барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак, ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ хислату муҳтавои як давраи комили рушди Мисрро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори зиёд дошт.
Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии ин ҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам.
Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2020 №: 42 Мутолиа карданд: 4920