғоиб
Масъули рубрика
ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Виктор Гюго
Ҷавони муаддаб, вале содаву зудбовар, ки доим ришу мӯйлаби Виктор Гюгоро тоза мекард, боре бо ҳаяҷон гуфт:
- Устод, медонед, ки ситораи думдор наздик аст ва дунё, аниқ, ба охир мерасад? Аз рӯи шунидам, тамоми ҳайвонҳо дуюми январ ва одамон чоруми январ бояд бимиранд.
- Эй Худоҷон, сеюми январ кӣ ришу мӯйлаби маро тоза мекарда бошад,- мегӯяд Гюго, ки содагии шогирдашро медонист.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
МОДАР ҒАЙБДОН АСТ
Ғайбдони маъруф Волф Мессинг солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Берлин рӯирост ҷангу хунрезӣ, қатли ҳазорон одамони бегуноҳро маҳкум карда, шикасти Олмони фашистиро пешгӯӣ менамуд. Фашистон таъқибаш карданд ва ӯ бо ранҷи алим гурехта, ба меҳанаш Полша баргашт.
Замоне ки ӯ «корд болои равған» дошт, ба модар пули зиёд мефиристод. Аммо модар ин пулҳоро сарф накарда буд. Волф аз модар сабаб пурсид. Модар гуфт: «Медонистам, ки рӯзе кисаат холӣ, бе як танга ба хона бармегардӣ…».
Ғайбдони маъруф сар ба зонуи модар гузошта, гирист ва гуфт: «Модар, ту дар ғайбдонӣ аз ман хеле бузургтарӣ!».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
АНДАРЗ
АВВАЛ БОЯД ХУД ХУШБАХТ ШУДАН ОМӮХТ
Боре, хирадманде роҳ кӯтоҳ мекард, ки мардеро дид зери бори гарон қомат камон шуда.
- Чаро худро гирифтори ранҷу азоб кардаӣ? – пурсид хирадманд.
- Ин ҳама ранҷ ба хотири хушбахтии фарзандону набераҳо мекашам, - посух дод мард. - Бобокалонам тамоми умр сарфи бахти бобоям кард, бобоям ба хотири хушбахтии падарам азият кашид, падарам бошад, барои ман. Ман ҳам то охирин нафас ранҷи рӯзгор таҳаммул хоҳам кард, то ки фарзандону набераҳоям рӯзҳои нек бинанд.
- Бигӯ, ки дар аҷдодат ягон нафар хушбахт буд?- суол кард хирадманд.
- Не, аммо фарзандону набераҳои ман ҳатман хушбахт хоҳанд шуд!- гуфт марди бадбахт.
- Бесаводро хат омӯзондани дигарон чӣ мондаю курмӯшро тарбияти уқоб? – пешона пурчин кард марди фозил. - Аввал худ хушбахт шудан омӯз, то донӣ, ки чӣ тавр фарзандону набераҳоро хушбахт созӣ.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД
5 ҚАТОРАИ ҒАЙРИОДӢ
Нақлиёти роҳи оҳан ба хотири он ки дар ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард, аз беҳтарин ихтирооти инсоният ба ҳисоб меравад. Ҳоло қатора дар тамоми гӯшаву канори олам васеъ истифода мешавад ва имрӯзҳо метавон намудҳои гуногуни онро вохӯрд.
Дарозтарин қатора
Соли 2001 ба ширкати BHP Billiton-и Австралия муяссар гардид, ки дарозтарин қатораи оламро истеҳсол намояд. Дарозии он 7353 метрро ташкил дода, аз 682 вагон ва 8 локомативи дизелӣ иборат буд. Мавриди зикр аст, ки қатора махсус барои интиқоли маъдани оҳан (беш 82 ҳазор тонна) аз кони Янди ба Порт Ҳедланд сохта шуд.
