иқтисод
ЗАМИН. БЕҲТАР НАМУДАНИ ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВӢ АЗ МАСЪАЛАҲОИ КАЛИДӢ БОҚӢ МЕМОНАД
Дар пайи ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат қариб ҳамасола садҳо гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад. Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон иттилоъ дод, ки ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мелиоратсия ва обёрӣ» таҳия гардида, дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
- Дар мавсими обрасонии соли гузашта аз тарафи истифодабарандагони об 81 дарсади ҳаққи хизмат пардохт шуд, ки нисбат ба соли пеш 3,9 миллион сомонӣ зиёд ва дар бист соли охир яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин мебошад. Идораҳои агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб бо 599 ҳазор истифодабарандаи об баҳри обёрии беш аз 541 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ шартнома баста, ба маблағи 80,4 миллион сомонӣ хизмат расонданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли пешӣ 886,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна, дар ҷумҳурӣ ҳар гектар замини обӣ бо 7,8 ҳазор мукаабметр об таъмин гардидааст.
Дар доираи Барномаи давлатии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023» аз тарафи идораҳои зертобеи агентӣ ба маблағи 7,1 миллион сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонда, ҳолати 8586 гектар замини обии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар гардид. 468 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд. Ҷиҳати барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосии агентӣ 1970 гектар заминҳои нав барои кишт омода шуданд.
Дар назди агентӣ ба маблағи умумии беш аз 95 миллион доллари ИМА лоиҳаҳои инвеститсионии «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар» (марҳилаи 3), «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ», «Лоиҳа оид ба мустаҳкам кардани инфрасохтори муҳим, ҷиҳати таъмини устувори зидди хатарҳои табиӣ», «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунию идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон (2018 - 2020)» татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи онҳо обёрӣ, таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори соҳа мебошад.
Дар баробари пешрафт дар фаъолияти агентӣ ва сохторҳои он баъзе мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки рафъи онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд. Норасоии имкониятҳои молиявӣ ба раванди сари вақт обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида монеа пеш меорад. Ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷрои барномаҳои давлатӣ, нокифоя будани онҳо ҷиҳати нигаҳдошти садҳову обгардонҳо, иншооти фарсудаю корношоями зидди обхезӣ, норасоии техникаву механизмҳои муосири заминкан ва сари вақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Бо сабаби пурра пардохт нашудани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи баъзе хоҷагиҳои кишоварзӣ ва обистифодабарандагон бақияи қарзи онҳо соли сипаришуда 14,2 миллион сомонӣ ва бо назардошти солҳои пешӣ 135,3 миллион сомониро ташкил дод. Ин ҳолат боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ ва андозҳо, гардидааст. Ҳаҷми қарзҳои кредиторӣ ба беш аз 310 миллион сомонӣ расидааст.
Бо мақсади рӯёндани маблағи қарз ба мақомоти суди иқтисодӣ ва прокуратура ба маблағи 28,56 миллион сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, 6,5 миллион сомонӣ рӯёнда шуд. Ҳаллу фасли маблағҳои қарзи боқимонда, ки 17,2 миллион сомониро ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дорад.
- Барои беҳбудии кори соҳа, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, инчунин, ҷудо намудани маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ ҷиҳати беҳбудии ҳолати мелиоративии заминҳо чораҷӯӣ намоянд, - гуфт директори агентӣ.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2020 №: 44 Мутолиа карданд: 813