фарҳанг
ГУЗАР, ДЕҲА, МАҲАЛЛА Ё ЧАРО СОЛҲО БОЗ ЯК СУННАТИ ДЕРИНИ ШАҲРҲОИ БОСТОНӢ ТАҲРИФ МЕШАВАД?
Ҳини донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон устодамон, омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷик, шодравон Саттор Мухторов бо истинод ба муаррихи номии рус Бартолд дар мавриди вожаҳои қадимаи “гузар” ва “маҳалла” гуфта буд: “Ба гузарҳо тақсимбандӣ шудани шаҳрҳои қадима нишонаи таърихи то исломӣ доштани онҳо мебошад. Мутаассифона, баъди ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия калкаи русии “домуправление” ҳамчун “кумитаи маҳалла” тарҷума шуда ба сифати истилоҳи тақсимоти маъмурӣ-территориявӣ ба шаҳрҳо мансуб дониста шуд. Ин иштибоҳро баъдан дастандаркорони давлати шӯравӣ низ такрор карданд.”
Шаҳри Истаравшан дар радифи шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна Самарқанду Бухоро, Урганҷу Кӯлоб, Исфараю Панҷакент таърихи қадимаи то исломӣ дошта, аз замонҳои пешин қаламрави дохили шаҳр ба гузарҳо, гузарҳо ба кӯчаҳо ва кӯчаҳо ба тангкӯчаҳо ва мавзеъҳои атрофи шаҳр ба маҳаллаҳо, атрофи маҳаллаҳо ба деҳаҳо тақсим мешуданд. Маҳаллаҳо нисбат ба деҳаҳо дар мақоми болотар қарор дошта, замини чунин ҷойҳо соҳиби обҳои доимии ҷорӣ ва ҳосилхез буданд. Аз ин рӯ, табақаи доро ва миёнаҳоли шаҳр маҳаллаҳоро ҳамчун мавзеи баҳорнишини хеш истифода карда, бо фарорасии баҳор хонахез ба ҳавлиҳои дар маҳаллаҳо ҷойгиршудаи хеш, ки “ҳавлии боғ” номида мешуд, мекӯчиданд ва тамоми фаслҳои баҳору тобистону тирамоҳро дар он ҷо сипарӣ карда, бо оғози зимистон бо ҳосили дилхоҳи ғуноварда, хусусан қанор-қанор мавизҳои аз ангур хушккардаашон ба ҳавлии шаҳр бармегаштанд.
Гузарҳои дохили шаҳр бошанд, вобаста ба мансубияташон ба ин ё он ҳунари мардумӣ (аксари мардуми Истаравшан дар гузашта ҳунарманд буданд), бо номи он ҳунар номгузорӣ ва ёд карда мешуданд. Масалан, гузарҳои “чармгарӣ”, “собунгарӣ”, “кемухтгарӣ”, “шонатарошон”, “сангиосиётарошон”, “аллофон” ва ғайра.
Бо вуҷуди он, ки тасаллути русҳо дар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна зиёда аз 150 сол ва давлати шӯравӣ зиёда аз 70 сол идома дошт, чуноне ки дар боло зикр шуд, русҳо ба ҷои гузарҳо маҳаллаҳо ва маҳаллаҳоро ба кӯчаҳо тақсим карда буданд ва кӯчаҳо ба номи ин ё он шахсиятҳо ё вожаҳои инқилобию шӯравӣ номгузорӣ карда мешуданд, сокинони шаҳр қаламрави дохили шаҳрро бо вожаи “гузар” ва гузарҳоро бо номи куҳнаашон “гузари чармгарӣ”, “гузари собунгарӣ”, “гузари шонатарошон” ва ғайра - гӯён ном мебурданд ва ин ҳол ҳоло ҳам идома дорад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон давлати имрӯза роҳи мақсуди мардуми моро бо мароми неки ободию навсозӣ, эҳсоси наҷиби хештаншиносӣ, рӯй овардан ба мероси ниёгон ва арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаю расму оинҳои аҷдодӣ оғоз карда, эҳё намудани номҳои таърихӣ, зинда кардани номи ашхоси маъруф, иваз намудани номи маҳалҳои аҳолинишин ва муассисаҳо бо назардошти анъанаву суннатҳои миллӣ ва риояи меъёри забони давлатиро ба ҳукми анъана даровард. Дар вилояти Суғд ҳам номҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуда, вожаҳои “Ленинобод” ба “Суғд”, “Ӯротеппа” ба “Истаравшан”, “Ғончӣ” ба “Деваштич”, “Нов” ба “Спитамен”, “Қаробуллоқ” ба “Ориён”, “Тақаллӣ” ба “Суғдиён”, “Қайерма” ба “Ваҳдат”, “Янгикӯчак” ба “Сомониён” ва ғайра табдил дода шуданд.
