иқтисод
ВМКБ. ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН АСОСИ ТАМОМИ ДАСТОВАРДҲОСТ
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар нишасти матбуотӣ таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоятро дастоварди асосии соли сипаригашта унвон карда, зикр намуд, ки дар анҷоми муваффақи ин амал мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят, сохторҳои қудратӣ, рӯзноманигорон ва мардуми шарифи Бадахшон, бахусус ҷавонон, саҳмгузоранд.
Ба таъкиди ӯ таъмини волоияти қонун имконият фароҳам овард, ки вилоят дар иҷрои яке аз ҳадафҳои калидӣ – ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ гомҳои устувор гузорад. Дар ин самт раиси вилоят аз дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, зикр намуд, ки ҳамаи дархостҳои роҳбарияти вилоят вобаста ба ҳалли қазияҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи кӯҳии кишвар аз ҷониби Сарвари давлат дастгирӣ меёбанд. Бо вуҷуди мушкилот дар иҷрои Буҷети давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, соли гузашта тамоми маблағҳои барои дастгирии буҷети вилоят пешбинигардида аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пурра ва сари вақт гузаронда шуданд. Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба хоҷагии халқи вилоят бештар аз 186 миллион сомонӣ маблағи мақсаднок равона гардид. Бо кӯшиши мақомоти дахлдор буҷети худи вилоят (бо назардошти андози иҷтимоӣ) барзиёд иҷро шуд. Бақияпулии андози иҷтимоӣ дар вилоят 159 ҳазор сомонӣ кам гардид.
Як далели хушнудкунанда афзоиши пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар вилоят ва ноҳияҳои он ба аҳолӣ, бахусус соҳибкорон, мебошад. Ҳаҷми қарздиҳӣ соли 2019 нисбат ба соли пешӣ 14 миллион сомонӣ афзуд. Сармоягузории давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти вилоят дар муқоиса бо солҳои пеш хеле зиёд гардид. 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб 13 миллион сомонӣ ва дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят барои солҳои 2016-2018» 28 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 875 миллион сомонӣ татбиқ шуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар робита ба ҷудо намудани беш аз 80 миллион сомонӣ барои таъмини аҳолии маркази вилоят бо оби нӯшокӣ ва бунёди корхонаи коркарди партовҳо тасдиқ намуд ва моҳи марти соли равон амалисозии ин барнома шурӯъ мегардад.
Дар шаҳри Хоруғ сохтмони мактаби замонавӣ ва 6 майдончаи варзиш ба маблағи 2 миллион доллар шурӯъ гардида, корҳои асосӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор”-и ноҳияи Роштқалъа вусъати тоза мегиранд. Ҳамзамон, айни ҳол лоиҳаҳои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таъмини аҳолии он деҳаҳои вилоят, ки то ҳол бо неруи барқ таъмин нестанд, бо неруи барқи хушсифат тариқи бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ амалӣ мегарданд.
Корҳо дар самти пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят бо шабакаи ягонаи ҷумҳуриявӣ имсол ба анҷом расонда мешаванд. Соли гузашта дар вилоят истеҳсоли неруи барқ назар ба соли пешӣ зиёд шуда, ба бештар аз 192 миллион кВт - соат расид.
Барои навсозии мактабҳои садамавӣ ва муассисаҳои табобатӣ аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 80 миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳо дар ин самт то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Муассисаҳои табобатии вилоят давоми соли гузашта ба маблағи бештар аз 5 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гаштанд.
Раиси вилоят ба соҳибкорони вилоят изҳори сипос намуда, гуфт, ки бо маблағгузории онҳо соли гузашта дар қаламрави вилоят 200 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. То Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ боз 613 иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозӣ мешавад.
Дар баробари ин, раиси вилоят аз ҷой доштани камбудиҳо дар самти дастгирии соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори нигаронӣ карда, ислоҳи онҳоро аз вазифаҳои муҳими шахсони масъул арзёбӣ намуд.
Хабарнигорон ба саволҳои худ оид ба авзои демографии вилоят, таъмини кормандони муассисаҳои давлатӣ бо манзили зист, аз байн бардоштани изофанависӣ дар сохторҳои давлатӣ, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ташкили маркази тадқиқоти стратегӣ дар вилоят, тарбияи наврасону ҷавонон, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, пешгирии воридоти маводи пастсифати ғизоӣ ва машрубот, ба кор андохтани кони ангишти Равноби ноҳияи Дарвоз ва дигар масъалаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2020 №: 40 Мутолиа карданд: 760