Таҳияи Комрон САФАР
РОКФЕЛЛЕР СЕНТЕР
Машҳуртарин, боҳашаматтарин ва бузургтарин маҷмааи идораҳои олам – Рокфеллер Сентер, ки масоҳаташ 89 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, дар қалби шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доман густурдааст. Марказ аз 19 иншооти серошёна иборат буда, бинои меҳварии он Ҷенерал Электрик Билдинг (70-ошёна, 266 метр) мебошад.
Маҷмаа бо эҳтимом ва маблағгузории миллиарддор Ҷон Рокфеллери хурдӣ, ки дар замонаш аз маъруфтарин чеҳраҳои хайрхоҳи ҷаҳон шинохта мешуд, эъмор гардид. Ин иқдомро ташаббуси навбатии башардӯстонаи ӯ ба қалам медиҳанд. Зеро сохтмони марказ соли 1930, ҳангоми буҳрони шадиди иқтисодии ИМА, оғоз ёфт ва барои бунёди он беш аз 40 ҳазор нафар ҷалб гашта, 250 миллион доллар харҷ мешавад.
Дар маҷмаа машҳуртарин ширкатҳои ИМА ва дунё, аз қабили Nintendo World Store, шабакаи телевизионии NBC, агентии иттилоотии Associated Press, Radio City Music Hall, ҷойгиранд.
Қобили зикр аст, ки маҷмааи Рокфеллер Сентер миёни муҳимтарин осори санъати меъмории кишвар дар мақоми дувум (дар ҷои аввал Донишгоҳи Томас Ҷефферсони иёлати Виржиния) қарор дорад. Дар ин бора соли 1970 Пажӯҳишгоҳи меъмории ИМА эълом дошта буд.
Ш. ШОКИР, тарҷума аз русӣ
ДАСТИ САХО БО АНДЕШАҲОИ ЗЕБО
Садио Мане, ҳамлагари дастаи «Ливерпул» ва тими миллии Сенегал, бо тавсифи маблағҳои ҳангуфташ иброз намудааст, ки: «Чаро бояд ман даҳ мошини «Феррари» дошта бошам? Ё 20 - то соати алмосӣ ва ё ду тайёраи шахсӣ? Ин чизҳо барои худи ман ва сулҳу суботи ҳамдиёронам чӣ лозиманд? Ман ҳатто маълумоти миёна надорам, аммо имрӯз ба шарофати футбол ба ин мартаба расидаам. Беҳтараш барои мардуми худ мактабҳо, майдончаҳои варзиш созам ё ба онҳо либосу пойафзол туҳфа намоям».
Ва ҳамин тавр ҳам кард. Имрӯз Мане ба сокинони камбизоати кишвари худ - Сенегал ҳар моҳ 70 - евроӣ кумакпулӣ медиҳад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
10 КИШВАРИ ХУРДТАРИНИ ҶАҲОН
Дар рӯи Замин 193 мамлакат мавҷуд аст, ки бо масоҳати худ аз ҳам ба куллӣ тавофут доранд. Агар Россия бузургтарин давлати олам бошад, кишварҳое низ ҳастанд, ки ҳатто аз шаҳрҳои аксари мамолик кӯчактаранд.
Ин навбат тасмим гирифтем, ки ба муштариён дар бораи мамлакатҳои хурдтарини олам маълумоти мухтасар манзур намоем.
10. Ҷазираҳои Сейшел
Ҷумҳурии ҷазираҳои Сейшел, ки дорои 115 ҷазира мебошад, дар ғарби уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст. Масоҳаташ 455 километри мураббаъ буда, аҳолиаш беш аз 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Калонтарин ҷазираи кишвар Маэ (142 кмІ) ба шумор меравад. Аз соли 1814 то 1976 ба ҳайати Британияи Кабир дохил мешуд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
РАФАЭЛ
Рассоми машҳур Рафаэл, ки ба кори худ муносибати ниҳоят ҷиддӣ дошт, ба касе гузашт намекард. Аз қазо, вақте сурати «Апостолҳо Пётр ва Павел»-ро мекашид, ду кардинал (рӯҳониёни баландрутба) ҷуръат карда, ба ӯ эрод мегиранд:
- Ба фикри мо, сурхии чеҳраи апостолҳо каме аз меъёр гузаштааст,- мегӯяд яке аз онҳо.
- Чӣ ҷои тааҷҷуб аст?- мепурсад рассом. – Ба хаёлам, вақте ёрони пайғамбар аз он дунё мебинанд, ки масҷидҳои сохтаи эшонро шумо барин рӯҳониён роҳбарӣ мекунанд, пеши Парвардигор аниқ аз шарм лола барин сурх мешаванд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ПӮСТЛОХИ АФЛЕСУН ОНРО ЧУН ЗАРФ ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Ширкати байналмилалии дизайнерии Carlo Ratti Associati мошинеро истеҳсол кард, ки бо иҷрои кор ва тамошобобиаш диққатҷалбкунанда мебошад. Мошини нав пӯстлохи афлесунро ба истакончаҳои биопластикӣ табдил медиҳад.
Бино ба гуфтаи намояндагони ширкати Carlo Ratti Associati (CRA) мошин, ки вазнаш беш аз 4 килограммро ташкил медиҳад, 1500 дона афлесунро коркард менамояд. Мошин аввал пӯстлохи онро хушк карда, пора-пора месозад, баъдан, бо кислотаи полилактикӣ омехта мекунад ва биопластикро ба вуҷуд меорад. Сипас, гудохта, ахиран бо принтерҳои 3-D истакончаҳоро чоп мекунад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
100 ФАКТИ ТАЪРИХӢ
Андешаи он ки таърих миёни дигар фанҳои таълимӣ дӯстдоштатарин маҳсуб меёбад, ҳақиқати бебаҳс аст. Фикр мекунем, ҳамасола шудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шумори ҳаводороне, ки ба омӯзиши таърих мароқ пайдо хоҳанд кард, бамаротиб меафзояд. Бо назардошти ин, тасмим гирифтем, ки дар тарғиби бештари таърихшиносӣ тавассути саҳифаи хондании «Шоми шанбе» саҳм гузорем. Барои навбати аввал 100 факти таърихиро, ки ба гумони ғолиб ҷолибу донишафрӯзанд, пешниҳоди шумо – хонандагони гиромӣ мегардонем.
1. Муҳорибаи миёни Британияи Кабир ва салтанати Занзибар, ки 27 августи соли 1896 ба вуқӯъ пайваст, ҳамагӣ 38 дақиқа давом ёфта, дар таърих ҳамчун ҷанги кӯтоҳтарин ба ҳисоб меравад.
2. Нахустин ҷопоние, ки ба Русия омад, Денбей – писари тоҷир аз Осака мебошад. Ӯ соли 1695 тавассути киштӣ ба соҳилҳои Камчатка расида буд. Вақте шоҳ Пётр I аз ин воқиф мешавад, Денбейро уҳдадор менамояд, ки дар Москва ба як гурӯҳ наврасон забони ҷопониро омӯзонад.
3. Дар замони ҳукмронии императори Россия Пётp I барои қабули арзу шикоятҳои мардум сохтори махсус – Рэкетмейкерство таъсис ёфта буд.
Таҳияи М. Суфизода
ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
6. Галилео Галилей
Олим ва мунаҷҷими Итолиё Галилео Галилей яке аз онҳоест, ки дар инқилоби илмӣ нақши муҳим бозидааст. Нахустин асбоби астрологӣ - телескоп, ки ба воситаи он Моҳ, Офтоб, ҷирмҳои осмонӣ ва фазои коинот назора мегардад, офаридаи ӯ мебошад. Дар замони хеш ба олим аз ҳар ҷониб фишор меоварданд, аллалхусус, касоне, ки ба даврзании Замин дар гирди офтоб шубҳа доштанд ӯро сахт маҳкум ва танқид менамуданд. Аммо ба монеаҳо нигоҳ накарда, дар ҷодаи илм гомҳояшро устувор мениҳод. Галилео Галилей соли 1642 даргузашт, вале назарияҳои илмиаш танҳо дар оғози асри XIX исбот ва пазируфта шуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
АННЕТ КЕЛЛЕРМАН
Ҳунарманд, нависанда ва шиноварзани барҷастаи австралиягӣ Аннет Келлерман (1886 – 1975) дар синни 6-солагӣ ба бемории пой гирифтор шуда буд. Волидонаш ҷиҳати пешгирӣ аз маъюбшавӣ ӯро ба мактаби шиноварии шаҳри Сидней супурданд. Дар синни 13 - солагӣ пойҳояш ба пуррагӣ дармон ёфта, дар 15-солагӣ, аллакай, дар мусобиқаҳои шиноварӣ иштирок менамуд.
Соли 1905 Аннети 18-сола бори аввал миёни бонувон кӯшиш намуд, то гулугоҳи Ла-Манш (миёни Фаронса ва Британияи Кабир)-ро шино карда гузарад, вале пас аз се талош ба он муваффақ нашуд. Ноомади корашро Аннет Келлерман чунин шарҳ дод: «Барои убур намудани Ла-Манш танҳо пурбардорӣ кофӣ нест, инчунин, қуввати мардона лозим аст». Ҳарчанд ӯ ба ин амал комёб нашуда бошад ҳам, шуҷоаташ дар саҳифаҳои таърих сабт гашт.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Сокинони кадом кишвар нафақа намегиранд
КЕНИЯ
Системаи нафақаи Кения танҳо 15 фоизи қувваи кориро фаро мегирад. Маблағ аз тариқи 3 барномаи иҷтимоӣ тақсим мегардад. Пардохтҳои Фонди миллии ҳифзи иҷтимоӣ. Аз ҳисоби кормандон ва корфармоён сурат мегирад. Нафақа барои хизматчиёни давлатӣ аз буҷети кишвар пардохта мешавад.
Бештари коргароне, ки ҳаққи гирифтани нафақаро доранд, то ба синни нафақа намерасанд. Алҳол синни нафақа аз 50 - солагӣ муқаррар шудааст ва масъалаи онро ба синни 60 расондан мавриди муҳокима қарор дорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
10 ФИЛМИ ТАСВИРИИ СЕРДАРОМАД
9. «Дар ҷустуҷӯи Немо» (Finding Nemo)
Филми тасвирии «Дар ҷустуҷӯи Немо» истеҳсоли киностудияи Pixar Animation Studios (2003) буда, ба хотири гиромидошти корманди киностудия Гленн Маккуин ба навор гирифта шудааст. Соли 2004 ҳамчун филми беҳтарини тасвирӣ бо ҷоизаи «Оскар» мушарраф мегардад.
Буҷети филм 94 миллион доллари ИМА буда, маблағи ҷамъовардаи он аз намоиши ҷаҳонӣ 940 335 536 миллион долларро ташкил медиҳад.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
БО «ШЕВРОЛЕ» ГӮРАМ КУНЕД…
Ҷорж Свонсон, сокини Эдэмсбурги Пенсилвания (ИМА), пеш аз ҷон ба Ҷаббор таслим намудан, аз маъмурияти қабристон чунин хоҳиш кард: ҷасади маро дар паси чамбараки мошинам гузошта, гӯр кунанд. Хоҳиши охирини майит барои тақводорон қонун аст. Маъмурияти қабристон гуфтаи ӯро ба ҷо овард. Вай якҷо бо мошини сап - сафеди тамғаи «Шевроле» гӯронда шуд. Барои аз дуздҳо эмин нигоҳ доштан, гӯрхонаро муҳр заданд. Ин амал танҳо ба беваи Ҷорҷ писанд наомад, зеро ӯ пас аз мурдани соҳиби мошин, чун дар зиндагиаш, дар бари ронанда савлат карда нишастан мехост.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2020 №: 39 Мутолиа карданд: 960