logo

сиёсат

ҲАВОДИСИ «БАҲМАНМОҲИ ХУНИН». ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИЮ ИФРОТИИ ТТЭ ҲНИ

Таърих гувоҳ аст, ки моҳи феврали соли 1990 роҳбарону масъулони ташкилоти террористии ҲНИ бо истифода аз вазъияти бамиёномада (паҳн гардидани овоза дар бораи он ки гӯё Ҳукумат дар Душанбе ба арманиҳои аз заминҷунбӣ зарардида хонаҳои истиқоматӣ медода бошад) ошӯбу тазоҳуроти хунин доир сохта, сабабгори ҳалок гардидани одамон шуданд. Аммо ин баҳона танҳо рӯзи аввали тазоҳурот буд. Дар рӯзҳои минбаъда тазоҳургарон ба зудӣ аз арманиҳо фаромӯш карданд ва аз тарафи онҳо танҳо шиорҳои зиддиҳукуматӣ садо медод.
Баъдан, маълум гардид, ки издиҳоми тазоҳургарро муллоҳову рӯҳониёни ифротӣ ва манфиатҷӯю фурсатталаб, махсусан, масъулони ТТЭ ҲНИ ба майдон кашида, тавассути ин амалашон мехостанд, ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро татбиқ намоянд. Инчунин, равшан шуд, ки овоза дар бораи  ба арманиҳо додани хонаро наҳзатиҳо ба таври мақсаднок паҳн карда, одамонро дар муқобили Ҳукумат шӯр андохта будаанд. Дар асл мехостанд, ки аз ҳолати ҳамон замон (суст шудани пояҳои давлатдорӣ дар ИҶШС) сӯиистифода карда, вазъияти ҷумҳуриро ноором созанду ба истеъфои роҳбарони кишвар дастёб гарданд ва тадриҷан ба қудрат бирасанд.
Президенти вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд, ки: «Ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ!». Ӯ, инчунин, гуфтааст, ки «собиқ қозии ҷумҳурӣ А.Тураҷонзода шахсан овозаро дар бораи ба арманиҳо додани хонаҳо дар Душанбе паҳн карда буд».
Пас аз гузашти як рӯзи тазоҳурот издиҳомгарони ба макри наҳзатиҳо гирифторшуда кӯр - кӯрона ба амалҳои ношоиста даст мезаданд. Онҳо  намедонистанд, ки мавриди истифодаи террористони наҳзатӣ қарор гирифтаанд. Оқибат кор ба дараҷае расид, ки дар натиҷаи аввалин кӯшиши хиёнаткорона ва террористонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ дастикам 25 сокини кишвар кушта шуд.
Бо гузашти 30 сол аз «баҳманмоҳи  хунин», ин ҳодисаҳо ва, хусусан, дар ташкили он даст доштани рӯҳониёни ифротию террористони наҳзатӣ то ҳанӯз ба таври дуруст баҳогузорӣ нашудааст. Барои кушта шудани 25 нафар фарзанди тоҷик бояд террористони наҳзатӣ дар назди қонун ва мардум посух гӯянд. Масъулияти созмондиҳии тазоҳуроти феврали соли 1990 ва дар он кушта шудани одамон бар души ТТЭ ҲНИ аст. Амалҳои баъдинаи наҳзатиҳо, яъне дар додани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси марги 150 ҳазор нафар ва гурезаю бехонумон шудани  садҳо ҳазор гардид, парда аз рӯи асрори онҳо бардошт ва даст доштанашонро дар воқеаҳои февралӣ исбот кард.
Акнун аксари таърихнигорону муҳаққиқон мегӯянд, ки зарурати таҳқиқ ва баҳогузории амиқи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 ва аниқ намудани гунаҳкорони аслӣ беш аз ҳар вақти дигар ба вуҷуд омадааст. Аммо барои таҳқиқ ва таърихнависии дурусти ин ҳодисаҳо пеш аз ҳама зарур аст, ки аввал ба фаъолияту рафтори  тамоми иштирокдорони ин ҳаводис баҳои сиёсию ҳуқуқӣ дода шавад ва ҷараёни воқеаҳо таҳлил карда шаванд. Дар ин ҳолат хуб равшан хоҳад гардид, ки ошӯбҳои «баҳманмоҳи хунин» на аз тарафи мардум ва неруҳои дигари ҷомеа, балки маҳз аз ҷониби наҳзатиҳо роҳандозӣ шуда буд.