Дар шаҳри Истаравшан, аз ҷумла номҳои ҷамоатҳои деҳоти “Фрунзе” ба “Савристон”, “Ленинобод” ба “Чорбоғ”, “Коммунизм” ба “Зарҳалол”, “Правда” ба “Қалъачаи Калон” ва деҳоти “Парчаюз” ба “Навганда”, “Сармисолиқ” ба “Ширинчашма”, “Қармиш” ба “Суғдиён”, “Қаросаққол” ба “Қадамҷо”, “Найман” ба “Файзи Истиқлол” ва ғайра иваз карда шуданд.
Бо мақсади зинда кардани номи ҳунарҳои мардумӣ ба як қатор кӯчаҳо номҳои “Чармгарон”, “Кордгарон”, “Даҳбедӣ”, “Кешбофон”, “Олкорон” ва ғайра дода шуданд, ки ин кор нодуруст буд, зеро дар шаҳр дар гузашта гузарҳо номи ҳунарҳоро доштанд, на кӯчаҳо.
Мутаассифона, он иштибоҳ ё хатое, ки русҳо дар мавриди тақсимбандии территориявии шаҳру маҳаллаву деҳот анҷом дода буданд, имрӯз ҳам идома дошта, вожаи “маҳаллаҳо”-ро ба шаҳр нисбат дода, маҳаллаҳои атрофи дохили шаҳрҳоро ҳамчун истилоҳ аз байн бурданд ва дар натиҷа “маҳаллаҳо” ба “деҳаҳо” табдил ёфтанд.
Бояд гуфт, ки ин хатои ом дар замони шӯравӣ ҳатто ба “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (Москва 1969) низ роҳ ёфта, мураттибони он вожаи “деҳ”, “деҳа”–ро “қишлоқ”, “қария”, “маҳалла”-ро “қитъае аз шаҳр, иборат аз якчанд кӯча” - гӯён шарҳ додаанд, ки ин ҳам ба ҳақиқат мувофиқат намекунад.
Академики шодравон, муаррихи номии тоҷик Аҳрор Мухторов дар китоби худ “Гузарҳои Ӯротеппа” (“Гузары Уратюбе”, Ташкент, “Чюлпон”, 1995) ақидаи дар боло баёндоштаи академик Бартолдро дар бораи шаҳрҳои қадимаи тоҷикон таъйид карда, навиштааст: “Солҳои 20-ум, хусусан 30-уми асри 20 топографияи таърихии шаҳри Истаравшан, мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон халалдор шуда, анъанаҳои қадимаи тақсимоти шаҳр ба “Даҳа” ва “гузар”-ҳо аз байн рафта, ба ҷояшон “Домуправления”-ҳо пайдо шуданд”.
Мувофиқи гуфтаи ин муаррих қаламрави дохили шаҳри Истаравшан то тасаллути русҳо ба ду “Даҳа” тақсим шуда, тарафи рости шаҳр “Охунон” ва қисмати чапи он “Хоҷафахриддин” номида мешуданд. То омадани русҳо қисмати “Хоҷафахриддин” дорои 27 гузар ва “Охунон” дорои 36 гузар будааст. Соли 1715 гузари “Сорбонон" ва соли 1836 гузари “Мӯлҷар” дар васиқаю санадҳо ҳамчун “Маҳаллаи Сорбонон” ва “Маҳаллаи Мӯлҷар” сабт гардидаанд ва баъдан дар натиҷаи васеъ гардидани ҳудуди шаҳр ин маҳаллаҳо дар забони мардум ба “гузар” табдил ёфтаанд ва имрӯз ҳамчун гузар ном бурда мешаванд.
