энергетика
НЕРУГОҲИ БАРҚИ БОДӢ. АЗ ИХТИРОЪ ТО ИННОВАТСИЯ
Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми декабри соли 2016) таъкид шудааст: «Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, ашхоси лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд”.
Дар мадди аввал, албатта, истифодаи оқилонаи имкониятҳои табиии ҷумҳурӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, Офтоб, шамол ва ғ.) меистад, ки дар ин самт пайгирӣ аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта бисёр муфид аст.
Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикӣ эътироф шуда, 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ маҳз дар ҷумҳурии мо ташаккул меёбанд. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқи обӣ дар ҷаҳон дар ҷойи шашум меистад ва бо пурра ба истифода додани НБО “Роғун” ба ҷойи дуюм ё сеюм мебарояд. Вале дар кишвари мо манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия, махсусан шамол, қариб ки истифода намешаванд. Ин дар ҳолест, ки то ҳозир дар кишварҳои ҷаҳон неругоҳҳои барқи бодии сохти ҳолландӣ ба таври васеъ дар истифодаанд. Чархи ин навъи неругоҳҳо аз се пара иборат буда, дар пояҳои баланд ҷойгир карда мешаванд ва ба таври амудӣ (вертикалӣ) давр мезананд. Афзоиши тавоноии онҳо ба воситаи зиёдкунии дарозӣ ва паҳноии параҳо ба даст меояд, аммо ин ба афзоиши вазни параҳо ва коҳиш ёфтани устувории тана оварда мерасонад, ки имконияти дароз намудани параҳоро маҳдуд менамояд. Дар ин ҳолат қисми зиёди қувваи шамол барои бартараф кардани қувваи кашиши замини парраҳои ба боло ҳаракаткунанда сарф мегардад.
Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат ихтироъкори ватанӣ Ҷумъабой Шамсиддинов, ходими илмии филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, соли 2014 шакл ва тарзи нави истифодаи бодро пешниҳод кард. Ин ихтироъ аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта, ба он нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 655 TJ, аз 24 ноябри соли 2014) дода шуд.
Сохти танаи (корпуси) неругоҳи ихтироъкардаи Ҷ. Шамсиддинов чунин аст, ки новобаста аз самти ҳаракати бод, метавонад онро қабул карда, чархро ба ҳаракат дарорад. Чархи неругоҳ ба таври уфуқӣ (горизонталӣ) давр мезанад. Ин имкон медиҳад, ки қувваи шамол фақат барои давр занондани чарх (на барои рафъи қувваи кашиши замин) сарф шавад. Гузашта аз ин, дар ин ихтироъ имконияти зиёд кардани шумораи парраҳо, ки самаранокии истифодаи бодро таъмин менамоянд, пешбинӣ шудааст.
– Қувваи вазиши бод вобаста ба маҳал, фасли сол, муҳит ва ғайра тағйирёбанда аст, – мегӯяд олим. – Ҳамрадиф, бод дар баландии муайян ба як самт ҳаракат карда, дар ҳолати ба қафо баргаштан баландии вазиш ва самти ҳаракатро тағйир медиҳад, яъне дар фазо бодҳои ба самтҳои муқобил ҳаракаткунанда ва гирдбодҳо мушоҳида мегарданд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, ихтирои мазкур дар шакли бисёрҷузъа, ки ҷузъҳои алоҳидаи он болои ҳамдигар ҷойгиранд, тарҳрезӣ гардид ва соли 2016 барои таҳлил ва баҳодиҳӣ ба Ташкилоти патентии авруосиёӣ пешниҳод карда шуд.
9 августи соли 2019 ин пешниҳод аз ҷониби Ташкилоти патентии авруосиёӣ, ки ба он намояндагони ҳашт мамлакати узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомиланд, ҳамчун ихтироъ эътироф гардид ва 31 октябри соли 2019 ба он патенти № 033489 дода, муаллифи ихтироъ ва дорандаи патент Ҷумъабой Шамсиддинов дониста шуд.
Дар ин ихтироъ тарз ва шакли нави то ҳол истифоданашудаи неругоҳҳои барқи бодӣ пешниҳод шудааст, ки метавонад барои самтҳои нави таҳқиқот асос гардад. Зеро, чуноне муаллифи ихтироъ мегӯяд, ҳамаи роҳҳои такмил ва афзоиши самараи неругоҳҳои бодии ба таври амудӣ даврзананда омӯхта шуда, дар ин замина таҷрибаю истеҳсол ба ҳадди ниҳоӣ расидааст, аммо неругоҳҳои уфуқӣ ҳанӯз не.
Намуди зоҳирии ихтироъ ҷолибу замонавӣ буда, метавон онро дар ҳудуди шаҳрҳо, ҷангалзорҳои тропикӣ, марғзорҳо, чарогоҳҳои баландкӯҳ, коргоҳҳои хурди кӯҳӣ мавриди истифода қарор дод. Зимнан, таҳқиқ, тарҳрезӣ ва дар истеҳсолот мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чунин ихтироъҳои пурарзиш метавонад кишвари моро на фақат ба ҳайси интиқолдиҳандаи қувваи барқи арзон ба кишварҳои ниёзманд, балки ҳамчун густаришдиҳанда ва паҳнсозандаи технологияи муосири истеҳсоли қувваи барқи арзон аз манбаъҳои барқароршаванда ба кишварҳои дур (ба мисли Австралия, кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо) дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Ниҳоят, ихтирои мазкур, ки дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамар аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия рӯйи кор омадааст, то андозае метавонад ба рушди соҳаи энергетика дар мамлакат мусоидат кунад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2020 №: 42 Мутолиа карданд: 12027