Ташкил кардани ошӯбҳои хунини баҳманмоҳ аввалин амали калони террористию тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ ба шумор меравад. Роҳбарону масъулони наҳзатӣ бо истифода аз ҳолати бамиёномада, ба амалҳои пасту разилона ва хоинонаю душманона даст зада, мехостанд дар ҷомеа нуфуз пайдо кунанд ва ҳокимияти сиёсиро ба даст оранд.
Он замон наҳзатиҳо бешарафонаю ноинсофона фазои ороми Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардумро бо амалҳои ноҷавонмардона ва рехтани хуни инсонҳо халалдор карданд. Онҳо ба хотири расидан ба мақсадҳои нопокашон аз зишттарин амалҳо ва ҷинояти мудҳиш қатлу ғорати инсонҳои бегуноҳ худдорӣ накарданд. 
Ҳамагон ба хубӣ медонанд, ки дар интиҳои солҳои 80 - уми асри ХХ, дар тамоми қаламрави собиқ ИҶШС мавҷи истиқлолу озодихоҳӣ паҳн гардид ва то ба марзи Тоҷикистон низ расид. Ҳодисаҳои ба «баҳманмоҳи хунин» монанд дар ҷумҳуриҳои дигар, назири Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистону Қазоқистон ҳам рух доданд. Аммо ҳаводиси баҳманмоҳ аз воқеоти он кишварҳо фарқ мекард. Яъне давоми «баҳманмоҳи хунин» ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин ҳаводис дар дигар кишварҳо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ нашуданд, вале маҳз дар меҳани мо боиси ҷанги бародаркуши панҷсола гардиданд? Посух басо одӣ ва равшан аст, чунки дар он кишварҳо созмонҳои террористие мисли ТТЭ ҲНИ  амал намекард. Маҳз ҳамин наҳзатиҳо буданд, ки мардуми Тоҷикистонро ба майдону сангарнишинӣ даъват намуда, байни табақаҳои мухталифи ҷомеа ҷудоӣ андохтанд ва мавҷи озодихоҳию истиқлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал карданд. Маҳз бо «шарофат» - и ҳамин наҳзатиҳо ҷанги бародаркӯшӣ сар заду боиси марги шумораи зиёди одамон ва харобию қафомонии кишвар гардид. Ин аст, натиҷаи фаъолият ва оқибати амалҳои зишту хоинонаи ТТЭ ҲНИ.
Имрӯз ашхоси соҳибқалам бар онанд, ки зарурати баҳогузории  воқеаҳои февралӣ фаро расидааст. Бигузор насли имрӯза низ аз воқеаҳои  гузашта дуруст бохабар шуда, дигар ба чунин хатогиҳо роҳ надиҳанд, яъне, ба макри наҳзатиҳо гирифтор нагарданд. Насли имрӯзаю ояндаи миллат бояд хуб бидонанд, ки сабабгорони асосии бадбахт кардани миллат ва ба вартаи нобудӣ тела додани давлат, яъне хунрезӣ дар баҳманмоҳи соли 1990 ва афрӯхтани ҷанги шаҳрвандӣ танҳо ва танҳо террористони наҳзатӣ буданд. Боз роҳбарону масъулони фирории наҳзатӣ нашармида бо мақсади ба даст овардани аҳдофи ғаразнокашон ва иҷрои супоришҳои хоҷагонашон фаъолияти иғвогаронаю душманонаашонро дар хориҷи кишвар идома медиҳанд. Онҳо сафедро сиёҳ мегӯянду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунанд. Дар бораи фарзандони барӯманди кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, Ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарфҳои носазо мегӯянд. Шояд террористони наҳзатӣ гумон доранд, ки мардуми тоҷик боз ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Аммо дигар чунин нест. Тамоми мардум ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳам медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ҳоло як гурӯҳаки заифу нотавон ва дастнигари баъзе доираҳои хориҷии манфиадор асту аз дасташ коре намеояд. Дур нест он рӯзе ки наҳзатиҳои террорист барои амалҳои ҷинояткоронаи содиркардаашон, аз ҷумла барои «баҳманмоҳи хунин» дар назди қонун ва мардум ҷавоб мегӯянд.

Дилшод МУЛЛОЕВ, мудири шуъбаи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2020    №: 40    Мутолиа карданд: 964
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед