logo

маориф

ИНТИХОБИ КАСБ ЧӢ ҚАДАР МУҲИМ АСТ?

Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари ободии рустоҳо ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, ба эҳё гардидани ҳунарҳои мардумии ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта замина гузошта, дар дили наврасон нисбат ба касбу ҳунар завқ меафзояд.

Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба фанни технология дар муассисаҳои таълимӣ афзуда, талабот ҷиддӣ гардид. Ҳоло мо – омӯзгорони фанни технология муваззаф ҳастем, ки дар баробари иҷрои нақшаи таълим, ҳамзамон, вижагиҳои касбу ҳунар, таърих ва аҳамияти онҳоро ба насли наврас фаҳмонем.
Равшан аст, ки мардуми тоҷик аз қадим ба ҳунармандӣ, аз ҷумла ба кулолӣ, гаҷкорӣ, чӯбкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва амсоли инҳо, шуғл доштанд ва онҳоро аз насл ба насл мерос гузоштаанд. Барои мисол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон устоҳои моҳири чӯбтароше ҳастанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ҳунару фарҳанги миллиро муаррифӣ мекунанд.
Яке аз вижагиҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бартарият додан ба омӯзишу касбу ҳунар аст. Дар Паём Сарвари давлат чунин таъкид карданд: «Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18 - сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».
Пешвои миллат вазъро дар ин самт таҳлил карда, супориш доданд, ки барномаи касбомӯзии шаҳрвандони кишвар барои солҳои 2020 - 2025 таҳия шавад ва масъулон ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муваззаф гардид, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Вижагии фанни технология дар он аст, ки омӯзгор бояд дар ҷараёни дарс аҳамияти интихоби дурусти касбу ҳунарро ба хонандагон фаҳмонад, то иштибоҳи кӯчак дар оянда таъсири манфии худро ба пешбурди ҷомеа нарасонад. Зеро асоси донишомӯзӣ аз интихоби дуруст оғоз меёбад. Мо дар таҷриба бисёр дидаем касонеро, ки бо даъват, пешниҳод ё иҷборан ба омӯхтани ин ё он касб рафта, муваффақ нашудаанд. Ё бо пушаймонӣ касбу ихтисоси худро тарк карданд.
Ин раванд ҳанӯз ҳам дар донишгоҳу донишкадаҳо ё муассисаҳои касбомӯзӣ идома дорад. Бисёр донишҷӯён ба моҳияти касб ё ихтисоси интихобкардаи худ сарфаҳм нарафта, аз хониш зуд дилгир мешаванд.
Аз ин сабаб, мо, омӯзгорон ва падару модарон ба фарзандон дар интихоби касб мадад намоем, айни муддао мебуд.

Малоҳат ҲАЙДАРОВА, омӯзгори МТМУ № 54, ба номи Лоиқ Шералӣ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2020    №: 44    Мутолиа карданд: 2958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед