порлумон
ИНТИХОБОТ. МОҲИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Интихобот дар масири таърих роҳи дарозеро тай намудааст. Ҳоло дар аксар давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сохти сиёсии идоракунӣ институти интихоботӣ амал мекунад. Интихобот шакли изҳори иродаи олии халқ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мафҳуми ҳуқуқии интихоботро ба ду маъно - субъективӣ ва объективӣ мефаҳманд. Ба маънои субъективӣ, ҳуқуқи интихобот гуфта, имконияти озоди шаҳрвандонро мефаҳманд, ки дар асоси он шаҳрванд дар маъракаи интихобот ширкат варзида, ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шуданро ба даст меорад. Ба маънои объективӣ бошад, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятеро дар раванди ташкил ва баргузор намудани маъракаи интихобот ба танзим медароранд.
Ҳуқуқи интихоботӣ ба мансубияти шаҳрвандии инсон тааллуқ дошта, он ба гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд дохил шудааст. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд оид ба интихобот аз синни 18 - солагӣ фаро расида, он ҳуқуқи субъективии шахс мебошад ва аз иродаву хоҳиши ӯ вобастагӣ дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои интихоботӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба монанди қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул гардидаанд.
Ҳоло мо дар остонаи баргузории боз чунин як маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем ва иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд дар он ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Зеро назди сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтани шахсоне, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, нишони саҳмгузорӣ ба фардои боз ҳам дурахшони Ватани азиз ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат хоҳад буд. Пас, биёед ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони хеш ва манфиатҳои имрӯзу фардои давлату миллат бетараф набошем. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як марҳилаи хеле ногувори сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро хуруҷ намуда, онҳо мехоҳанд, ки манфиатҳои нопоки худро бо ҳар роҳу восита дар амал татбиқ намоянд. Ҳар як давлату миллат дар муқобили ин гуна хатарҳо, дар он ҳолат истодагарӣ карда метавонад, ки дар он риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, адолати судӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ пойбарҷо буда, аз манфиатҳои давлату миллат ва фарҳангу тамаддуни хеш дар арсаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ва ҳифозат намуда бошад.
Муродҷон РАҶАБЗОДА, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2020 №: 41 Мутолиа карданд: 6760