иқтисод
ШАҲРИНАВ. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ ШУКУФОӢ
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи нави корномаҳои созандаву бунёдкоронаро дар мамлакат оғоз бахшид. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат эҳсос мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвар ин иқдоми наҷиби Президентро бо муҳаббату ихлоси бепоён чун ташаббуси таъминкунандаи сарсабзиву шукуфоӣ, равнақи бунёдкорӣ истиқбол намуданд.
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Шаҳринав дар қатори дигар сокинони соҳибиқболи ҷумҳурӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, дар ноҳия бунёди 401 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 226 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар 134 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Тавре Нусратулло Аюбзода, раиси ноҳия, изҳор дошт, бинобар сабаби рӯз ба рӯз зиёд гардидани муроҷиати шаҳрвандон ба нақшаи чорабиниҳо оид ба бунёди иншооти ҷашнӣ тағйирот ворид карда, бунёди 185 иншооти дигар, аз ҷумла 3 бинои шашошёна, як корхонаи мебелбарорӣ, 11 сехи дӯзандагӣ, 8 мағоза, 6 кошонаи ҳусн, 4 сартарошхона, 13 нуқтаи хизматрасонии маишию техникӣ, 3 майдонча ва 2 толори варзишӣ, 3 маркази савдо, дорухона, дармонгоҳи дандонпизишкӣ, маркази омӯзиши компютер, 2 чоҳи амудӣ, ба нақша гирифта шуд. Айни ҳол дар ин иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамчунин, тибқи нақша 1250 симчӯби фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонӣ иваз ва 3 трансформатори нав насб карда, ба масофаи 2450 метр хати нави об кашида шуд.
Дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кормандони корхонаву муассисаҳо беш аз 11 ҳазор бех ниҳоли сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ва 71 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонданд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар дар ноҳия ҳамчун иншооти ҷашнӣ сохтмони 3 корхонаи коркарди қуму шағал, корхонаи истеҳсоли хишт ва 3 фермаи мурғпарварӣ оғоз ёфт.
Алҳол дар ноҳия корҳои ободонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо низ раванди тоза касб намудаанд. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳолии маҳаллаҳо 125 вохӯрии гурӯҳи корӣ доир гардид, ки дар онҳо моҳияти дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба корҳои ободонӣ ба мардум фаҳмонда шуд. Ҳамчунин, бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда, ба шаҳрвандон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дода мешаванд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашн кӯчаҳои маркази ноҳия таҷдиду навсозӣ мешаванд ва дар ин иқдом саҳми соҳибкорони ватандӯст қобили таҳсин аст. Соҳибкорони ҳимматбаланд пайваста талош меварзанд, ки ташаббусҳои наҷиби Президенти мамлакатро дастгирӣ намуда, дар шукуфоиву сарсабзӣ ва ободонии диёр ҳиссагузор бошанд.
Як иқдоми наҷибе, ки дар ноҳия амалӣ шуда истодааст, бунёди дарвозаҳои зебою ҷолиб бо навиштаҷоти муаррификунандаи номи деҳаҳо мебошад. Оини дарвозадорӣ дар ашъори шоирони классикии адабиёти мо, хосса устод Абулқосим Фирдавсӣ, зиёд васф шудааст ва мавҷуд будани дарвоза дар шаҳрҳои қадим яке аз вижагиҳои фарҳанги аҷдодони мо мебошад.
Чун анъанаи неки ниёгон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сараввал дар 4 тарафи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёди дарвозаҳоро роҳандозӣ намуданд. Баъдтар ин анъана дар маркази вилояту шаҳру ноҳияҳо низ идома ёфта, дарвозаҳои зебо бо рамзҳои мунаққаш бунёд шуданд.
Хеле хуб аст, ки ин иқдом алҳол дар аксари манотиқи кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳринав низ, дастгирӣ ёфта, роҳандозӣ гашта истодааст. Ҳоло бо дастури раиси ноҳия Нусратулло Аюбзода, ташаббуси раисони маҳаллаҳо, ҷалби сокинон ва дастгирии соҳибкорони саховатпеша дар шоҳроҳ ва деҳаю маҳаллаҳо сохтмони 23 дарвоза идома дорад.
Дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, дар роҳи даромади деҳаҳо сохтмони 15 дарвоза оғоз ёфтааст. Дар ин амал саҳми соҳибкорон Ҷӯрабек Сафаров, Абдулло Ҷӯраев, Иззат Муродов, Миёдшоҳ Сафаров назаррас аст. Сокинони деҳоти Чуст, дар самти дарвозасозӣ пешсафанд. Дар ин ҷо бунёди 12 дарвоза идома дорад. Чанде пеш дар роҳи даромадгоҳи деҳаҳои Сангмела, Узун ва Чузии ин деҳот бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорон дарвозаҳои хеле зебову мунаққаш бунёд ёфтанд. Дар қатори дигар корҳои ободонӣ бунёди чунин дарвозаҳои зебою мунаққаш бо навиштаҷоти номи деҳаҳо ҳусни шоҳроҳу деҳоти ноҳияро афзудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мақсад дорад, ки раванди ободонию бунёдкориҳоро ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшанд то сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳия ин ҷашни бузургу муқаддасро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.02.2020 №: 43 Мутолиа карданд: 813