logo

иқтисод

ГАРМХОНА. ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ БОСАМАР ИСТИФОДА МЕБАРАНД

Сокинони меҳнатдӯсти Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар онҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ҳар чи бештар гармхонаҳои хурд бунёд мекунанд ва бо ин роҳ бозорҳои баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоятро низ бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Имсол хоҷагидорони ноҳия дар майдони 2,62 гектар гармхона ташкил кардаанд.
Абдурасул Ғаффорзода, раиси Ҷамоати деҳоти Деҳмой, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки Ҳошимҷон Раҳмонбердиев, хоҷагидори ҷамоат, дар қитъаи наздиҳавлигиаш шаш гармхонаи хурд (ҳар кадомаш аз 1 то 6 - садякӣ) бунёд карда, дар онҳо кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ мондааст. Соли гузашта ӯ дар ин гармхона карам, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди сабзавотро парвариш намуда, ҳосили хуб гирифта буд. Абдуманнон Эгамов низ дар замини наздиҳавлигии худ бо ташкили гармхонаҳои хурд парвариши сабзавотро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти кишткардаи ӯ харидори зиёд дорад.
- Сокинон заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, то се - чор ҳосил ба даст меоранд. Зироаткорон имсол бори аввал дар майдони як гектар кишти картошкаи барвақтии зери плёнкаро ба роҳ мондаанд, ки ҳосили он то миёнаҳои моҳи май пухта мерасад. Замини наздиҳавлигии аҳолии ҷамоат беш аз 260 гектарро ташкил медиҳад ва наздики 200 хоҷагӣ парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, даромади хуб ба даст меоранд, - гуфт Абдурасул Ғаффорзода.
Ислом Аҳмадзода, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, гуфт, ки то имрӯз кишоварзон 56 тонна маҳсулот, аз ҷумла 22,4 тонна лимӯ, 7 тонна бодиринг, 12 тонна помидор ва 13,1 тонна навъи дигари сабзавот, истеҳсол намуданд.
Воқеан ҳам, ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои кишоварзону сокинони мамлакат имкони соҳиби замин гардидану шароити мустақилона зироат кишт намудан ва фоида ба даст овардан фароҳам омад.
Ҳомидҷон Эгамов, раиси кумитаи маҳаллаи Деҳмой, гуфт, ки агар идораҳои масъул хоҷагиҳоро бо навъҳои беҳтари тухмӣ таъмин созанд, барои пешрафти соҳа қадами ҷиддие хоҳад буд.
Имрӯзҳо сабзавоти тару тоза аз ҳисоби маҳсулоти гармхонаҳо дар бозорҳои ноҳия фаровон ва нархи он муътадил аст.
- Деҳқонону кишоварзони ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, баҳри рӯёндани ду - се ҳосил аз як замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд. Деҳқон дар фаъолияти хоҷагидорӣ мустақил аст, аз ин рӯ бештар ҳамон зироатеро кишту парвариш мекунад, ки фоидаи хуб диҳад. Роҳандозии фаъолияти гармхонаҳои хурд ва парвариши зироат дар зери плёнка дар фасли зимистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва гирифтани чанд ҳосил аз он ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад, - гуфт Ислом Аҳмадзода.
Таҷриба собит намуд, ки бунёди гармхонаҳои хурд ва оқилона ба роҳ мондани парвариши сабзавот манфиати хуби иқтисодӣ меорад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 769
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед