маориф
БУДУ НОБУДИ МТМУ № 149. ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ, КИ СОХТМОНАШ СОЛҲОСТ ТӮЛ МЕКАШАД
Бунёди муассисаҳои таълимӣ дар нуқтаҳое, ки аҳолиашон зиёд шудаанд, ногузир аст. Аммо баъзан мешавад, ки сохтмон дар ин ё он нуқта оғоз ёфта, минбаъд нотамом мемонад, чӣ бояд кард? Бинои нимбуди муассисаи таълимие, ки мо дар борааш маълумот медиҳем, дар шаҳри Ваҳдат айнан чунин мушкил дорад.
СОКИНОН АЗ МУРОҶИАТ ХАСТА ШУДААНД
Сохтмони муассисаи таълимӣ, ки агар пурра бунёд меёфт, МТМУ № 149 мешуд, дар деҳаи Истиқлолияти деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат 5 сол боз нотамом боқӣ мемонад. Мо ба суроғи асли масъалаи мазкур ба шаҳри Ваҳдат рафтем. Нахуст бо сокинони деҳаи Истиқлолият суҳбат оростем, то ба масъала рӯшанӣ андохта шавад.
Ҳабиб Ҳакимов, пирамарди 86 - сола чунин арзи ҳол кард: «Чанд сол пеш ҳамин ҷо бо ҳамроҳи ҳамдиёрон чанд араб омад. Пойдевори мактаби мазкурро рехтанд. Ошёнаи аввал бардошта шуд, сутунҳои ошёнаи дуюм қад кашиду тамом. Инак, аз 5 сол зиёд мешавад, ки бино нимбуд истодааст».
Ғулом Ганҷалов, сокини фаъоли деҳа, мегӯяд: «Дар деҳаи мо 3000 хоҷагӣ ҳаст. Муассисаҳои таълимии №№ 25 ва 73 аз сабаби нарасидани ҷойҳои нишаст дигар хонанда қабул карда наметавонанд. Дар сармову гармо кӯдакони синфҳои ибтидоӣ азоб мекашанд. Фарзандони калонсоламон барои таҳсил ба шаҳр мераванд, ки ин ҳам хароҷот дорад. Занон алоҳида ва мо - мардон алоҳида ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва дигар идораҳои дахлдор дар ин бора чанд маротиба мактуб навиштем, аммо ҳеҷ натиҷа нест».
Сокинон аз муроҷиат хаста шудаанд, ҳатто посбони бинои нимбуди муассисаи таълимӣ Нодир Олимов ба бунёди пурраи он умед надорад. Ӯ панҷ сол боз муҳофизи ин биност ва дар мавриди идомаи сохтмони он гуфт: «Ин мактаб ва масъалаи норасоии обро аз телевизион омада ба навор гирифтанд, ба онҳо гуфтем, бефоида аст, сад кас навишт, навори шумо ҳам ҳеҷ корро ҳал намекунад. Воқеан ҳам, ҳамин тавр шуд».
БЕШТАРИ МАСЪУЛОН ОГОҲ НЕСТАНД
Барои фаҳмидани асли қазия ва сабаби ноумедиҳои мардум, аз деҳаи Истиқлолият ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва раёсати маорифи шаҳр роҳ паймудем.
Сардори раёсати маорифи шаҳр Холмаҳмад Тӯраев кӯтоҳ чунин посух дод: «Сабаби мавқуф гузошта шудани сохтмони муассисаи таълимӣ дар пудратчӣ аст. Ӯ пули аз хориҷа воридшударо гирифта, ғайб задааст. Бо вуҷуди ин, мо бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ лоиҳаи нав тартиб додем, ки мувофиқи он мактаб на 4 - ошёна, балки 2 - ошёна бунёд меёбад, маблағашро ду тараф пардохт мекунад. Вале кай оғоз шудани корҳои сохтмониро дақиқ гуфта наметавонам».
Пас аз ин суҳбат ба муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷазода муроҷиат кардем, ки соҳаи маорифро сарпарастӣ мекунад. Аммо маълум шуд, ки ӯ низ аз лоиҳаи бино, маблағҳои дар он сарфшуда ва қисмати минбаъдаи он чизе намедонад. Бо маслиҳати Фарзона Хоҷазода ба пеши Вайсиддин Давлатзода, директори муассисаи давлатии сохтмони асосӣ омадем.
Вайсиддин Давлатзода гуфт: «Ин масъала чанд нозукӣ дорад. Сарпарасти асосии он Ҳусейн ном шаҳрванди Арабистони Саудӣ буда, сохтмон бо маблағгузории ӯ бояд пурра амалӣ мешуд. Сохтмон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр низ дур нест. Аммо хуб аст, агар дар ин бора муовини раиси шаҳр Шокирҷон Икромзода иттилоъ диҳад».
Шокирҷон Икромзода, ки масъули сохтмон дар шаҳр аст, сабабҳои ҳал нашудани муаммои мазкурро нисбат ба дигарон рӯшантар шарҳ дода тавонист: «Бо сокинони деҳаи Истиқлолият шахсан худам 6 маротиба вохӯрӣ карда, сабабҳои қазияро фаҳмондаам. Вале онҳо фаҳмидан намехоҳанд. Ҳолат аслан чунин аст: байни Ҳусейн ном шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва ҳамдиёри мо Қаҳҳор, ки ширкати муштараки сохтмонӣ доранд, дар сари маблағи бунёди муассисаи ёдшуда нофаҳмӣ ба вуҷуд омад. Гӯё маблағе, ки аз он кишвар ба Тоҷикистон интиқол шудааст, «ғайб» мезанад. Бо ҳамин сохтмон қатъ гардид. Мувофиқи маълумоте, ки мо дорем, ба сохтмон 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф шудааст».
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: СОХТМОН БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТ
Аз ҷамъи назарҳои баёншуда дарк кардем, ки масъала боз ҳам норӯшан боқӣ мемонад. Яъне, сохтмон дақиқан кай оғоз меёбад, маблағгузор кӣ ва ё кадом ниҳод мебошад, нақшаи сохтмон ҳаст ё не, номаълум аст. Ҳатто ному насаби пурраи сармоягузорро намедонанд. Барои дақиқтар кардани масъала ба сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдуқодир Зарифов муроҷиат кардем.
- Мо аз қазияи мактаби деҳаи Истиқлолият, ки барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда буду норасоии ҷои нишастро дар чанд деҳа аз байн мебурд, огоҳем. Сармоягузорро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷалб кард. Ин масъала ба суд ҳам кашида шуд. Ҳарчанд ки Вазорати маориф ва илм дар бунёди он саҳм надорад ва ҳалли масъала бар дӯши он нест, аммо агар масъулони шаҳр доир ба сатҳи тобоварӣ ва дигар ҷиҳатҳои техникии бино ба мо маълумоти саҳеҳ пешниҳод кунанд, метавонем, барои идомаи сохтмон ёрӣ расонем. Ростӣ, меъёру қоидаҳои бехатарӣ дар он қариб, ки риоя нашудаанд ва дар чанд ҷои пойдевори бино тарқишҳо ба назар мерасанд, - гуфт Абдуқодир Зарифов.
БА КӢ УМЕД БАНДЕМ?
Сабабҳои баҳсноки пулӣ, ки байни чанд кас сар задааст, имрӯз мардумро сарсон кардаанд. Вақте ки мо сокинонро ба суҳбат мекашидем, ба тарафи муассисаи нимбуд бо дареғ нигоҳ карда мегуфтанд: инро 2 сол пеш дар телевизион ҳам нишон доданд, ба интернет ҳам баромад, даргумон аст, ки бо як мақолаи шумо масъала ҳал шавад. Ба фикрам, мақолаи шумо ҳам бенатиҷа хоҳад монд.
Ба андешаи мо, ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шахсони олиҳиммату саховатпешаи кишвар бештар корсоз аст. Зеро, ба таъбири Пешвои миллат: “Агар ин кишварро мо обод накунем, касе аз берун омада, обод намекунад”.
Пас аз сафар ба шаҳр ба мо хабар доданд, ки раиси шаҳр супориши қатъӣ дод, ки то соли 2021 ба ҳар восита маблағ дарёфта, сохтмони онро ба анҷом расонанд. “Ҷумҳурият” тасмим гирифтааст, ки ҷараёни минбаъдаи сохтмонро пайгирӣ намояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2020 №: 41 Мутолиа карданд: 3206