Қаламрави дохили шаҳр имрӯз ба 22 маҳалла тақсим шуда, ҳар маҳалла дорои чандин кӯчаҳо мебошад. Вале, чуноне ки дар боло зикр гардид, сокинони шаҳр имрӯз ҳам ин мавзеъҳоро бо номи гузар ёд мекунанд. Маҳаллаҳои Тошбек, Ясӣ, Боботағо, Сари Мазор ва ғайра, ки имрӯз ҳам бо гузарҳои шаҳр ҳамсарҳад боқӣ монда, ба маҳали сукунати доимии одамон мубаддал гаштаанд, ҳамчун “деҳаи Тошбек”, “деҳаи Боботағо”, “деҳаи Маҳаллаи Ясӣ” ва “деҳаи Сари Мазор” (?) номгузорӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки вожаи “гузар”-ҳо имрӯз ҳам, чун дар Истаравшан дар забони сокинони шаҳрҳои қадимаи дигари Осиёи Миёна - Панҷакенту Исфара, Кӯлобу Бухорою Самарқанд ва Урганҷ боқӣ мондаанд ва то ҷое, ки банда огоҳӣ дорам, дар шаҳри Кӯлоб, шаҳри Ҳисор ва ҳатто дар деҳаи Қаротоғи шаҳри Турсунзода тақсимбандии дохили шаҳру деҳа ҳоло ҳам дар гуфтугӯи мардум бо “гузар” - гӯён ёд карда мешавад. Анқариб огоҳӣ ёфтам, ки дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба кори хайри бо гузарҳо номгузорӣ ёфтани кӯчаҳоро сар кардаанд, ки ин кор қобили пайравист.
Дар Афғонистони имрӯзӣ ҳам қаламрави дохили шаҳрҳои қадимаи Кобул, Ҳирот, Балх ва Мазори Шариф ба “гузар”-ҳо тақсим карда шудаанд.
Академик Аҳрор Мухторов дар китоби “Гузарҳои Ӯротеппа” бо истинод ба гуфтаи академик Бартолд менависад: “Арабҳо ҳангоми сохтани шаҳрҳо ба ҳар қабила маҳаллаи алоҳидаро ҷудо карда, ин маҳаллаҳо ба ғайр аз девори умумии шаҳр, боз деворҳои дохили маҳаллагӣ доштанд ва дарвозаҳояшон шабона баста мешуданд. Арабҳо ҳамин тарзи шаҳрсозиро ба Форс ҳам оварданд, масалан, сохтмони шаҳри Марв (воқеъ дар Туркманистони имрӯза) дар асрҳои XI ва XII ҳамин гуна сурат гирифтааст.”
Мавҷудияти вожаи “маҳалла” дар тақсимбандии дохили шаҳрии шаҳрҳои Хуҷанду Тошканду Қӯқанду Андиҷон касро ба чунин андеша меорад, ки ё ин шаҳрҳо дар замони пас аз тасаллути арабҳо сохта шуда ва ё таъсири фарҳанги шаҳрсозии арабҳо дар ин ҷойҳо бештар будаанд.
Албатта, равшан намудани ин масъала вазифаи олимону таърихшиносон аст, вале масъалаи ислоҳи он иштибоҳе, ки зиёда аз 150 сол боз дар рӯзгори шаҳрҳои бостонии тоҷикон салтанат дорад, амри зарурии замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба назари банда имрӯз бисёр фурсати муносибе фаро расидааст, ки баҳри ислоҳи ин масъала донишмандон ва масъулони соҳа бояд биандешанд, зеро он агар ислоҳ нашавад, истилоҳи гузарҳо аз забони мардум ҳам аз байн рафта, шаҳрҳои қадимаи кишвар аз суннати дерини хеш маҳрум хоҳанд шуд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, нависанда
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2020 №: 44 Мутолиа карданд: 671