иқтисод
ХУҶАНД. АВЛАВИЯТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Муваззаф гардидани раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони аз 18 - сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, иқдоми саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Зеро маҳз бо соҳибкасб шудани аҳолӣ ва таҷрибаю дониш пайдо кардани онҳо дар давоми панҷ соли оянда имконияти дарёфти ҷойи кори мусоид бештар мегардад.
- Ниҳод баҳри татбиқи дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, соли сипаришуда бо мақсади ҳар чи бештар ба шуғл фаро гирифтани бекорон аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд понздаҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар онҳо 899 корхонаву ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок намуда, ба корҷӯён 9426 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Аз ин ҳисоб наздик 300 сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва нафарони зиёд барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Гулчеҳра Наҷмиддинзода, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба шуъбаи агентӣ барои пайдо намудани ҷойи кор 4606 шаҳрванд муроҷиат карда, аз онҳо 3049 кас, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ 1930 корҷӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид. Ба 30 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи беш аз 135 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд.
Дар асоси шартномаи тарафайн 90 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид. Баробари ин, 121 эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Бо мақсади рушди босамари захираҳои меҳнатӣ тавассути танзими ҷараёни ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии корҷӯён дар корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» 346 нафар ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат, аз ҷумла кор бо компютер, дӯзандагӣ, сӯзандӯзӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, кешбофӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, муҳосибӣ, барқчӣ ва ороишгари мӯй, ҷалб шуда, 1070 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид.
Давоми сол 188 сарбози аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва нафарони аз маҳбас озодшуда аз тарафи шуъба ба маблағи беш аз 116 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2020 №: 42 Мутолиа карданд: 873