logo

порлумон

НОМЗАДИ АРЗАНДА

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло  соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1989 баъди хатми Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун духтури интернаи беморхонаи клиникавии № 5 шаҳри Душанбе оғоз бахшидааст.

Солҳои 1990 - 2014 табиби ҷарроҳи дармонгоҳи № 7, беморхонаи клиникии шаҳрии № 2 - и пойтахт, ҷарроҳ, мудири шуъбаи ҷарроҳӣ ва ҳамчун сардухтур дар беморхонаи клиникавии шаҳрии № 3 пурмаҳсул ифои вазифа намуда, дар самти ободонию рушди беморхона хидматҳои зиёдеро ба иҷро расондааст. 
Соли 2014 ба вазифаи сардухтури Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии ёрии тиббии таъҷилии  шаҳри Душанбе” таъйин гардида, то соли 2017 чун сартабиби шинохта баҳри пешрафти соҳаи тандурустӣ ва боз  ҳам беҳтаргардонии сатҳи хидматрасонии тиббӣ ва ёрии таъҷилӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Шаҳрдории Душанбе фаъолияти назаррас ва навгониҳои офаридаи Ҷамолиддин Абдуллозодаро дар соҳаи тансиҳатии омма ба инобат гирифта, ӯро соли 2017 директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи давлатии тандурустии “Истиқлол” таъйин намуд, ки то ҳоло дар ин вазифаи пурмасъулият адои хидмат дорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода соли 2002 рисолаи номзадиашро таҳти унвони ”Ташхиси маҷмӯъ ва пешгирии норасоии кӯкҳои рӯдаи дувоздаҳангушта баъди буриши меъда бо усули Бидрот 2” муваффақона ҳимоя намуд. Соли 2011 дар мавзӯи “Ташхис ва ба танзимдарории ҷарроҳии рефлюкси гастрит ва рефлюкси эзофагит дар бемории санги сафро” рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвони профессор гардид.
Таҳти роҳбарии ӯ аз ҷониби шогирдонаш 5 рисолаи илмӣ ҳимоя гардид, 3 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ҷамолиддин Абдуллозода муаллифи 351 мақолаи илмӣ, 8 монография, 23 дастури методию амалӣ буда, дорои 48 пешниҳоди ихтироъкорӣ ва 11 навоварӣ дар соҳа аст. Ҳамзамон, мавсуф узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад.
 Хидматҳои бисёрсолаву арзандаи ӯ бо медали “Шафқат”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадр шудаанд. Бо нишонҳои “Аълочии  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, унвони духтури дараҷаи олӣ сарфароз гардидааст.
 Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи маъракаи азими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад.
Қаҳрамони нигоштаи мо низ аз зумраи онҳоест, ки аз миёни халқ баромадаву ҳамеша ҳамроҳу ҳамнафаси халқ аст.
Ин марди шариф ва инсони нексиришт ҳамчун табиби исавиҳуш дар ҷомеа мавқеи сазовор ва обрӯву эътибори зиёд гирифтааст. Аз ин ҷост, ки мавсуфро  халқ - сокинони пойтахти мамлакат аз ҳавзаи интихоботии № 23 ба ҳайси номзади арзандаи худ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ намудаанд, ки воқеан ҳам боиставу шоиста аст.
Аз ин рӯ, мо бояд  чун Ҷамолиддин Абдуллозода барин номзадҳои арзандаро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб намоем, ки онҳо,  пеш аз ҳама, манфиати сокинони пойтахт ва инчунин, халқу миллатро ҳимоят намоянд.
Интихобкунандагони арҷманд! Номзадии Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчун роҳбари кордону меҳрубон ва қавиирода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе арзанда буда, ба тарафдории ӯ овоз додани шумо нишонаи меҳанпарастӣ ва ифтихормандист.                    
                                                                
Мирзоамин МИРСАИДЗОДА,
собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 7780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед